Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 11-уми октябр дар Тоҷикистон эълон шуд. Бино ба қарори Кумисюни марказии интихобот, Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба чаҳор номзади дигар раъйи бештар ба даст овардааст ва ҳафт соли дигар дар мансаби худ хоҳад монд.
Аммо дар бораи онки интихобот то куҷо воқеӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ гузашт, шубҳаҳо боқист. Барои баҳси ин мавзуъ ин дафъа ба барномаи “Гапи Озод” сиёсатшинос Сайфулло Сафаров ва рӯзноманигору таҳлилгар Раҷаби Мирзоро даъват кардем.
- Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда бо чӣ чолишҳое рӯ ба рӯ хоҳад шуд?
- Номзадҳои, ба истилоҳ, “рақиб” пас аз эълони натиҷаҳо гуфтанд, ки бо ончи гузашт, розиянд ва аз барномаҳои раиси ҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунанд. Ин чӣ маъно дорад?
- Чаҳор ҳизб барои пешбарии номзади худ (ҳар кадом) беш аз 250-ҳазорӣ имзо ҷамъ оварданд. Вале натиҷаҳои интихобот нишон дод, ки аз 40 ҳазор то беш аз 90 ҳазор овоз гирифтаанд. Ин фарқ баёнгари чист?
- Муносибати нозирони миллӣ ва байнулмилалӣ ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон то куҷо ҷиддӣ буд?
- Тоҷикистон барои баргузории як интихоботи беҳтар чӣ кор кунад?
Барномаи “Гапи Озод”-ро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барномаҳои гузаштаро дар инҷо бинед:
Баҳси Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ. Чаро мухолифон муттаҳид нестанд? ВИДЕО"Гапи Озод": Чаро дар Тоҷикистон занҳо президент намешаванд? ВИДЕО"Гапи Озод": Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар? ВИДЕО"Гапи озод": Бухоро. Сад сол пеш. Инқилоб ё ишғол? ВИДЕОГапи Озод: Дар Тоҷикистон ғами ҷавононро мехӯранд, ё не? ВИДЕОГапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не? ВИДЕО