Ашраф Гулов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва писари вазири собиқи энержӣ мақомаш дар Кумитаи андозро иваз карда, раҳбари бахши аудити ин кумита таъин шудааст.
Дафтари матбуоти Кумитаи андоз рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ашраф Гулов, ки се соли охир дар мақоми раиси раёсати андозсупорандагони бузурги Кумитаи андози Тоҷикистон кор мекард, рӯзи 17 март раҳбари раёсати аудити дохилии ин кумита таъин шуд. Дафтари матбуоти Кумитаи анедоз мегӯяд, таъиноти Гулов ба мақоми нав тибқи ротатсия сурат гирифтааст. Хабаргузории Тjinform дар ҳамин ҳол хабар дод, ки ба ҷои Ашраф Гулов Бахтиёр Муҳаммадҷоновро раҳбари раёсатии андозсупорандаҳои бузург таъин кардаанд.
Ашраф Гулов, писари вазири собиқи энерживу саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул ба духтари панҷуми раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон – Парвина Раҳмонова - издивоҷ кардааст. Ӯ аз соли 2011 раҳбарии бахши андозсупорандаҳои бузурги Кумитаи андозро бар ӯҳда дошт. Хабаргузории Тjinform менависад, раёсати андозсупорандаҳои бузург соли 1998 ба хотири назорат бар ҷараёни андозсупории корхонаҳо ва ширкатҳои бузург таъсис ёфта буд.
Манобеи Озодӣ Ашраф Гуловро як нафари ба сурати умум хоксору нарм, вале дар кори худ балад ва сахтгир муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ӯ бо истифода аз нуфузе ки ба ҳайси як нафари наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур дошт, метавонист ба корхонаҳои бузург фишор оварда, андози давлатро аз онҳо биситонад. Манобеи огоҳ ба бахши аудити дохилӣ рафтани Ашраф Гуловро "як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо" дар карйераи ӯ мешуморанд, чунки ба гуфтаи онҳо, ин раёсат ҳамсанги раёсати андозсупорандаҳои бузург нест. “Вале боз ҳам нуфузи ҳар раёсат ба шахси раҳбараш сахт бастагӣ дорад,” – гуфт як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе.
Интисоби Ашраф Гулов ба мақоми нав дар Кумитаи андоз дар ҳоле эълон мешавад, ки дар матбуот ва маҳофили Тоҷикистон дар ин авохир сӯҳбат дар бораи ҳузури зиёди фарзандону домодҳову қудоҳо ва хешутабори дигари раиси ин ҷумҳурӣ беш аз пеш матраҳ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон 7 духтар ва 2 писар дорад. Писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ дар поёни соли 2013 раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Духтари калонии перезидент Озода Раҳмонова муовини вазири хориҷа ва шавҳари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молияанд.
Домоди дигари президент Муҳаммадзоир Соҳибов то 2 соли пеш раиси Оҷонсии амволи махсус ва харидҳои давлатӣ буд ва ҳоло аз нафарони пештоз дар майдони тиҷорати кишвар ба шумор меояд. Домоди дигари ӯ Шамсулло Соҳибов дар робита ба “Фароз” ва “Тоҷирон” – ду ширкати пешгом дар бозори фурӯши маводи сӯхт - ва “Автосантал”, як ширкати раддаи аввал дар бозори мактабҳои ронандагии Тоҷикистон вирди забонҳо шудааст. Бародари Муҳаммадзоҳир - Зайнулло Соҳибов - 4 моҳ пеш раҳбари "Сементи Тоҷик", бузургтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе таъин шуд.
Ҳамин тавр, Ҳасани Асадуллоҳзода, додарарӯси президент раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта, як додарарӯси дигари оқои Раҳмон - Амонуллоҳ Саъдуллоев соли гузашта раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи Тоҷик" ва додарарӯси дигараш Амирулло Холов моҳе пеш шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуданд.
Худи
ва қудои дигари Эмомалӣ Раҳмон – Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар поёни соли 2013 ва аввали соли 2014 аз мақомҳои муҳими вазири энержӣ ва раиси ширкати роҳи оҳан ба сабаби "ба нафақа рафтан" барканор шуданд.
Мунтақидон мегӯянд, дар асл ин намояндагони насли қадими наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур ҷоро барои насли нав холӣ карданд ва аз рафтани онҳо мизони ҳузури хешутабори президент дар мақомҳои баланд кам нашудааст. Аммо тарафдорони давлат мегӯянд, дар натиҷаи силсилаи тағйироти ахири кадрӣ зоҳиран насли наву ҷавонтаре батадриҷ рӯи кор меояд, ки ба сурати умум ва сарфи назар аз наздик будан ё набудани онҳо ба хонаводаи раисиҷумҳур, аз тамоюли ҷавонгароӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дарак медиҳад, ки ба сари худ як падидаи мусбат аст.