Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори нави Қӯрғонтеппа - ҳоҷӣ, шоир ва додарарӯси президент


Амирулло Холов
Амирулло Холов

Додарарӯси президенти Тоҷикистон шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шудааст. Амирулло Холов дар ин мақом Самӣ Шарифро иваз кард.

Манобеъи Озодӣ дар Қӯрғонтеппа мегӯянд, Амирулло Холов ҳанӯз рӯзи 21 феврал аз сӯи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ба ҳайати кормандони шаҳрдории Қӯрғонтеппа ба ҳайси шаҳрдори ҷадид маркази маъмурии ин вилоят муаррифӣ шудааст.

Ӯ дар ин симат Самӣ Шарифро, ки ҳамон рӯз баъди 4 соли раҳбарии Қӯрғонтеппа бо фармони дигари раисиҷумҳур директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун таъйин шуд, иваз мекунад. Аммо ба фарқ аз тағйироти дигари кадрии рӯзи 21 феврал фармони расмии таъин шудани Амирулло Холов ба шаҳрдории Қӯрғонтеппа то ҳол дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва хабаргузории давлатии “Ховар” нашр нашудааст.

Клани Чапаев

Амирулло Холов то рӯзи 21 феврал дар мақоми раиси ноҳияи Румии вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. Ӯ аз намояндагони клани маъруф ба клани Чапаев – минтақае дар ноҳияи Румӣ (Колхозободи собиқ) ва зодгоҳи ҳамсари президент Азизамоҳ Раҳмонова аст, ки дар солҳои охир дар арши сиёсии Тоҷикистон аз нуфузи фавқулодае бархӯрдор шудаанд.

Амирулло Холов - шаҳрдори нави Қӯрғонтеппа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим

Амирулло Холов
Амирулло Холов
Дар бораи Амирулло Холов, ки 6 июни соли 1969 ба дунё омадааст, маълумоти зиёде дастрас нест, ба ҷуз аз як фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 11 майи соли 2012 бо ин мазмун ки: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Холов Амирулло Саъдуллоевич иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ш.Душанбе 11 майи соли 2012 №1277.”

Аммо як ҳамсӯҳбати мо дар Қӯрғонтеппа, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат кард, гуфт, Амирулло Холов бародари хурдии Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” аст, ки то расиданаш ба мақоми раиси ноҳияи Румӣ раҳбарии корпоратсияи тиҷориии “Рушди Хатлон”, яке аз ширкатҳои бузурги фаъол дар майдони тиҷорати ҷануби Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Амирулло Холов сафари Ҳаҷ кардаву ҳоҷӣ аст ва сухандон ва шоир ҳам буда, то имрӯз чанд маҷмӯаи ашъораш чоп шудааст.

Ҳайкали Румӣ ба ҷои Ленин

Ҳайкали Румӣ дар маркази ноҳияи Румӣ
Ҳайкали Румӣ дар маркази ноҳияи Румӣ
​Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, Амирулло Холов дар замони раиси ноҳияи Румӣ буданаш посухҳои худ ба суолҳои хабарнигоронро маъмулан бо ягон байт ё бо истифода аз санъатҳои адабӣ оғоз мекард ва дар зери ҷомаи суханпардозиҳо аз посух ба суолҳои мушкил мегурехт. Аммо онҳо эътироф мекунанд, ки дар аҳди ӯ ҳадди ақал симои маркази ноҳияи Румӣ хеле дигар шуд ва аз ҷумла кандани ҳайкали Ленин ва гузоштани муҷассамаи Ҷалолиддини Румӣ дар маркази ин ноҳия низ маҳз дар замони раёсати Амирулло Холов рух додааст.

Амирулло Холов, инак, сеюмин бародари ҳамсари президенти Тоҷикистон аст, ки ба мансаби баланди давлатӣ менишинад. Бародари дигари ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раиси “Ориёнбонк” – бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон буда, бародари дигараш Амонулло Саъдуллоев моҳи июни соли 2013 раҳбари бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” таъин шуд.

Рақобати "Фаровон" бо "Ҳоҷӣ Шариф"

Бародари дигари онҳо Хайрулло Холов назорати бозори “Фаровон” – яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппаро бар ӯҳда дорад. Исми ин бозор моҳи апрели соли 2013 дар пайи як сӯхтори бузург дар ин бозор вирди забони матбуот шуд. Дар ин сӯхтор, ки тақрибан 12 соат давом кард, ҳудуди 80 дӯкон ба коми оташ рафта, бино ба ҳисобҳо, ба тоҷиронаш ба маблағи 830 000 сомонӣ, муодили тақрибан 170 000 доллар зиён овард. Он замон гумонҳое ҳам матраҳ буд, ки сӯхтор дар бозори “Фаровон” шояд амдан бошад, вале тафтишоти расмӣ бар ин фарзия бартарӣ медод, ки сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва истифодаи нодурусти асбоби барқӣ дар яке аз дӯконҳо рух додааст.


Бозори "Фаровон" баъди сӯхтор
Бозори "Фаровон" баъди сӯхтор
Ва аммо расидани Амирулло Холов ба мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппаро бисёриҳо натиҷаи пирӯзии гурӯҳи Асадуллоҳзодаҳо бар гурӯҳи Соҳибовҳо, ки ду домоди президент – Муҳаммадзоир ва Шамсулло Соҳибовҳо – аз ҳамин хонавода намояндагӣ мекунанд, медонанд. Чанд сол боз рақобат дар Қӯрғонтеппа асосан байни бозори “Фаровон”-и Асадуллоҳзодаҳо ва бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и марбут ба Муҳаммадзоир Соҳибов идома дошт ва мақомоти шаҳру вилоят ба истилоҳ гаравгони ҳамешагии рақобати байни ин ду гурӯҳи мутанаффиз будаанд. Раиси қаблии Қӯрғонтеппа Самӣ Шариф, ки ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар ин сабқат бештар аз Соҳибовҳо пуштибонӣ мекард, акнун баҳои пуштибониашро бо тарки ин мақом ва рафтан ба мансаби пойинтари директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун пардохт.

Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳеҷ куҷои дигари Тоҷикистон рақобати байни гурӯҳҳои тиҷории наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур ин қадар шадид нест, ки дар зодгоҳи президент –Данғара – ва дар Қӯрғонтеппа. Ин ҳолат мақомоти маҳаллиро дар ҳалли баҳсҳое ки байни ин гурӯҳҳо пеш меояд, бечора гардондааст.

Аммо Абӯбакри Файзалӣ, хабарнигори муқими Қӯрғонтеппа ба Озодӣ гуфт, ба фарқ аз Самӣ Шариф, Амирулло Холов, ки мустақиман намояндаи яке аз гурӯҳҳои наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аст, метавонад ба сурати фаъолтар дар ҳалли чунин баҳсҳои тунд дастбакор шавад. Ба ақидаи Абӯбакри Файзалӣ: “Ман фикр мекунам, ки ҳоҷӣ Амирулло Холов метавонад шаҳрро ба по хезонад, чун бевосита нафаре аст, ки ақалан ба хотири обрӯяш шуда, ақрабояш, ки дар ин шаҳр корхонаву муассисоти маишиву хидматгузорӣ, аз қабили мағозаву тарабхона, меҳмонхонаву бозорҳоро дар ихтиёр доранд, барои вуруди бештари маблағҳои андоз ба буҷаи шаҳр мусоидат намоянд. Дар шаҳр 2 бозори калонтарин якеаш ба бародари Амирулло Холов Хайрулло Холов ва дигараш бозори машҳури Ҳоҷӣ Шариф, ба домоди президент Зоир Соҳибов мутаалиқ аст, ки барои роҳбарони пешин ҳатто наздик шудан ва дархости пардохти маблағи андоз, барқ, об ва дигар хидмтагузориҳо, ки бевосита ба буҷаи шаҳр мерафтанд ва барои ободонӣ масраф мешуданд, кардан хеле мушкил буд ва на ҳар кас ин гуна ғайратро дошт. Акнун ин нафарон шояд ба хотири болорафти имиҷи Амирулло Холов мусоидат кунанд ва ба ин хотир шаҳр ҳам обод мешавад, ва фикр мекунам раиси шаҳр таин шудани Холов охири кор нест ва ин як зина дар карйера боло рафтани уст. Аз ин рӯ, ӯ ҳама корро мекунад, то ақрабояш аз ӯ даст бигиранд ва шаҳрро обод созад.”

Мероси Самӣ Шарифи "коргарак"

Самӣ Шариф
Самӣ Шариф
Самӣ Шариф аз январи соли 2010 тайи 4 сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд Таҳияи генплан ё нақшаи умумии рушди шаҳр, ду маротиба васеъ кардани ҳудуди маркази вилоят аз ҳисоби заминҳои навоҳии Бохтару Вахш, ба кор андохтани “Ресанда” – бузургтарин корхона дар Қӯрғонтеппаи кунунӣ, ҷалби 5 миллион доллари Бонки аврупоии рушд ва тавсиа барои тармими қубурҳои обро аз натиҷаҳои мусбати шаҳрдории Самӣ Шариф мешуморанд. Аммо ба гуфтаи хабарнигорони маҳаллӣ, Самӣ Шариф як технократ буд, ки одоби рафтор дар саҳнаи сиёсиро ҳеҷ наомӯхт ва дар ин 4 сол натавонист худро ба матбуот ширин кунад, балки баракс посухҳои тунду дарафтоданҳояш бо хабарнигорон боис шуд, ки матбуот нисбат ба ӯ мавзеъи интиқодиеро дунбол кунад. Аз тарафи дигар, ситораи Самӣ Шариф бо раиси вақти вилоят Ғайбулло Афзал низ ҳеҷ рост наомад ва ӯ пайваста ба хабарнигорон шикоят мекард, ки дар 4 соли раисиаш ҳеҷ ба ҳузури раиси вилоят мушарраф шуда натавонист ва ба маҳзи ӯ Ғайбулло Афзал ба тамоми шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчун ба фарзанди ӯгай муносибат мекунад.

“Самӣ Шариф марди коргарак буд, меҷунбид шабу рӯз, вале забон надошт. Ба фарқ аз ҳоҷӣ Амирулло Холов, ки шоир ҳам ҳаст ва забонаш ба қавле устухон надорад,” – гуфт як хабарнигори маҳаллӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Хешони мансабдори раисиҷумҳур

Э.Раҳмон ба домодаш Ҷ.Нуралиев орден дод. Акс аз сентябри соли 2013
Э.Раҳмон ба домодаш Ҷ.Нуралиев орден дод. Акс аз сентябри соли 2013
Таъйиноти нави Амирулло Холов дар ҳолест ки мавзӯи ҳузури афзояндаи хешу табори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои баланди давлатӣ баъди интихоби дигарбораи ӯ ба ин мақом дар маҳофил ва матбуоти Тоҷикистон аз нав авҷ мегирад. Дар силсилаи тағйироти кадрии ахир ӯ ду қудояш – Шералӣ Гул ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро аз мақомҳои вазири энержӣ ва раиси ширкати роҳи оҳан ҷавоб дод ва тағояш Матлубхон Давлатовро низ аз мақоми муовини сарвазир ба нафақа гусел кард.

Аммо ба дунбол писараш Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумрук, яке аз хешовандони наздикаш Давлаталӣ Саидов муовини сарвазир, домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молия ва Зайнулло Соҳибов – бародари домодаш Муҳаммадзоир Соҳибов – раиси корхонаи “Сементи Тоҷик” таъин шуданд. Ҳамин тавр, тавре гуфтем, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбари “Ориёнбонк” – бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон, додарарӯси дигараш Амонулло Саъдуллоев масъули фурӯши барқ дар "Барқи Тоҷик" ва духтараш Озода Раҳмонова муовини вазири хориҷаи Тоҷикистонанд.

Манобеъи Озодӣ мегӯянд, ибтидо ҳатто гап-гап буд, ки Амирулло Холов шояд ба ҷои Ғайбулло Афзал якбора раиси вилоят шавад, вале дар ниҳоят чунин риск накарданд ва парвози ӯ ба арши сиёсиро , ки аз симати раиси ноҳияи Румӣ оғоз шуд, бо мансаби шаҳрдори Қӯрғонтеппа идома доданд. Абӯбакри Файзалӣ ҳам мӯътақид аст, ки ин мақом нуқтаи охир дар карйераи ҳоҷӣ Амирулло Холов нест, балки танҳо як саҳифаи навбатист.
XS
SM
MD
LG