Нишасти ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли як танишҳои марзӣ, бо имзои як протокол ба поён расид. Намояндагони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди анҷоми ин даври гуфтугӯҳо низ аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ варзида, танҳо бо ироаи як иттилоияи хеле хушк иктифо кардаанд. Аммо як узви ҳайати Тоҷикистон бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳимтарин тавофуқи нишасти имрӯза ризоияти Қирғизистон ба дубора боз кардани гузаргоҳҳои марзиаш дар марз бо Тоҷикистон буд.
Қирғизистон баъд аз тирпарронии рӯзи 11 январ гузаргоҳҳояш бо Тоҷикистонро баста буд. Узви ҳайати Тоҷикистон гуфт, тавофуқ шудааст, ки Бишкек баъди ду рӯзи дигар гузаргоҳҳои марзиашро боз мекунад.
Бо ин ҳол, дар иттилоияи расмие, ки баъди анҷоми нишасти Душанбе ба дасти хабарнигорон дода шуд, ба таври хеле хушк дар ин маврид танҳо зикр шудааст, ки "ҳамчунин дар нишаст масъалаи бозкушоии гузаргоҳҳои марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт."
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли манбааш дар ҳукумати Тоҷикистон менависад, дар нишасти Душанбе бар асари масоили асосии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ ба даст наомад, вале ду ҷониб дар мавриди сохтани ду купрук дар минтақаҳои баҳсии марзи Исфараву Бодканд ба тавофуқ расидаанд. Яке аз ин пулҳоро Тоҷикистон ва дувумиро Қирғизистон бояд бисозад. Манбаи "Азия Плюс" гуфтааст, ки даври навбатии музокира дар поёни моҳи март дар Тоҷикистон хоҳад гузашт, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки дар Душанбе ё Исфара.
Дар музокироти Душанбе сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев ширкат дошт. Бишкек Саралаевро баъди тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд "барои машварат" фаро хонда буд. Ҳоло рӯшан нест, ки оё Урмат Саралаев баъди нисбатан одитар шудани равобити Бишкеку Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон хоҳад монд ё боз ба Қриғизистон бармегардад.
Ин иттилоия мегӯяд, ки рӯзи 3 март дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии муовинони сарвазирон Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов доир шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқоти имрӯзаи ҳайатҳои музокиракунанда дар Душанбе, масоили марбут ба сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингарди марзӣ ва ҳамчунин тарҳзи созишнома дар бораи сохтмони муштараки ду купрук баррасӣ шудааст. Бино ба ин иттилоия, "ҳамзамон ба зарурати фаъолтар кардани кори гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати анҷоми раванди ташхис ва аломатгузории марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории ниҳодҳои марзбонӣ, умури дохила ва мақомоти маҳаллӣ ба манзури таҳкими сулҳ ва таъмини субот ва тартибот дар ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар таъкид шудааст."
Гуфта мешавад, дар протоколе ки дар поёни нишасти Душанбе имзо шуд, "вазифаҳои баъдӣ барои гурӯҳҳои корӣ ва ниҳодҳои зисалоҳи ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои тавофуқоти қаблан бадастомада зикр шудааст."
Ҷ.Сангинов: "Сӯҳбат аз натоиҷи музокирот ҳанӯз барвақт аст"
Қаблан як узви ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба ҳалли масоили марзӣ ба Озодӣ гуфт, ки сӯҳбат дар бораи натоиҷи музокироти ҷонибҳо ҳанӯз барвақт аст.Ҷумъабой Сангинов, узви ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон ва муовини аввали раиси вилояти Суғд рӯзи 3-юми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар бораи натоиҷи музокироти ду ҷониб сӯҳбат кардан бармаҳал аст, аммо гуфт, ки гуфтушунид дар фазои хуб ва ҳамдигарфаҳмӣ идома дорад.
Оқои Сангинов афзуд, ки масоили матраҳшудаи қаблӣ дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор доранд ва тамоми ҳайати Қирғизистон, ба шумули сафири он кишвар дар Тоҷикистон низ дар музокирот ҳузур доранд. Ҷумъабой Сангинов аз посух ба ин пурсиш, ки гуфтугӯ имрӯз ба поён хоҳад расид ва ё барои рӯзҳои дигар мавқуф гузошта хоҳад шуд, кӯтоҳ посух дод, ки «гуфтан мушкил.»
Даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон роҷеъ ба роҳҳои ҳалли таниши бархоста баъд аз тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи ин ду кишвар, имрӯз, 3-юми март дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Ин мулоқот дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷараён дорад ва ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон ва ҷониби Қирғизистонро ҳамтои ӯ Тоқон Мамитов раҳбарӣ мекунанд. Дар ҷаласаи навбатии кумиссиюни марзӣ сафирони Бишкек дар Душанбеву сафири Душанбе дар Бишкек ва раҳбарони ҳарсе кумиссюни корие, ки ба хотири таҳқиқи тирпарронии рӯзи 11 январ ва таҳияи роҳҳои ҳалли таниш таъсис ёфтаанд, ширкат доранд.
Аз ҷониби Тоҷикистон раҳбари гурӯҳи корӣ дар масоили низомиву марзиро вазири собиқи дифоъ ва ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амниятӣ Шералӣ Хайруллоев таъйин шуда, гурӯҳи корӣ роҷеъ ба таъйин ва аломатгузории марзҳоро аз тарафи Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи заминҳо ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров раҳбарӣ мекунад. Гурӯҳи сеюми махсуси масоили истифодаи роҳҳои наздимарзиро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёт Хайрулло Асоев раҳбарӣ мекунад.
Равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи марзбонҳо дар канори рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой дар таърихи 11 январ, ки ба тирпарронӣ печид, ба сардӣ гароидааст. Дар ин низоъ бар сари шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар роҳи Кӯктош –Оқсой –Тамдиқ, ки ба бовари Қирғизистон , дар қаламрави ин кишвар сохта мешавад, вале ҷониби Тоҷикистон ин минтақаро баҳсӣ меномад, 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонда, дар ин як моҳ 4 маротиба ба Тоҷикистон нотаи расмӣ фиристод.
Ҷонибҳо дар ин наздики ду моҳе ки аз тирпарронӣ мегузарад, ба хотири хатми танишҳо чанд даври музокирот барпо карданд. Дар натиҷа шиддат дар марзи Исфараву Бодканд як андоза фурӯ нишаст ва гашти патрулҳои муштараки пулис дар нуқтаҳои доғи ин қисмати марз ҳам оғоз шуд, вале марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо қарори Бишкек ҳамоно баста боқӣ мемонад.
Ду нишасти охири кумиссиюни ҳамкориҳои марзии Тоҷикистон рӯзҳои 31 январ ва 13-14 феврал дар Бишкек доир шуда буд. Ин се гурӯҳи корӣ баъди нишасти 31 январ таъсис ёфта, ба таҳқииқи тирпарронии 11 январ дар канори рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой пардохта буданд. Натоиҷи таҳқиқи онҳо дар музокироти рӯзи 17 феврал дар осоишгоҳи “Ало-Арча” дар канори Бишкек баррасӣ шуд. Дар бораи кадом натоиҷи мушаххаси ин даври музокирот дар матбуот хабаре нашр нашудааст.
Тоқон Мамитов, раҳбари ҳайати Қирғизистон баъд аз анҷоми музокирот ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ танҳо чанд хулосаи умумии ин нишастро бозгӯ кард ва аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ варзид: “Мо бояд тамоми талошамонро ба харҷ диҳем, ки вазъ дар марз мӯътадил шавад ва ба ҳеҷ сурат ба сар задани низои мусаллаҳонаи марзӣ роҳ надиҳанд. Мо бори дигар ӯҳдадор шудем, ки ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро таҳдиду шантаж ва амалҳои таҳрикомезро раво намебинем ва ҳамеша роҳи музокираро ҷӯё хоҳем шуд. Ҳама гуна масоили марзиро ӯҳдадор шудем, ки танҳо бо роҳи дипломатӣ, сиёсӣ ва музокира ҳал кунем.”
Қаблан манобеи Озодӣ гуфта буданд, ки бино ба хулосаи муқаддамотии гурӯҳҳои корӣ, тирпарронии рӯзи 11 январ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст, на дар қаламрави Қирғизистон, ки мақомоти қирғиз иддао мекарданд. Аммо ҷониби Қирғизистон то кунун ин иддаоро тасдиқ ё рад накардааст ва ҳам маълум нест, ки оё дар нишасти Бишкек баҳси ин мавзӯъ чӣ натиҷа овард?
Як порча замин то Ворух
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин иддао дошт, ки ба хотири аз ҳолати анклав ё ҷазирақаламрав баровардани ҷамоати Ворух ба ҷониби Қирғизистон дар ивази ризоияташ ба сохтмони роҳи баҳсии Кӯктош – Оқсой –Тамдиқ ва замини дигар як пораи борики 4,5 километрии заминеро хостааст, ки Ворухро бо рустои Хоҷаи Аъло ва ҳамин тавр, бо боқӣ қаламрави Тоҷикистон бипайвандад. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, чунин пешниҳоде матраҳ нест ва ба гуфтаи Тоқон Мамитов, ҳатто агар матраҳ шавад, аз сӯи Бишкек пазируфта нахоҳад шуд.
Вале як манбаи Озодӣ мегӯяд, итн пешниҳод то ҳол дар дастури кор ҳаст ва зоҳиран дар нишасти рӯзи 3 март дар Душанбе дигарбора матраҳ хоҳад шуд. Ворух бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст. Аммо сокинони Ворух ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ин ҳолати Ворух натиҷаи дасткориҳои солҳои Шӯравӣ дар марзсозист, зеро дар харитаи соли 1924 ҷамоати Ворух бо боқӣ қаламрави Тоҷикистон пайваст буда, анклав набудааст. Ҷониби Тоҷикистон дар музокироти марзиаш бо Қирғизистон ба ҳамин харитаи соли 1924 такя мекунад, вале ҷониби Қирғизистон - ба харитаҳое, ки дар натиҷаи марзсозиҳои миёнаҳои солҳои 50 ва поёни солҳои 80 таҳия шудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ, ки ба фарқ аз кишварҳои поёноб аз мнобеи нафту газ маҳру буда, дар бисёре аз масоили доғи минтақа, аз ҷумла шеваҳои тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо, назари ҳамсон доштанд, дар ин авоихр ба далели масоили ҳаллношудаи марзӣ вориди танишҳои ҳарчӣ амиқтар мешаванд. Тоҷикистону Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Гузашта аз ин, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такяи Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 боис шудааст, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир дар раванди аломатгузории марз ягон километр дигар пеш нарафтаанд.