Тоҷикистон барои фурӯши барқ ба Афғонистон қарордод имзо кард

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои фурӯхтани барқ ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кардааст. Дар ин бора масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон рӯзи 25-уми ноябр хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, қарордод аз ҷониби Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, мудири ширкати “Брешно” дар Туркия имзо шудааст. Ҷузъиёти созишнома дастрас нест.

Ширкати "Барқи тоҷик" дар ин бора ягон шарҳ надод ва маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва бо чӣ нарх.

Қарордоди нави интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки Душанбе бо “Толибон”, ҳокимони нави Кобул, робитаи дипломатӣ надорад. Гузашта аз ин, мардум ин шабу рӯз дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд.

Мақомот ҳамеша мушкилро ба душвории фаннӣ ё камбуди об рабт додаанд. Сокинон мепурсанд, чӣ гуна Тоҷикистон барои интиқол ба Афғонистону Узбекистон барқ дорад, аммо барои истифодаи мардум дар дохил не.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Барқи Тоҷик аз "лимит" ва "зимистони бисёр сарду тӯлонӣ" хабар дод"Каме инсоф кунед". Вокунишҳо ба "лимит"-и барқ дар ТоҷикистонПурсиш аз мардум: "Лимит"-и барқ бароятон чӣ мушкилӣ пеш меорад?Чаро Тоҷикистон бо камбуди нерӯи барқ гирифтор шудааст?Бозгашт ба "усули бобоӣ". Сокинон дар Тоҷикистон роҳи наҷот аз сардиро меҷӯянд