Пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва баста шудани роҳҳо, табодули молу коло миёни ин ду кишвар 11 маротиба коҳиш ёфтааст.
Пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва баста шудани роҳҳо, табодули молу коло миёни ин ду кишвар 11 маротиба коҳиш ёфтааст. Дар моҳи январи соли 2013 аз тариқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ ба маблағи 1 миллион доллар мол гузаштааст. Моҳи январи соли 2012 ин рақам 11 миллион доллар буд.
Мақомоти гумруки Тоҷикистон дар ҳоле аз 11 маротиба коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 6 март, пас аз қариб 2 моҳи баста будани марз, ахиран аввалин корвони мошинҳо аз он убур кард ва вориди Тоҷикистон шуд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ин мошинҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар пайи як созиши марбут ба интиқоли таҷҳизоти Маркази гармидиҳии Душанбе - 2 аз Чин ба Тоҷикистон ворид шуданд.
Аловиддин Қаландаров, як масъули бахши иттилоотӣ фаврӣ дар вазорати нақлиёт гуфт: "Ҳудуди 22 комюни борбар, ки шомили таҷҳизот барои Маркази гармидиҳии Душанбе - 2 ё ТЕЦ буданд, шоми дирӯз тариқи гузаргоҳи "Қарамиқ" - "Гулистон" аз марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳамчунин аз марзи Тоҷикистон ба тарафи Қирғизистон 12 мошини борбар ва сабукрав низ тариқи ин гузаргоҳҳо интиқол ёфтаанд.»
Ба гуфтаи масъулони вазорати нақлиёт, дар пайи муноқиша дар таърихи 11 январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, ва баста шудани марз, танҳо мошинҳои марбут ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, иҷозаи убури марзро доштанд.
Аммо ворид шудани нахустин корвони мошинҳо, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳанӯз ба маънии куллан боз шудани марз нест ва мақомот ҳам дар ин бора феълан чизе намегӯянд. Ин ҳам дар ҳоле ки садҳо соҳибкори тоҷик имрӯз бесаброна интизори хабари боз шудани марзанд.
Мавлуда Алимардонова, як тоҷири бозори Корвон, ки 15 сол боз аз Бишкек бор меовард, мегӯяд, бо пеш омадани мушкил дар марз, ӯ маҷбур шудааст бо 50 дар сад харҷи бештар рӯ ба Туркия ва Хитой ё Чин орад. Ӯ меафзояд: «Вазъ мушкил, шуд. Аз Бишкек борҳо дар як рӯз меомад, ҳоло мо бо дигар роҳҳо ба Туркия ва Хитой меравем ва ин борҳо дар муддати як- якуним моҳ мерасад. Роҳкиро ҳам ба Туркияву Хитой гарон шуду хароҷоти мо ҳам зиёд. Ва ин дар нарху наво бетаъсир намондааст. »
Иқтисоддонҳо мегӯянд, таъсири баста будани марзи Қирғизистон ба бозор ҳанӯз зиёд эҳсос нашудааст, зеро тоҷирон ҳанӯз ҳам бо фурӯхтани молу колои аз қабл воридкардаи худ машғуланд. Ба бовари онҳо, асароти марзбандӣ он вақт маҳсустар мешавад, ки ин захираи борҳо тамом шавад.
Аммо Баҳриннисо, тоҷири дигари бозори «Корвон» ки низ асосан аз Бишкек бор меовард, мегӯяд, марзбандӣ алакай ба бозор таъсир кардааст: «Махсусан мавсими баҳор ва дар арафаи иду ҷашнҳо мо бори наву бештар меовардем, харидор ҳам зиёд мешуд, вале ин мавсим вазъ дигар шуд. Ҳоло харидорон меоянд, мебинанд, ки моли нав нест, мераванд. Корамон хуб нест, ин ҳам дар ҳоле ки мо бояд маблағи иҷораву чеки бозорро диҳем ва хароҷоти зиёд дорем.»
Ба қавли ин мусоҳиби мо, ҳоло гурӯҳе аз соҳибкорон барои кам кардани хароҷот ва берун шудан аз вазъ, байни худ машварат кардаву як нафарро барои бор ба Туркия равон мекунанд. Бархе соҳибкорон мегӯянд , роҳҳои қочоқии ворид кардани молу коло аз Бишкек ба Тоҷикистон низ вуҷуд дорад, вале маблағи зиёд талаб мекунад ва хатарнок ҳам ҳаст.
Тоҷирон нохушнуданд, ки дар гуфтугӯи рӯзи 3 марти ҳайатҳои ду кишвар, масъалаи пурра боз шудани марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли худро наёфт ва аз он нигаронанд, ки идомаи вазъ боиси боло рафтани нархҳо мегардад.
Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баъд аз тирпаронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд баст. Бо вуҷуди қариб ду моҳи музокирот то ҳол тарафҳо роҳҳои ҳалли танишҳоро пайдо накардаанд ва марзи Қирғизистон – дар гузашта як алтернативаи умдаи иқтисоди аз марзбандиҳои Узбакистон захмӣ – то ҳол баста боқӣ мемонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад