Вазъи корхонаи алюминсозии Тоҷикистон, ТАЛКО, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, тақрибан 50-километрии ғарби Душанбе, мояи нигаронии раҳбарони аввали кишвар ва як мавзӯъи асосии нишасти ахири ҳукумат шудааст.
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода рӯзи 17 декабр дар суҳбат ба радиои Озодӣ дар робита ба вазъи ТАЛКО - бузургтарин корхонаи Тоҷикистон гуфт, ки воқеан рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ боиси нигаронии ҳукумати Тоҷикистон шудааст. Шариф Раҳимзода вазъи феълии ТАЛКО-ро шарҳ дода гуфт, ки нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба таври назаррас поён рафта, ҳатто баъзе ширкатҳои бузурги истеҳсоли алюминий фаъолияти худро боздоштаанд. Аз ин рӯ, вазифаи аслии ниҳодҳои масъули Тоҷикистон дарёфти маблағест, ки ин корхона тавоноии худро ҳифз кунад.
«Дирӯз ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон ки бо раҳбарии президент сурат гирифт, ман ҳам ширкат доштам ва роҳҳои дарёфти маблағ барои ТАЛКО-ро баррасӣ кардем. Президент дастур дод, ки барои ҳифзи фаъолияти ин корхона маблағи зарурӣ дарёфт карда шавад,» - афзуд Шариф Раҳимзода.
Вай афзуд, ки маблағ аслан барои интиқоли маводи хом барои истеҳсоли алюминий зарур аст, ки вақте ки дар киштиҳо ва ҷодаҳо маводи хомро интиқол медиҳанд барои овардани он маблағи муайян лозим аст. «Дар ҷаласаи дирӯза бинобар пойин рафтани нархи алюминий ва мушкил пеш омадан дар баробари фаъолияти ТАЛКО воқеан изҳори нигаронӣ карда шуд ва ҳоло мо дар пайи дарёфти маблағ барои ин корхона мебошем,» - афзуд Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбе зимни машварати корӣ бо ҳузури нахуствазир ва муовинҳои ӯ, вазъи молии ТАЛКО баррасӣ кардааст. Аз ҷумла зикр шудааст, ки “ҳоло бар асари буҳрони иқтисодию молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ бисёр корхонаҳои ин соҳа дар кишварҳои зиёд аз кор бозмондаанд.” Аммо дар бораи худи ширкат чизе гуфта нашудааст ва дар хабар омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута дастур додааст, ки барои дастгирии давлатии корхона “чораҳои муассир” биандешанд.
Ҷаноби Раҳимзода гуфт, ки сабаби чунин таваҷҷӯҳи вижа ба ТАЛКО нафақат иқтисодӣ, балки иҷтимоъӣ ҳам ҳаст, чунки дар сурати аз кор боз мондани ин корхона миқдори зиёди шаҳрвандон бекор мемонанд ва аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон тамоми талошашро хоҳад кард, ки кор ба ин ҳад нарасад.
Фаъолияти ширкати аллюминиюми тоҷик ТАЛКО солҳост, ки боиси интиқоди коршиносон ва афроди саршиноси Тоҷикистон аст. Матбуоти тоҷик борҳост, ин мавзӯъро матраҳ мекунад, ки дар ҳоле ки дар фасли сармо аҳолии кишвар аз барқ маҳрум аст, чаро ТАЛКО бахши аъзами нерӯи барқро мегирад ва он ҳам бо нархи ниҳоят арзони 8 дирам.
Аммо бо ин ки ҳукумат тасмим гирифт бар замми ин қадар имтиёзҳо ба ТАЛКО кумаки молӣ расонад, корниносони тоҷик ин мавзӯъро матраҳ мекунанд, ки оё ТАЛКО ба мардуми тоҷик бояд фоида орад ва ё бори гарони ин корхонаро мардум бикашад?
Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, тасмими ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаки молӣ ба корхонаи алюминсозӣ як кори хато аст: «Вақте кор то ҷое расид, ки ҳукумат омода аст ба як сохтори тиҷоратии давлатӣ кумаки молӣ расонад, сараввал бояд роҳбарияти ин корхона иваз шавад. Бояд дар ин корхона тағйироти кадрӣ ба амал оварда шавад ва менеҷменти ғайрикасбиаш иваз шавад.»
Зимнан мушкилоти молии ТАЛКО дар пайи поин рафтани нархи аллюминий дар бозори ҷаҳонӣ ягона мушкили ин ширкат нест. Чанде қабл РусАл - ширкати аллюминсозии Русия гуфта буд, ки додгоҳи ҳакамии Швейтсария ширкати оффшории CDH Investments Corp - коршарики ТАЛКО-ро ба пардохти то 274,3 миллион доллар қарзу ҷаримаҳояш муваззаф кардааст. CDH Investments Corp коршарики ширкати алюмини тоҷик ст ва зоҳиран вазни ҷазои он бар дӯши ин корхона меафтад.
Корхонаи ТАЛКО бузургтарин корхонаи тавлиди алюминий дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказист, вале матбуоти дохилӣ мегӯяд, маҳсулоти ин корхона аз тариқи ширкатҳои миёнарави сарватманде фурӯхта мешавад, ки ба афроди наздик ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд. Ин корхона дар солҳои қабл беш аз 400 000 тонна алюминийи аввалия тавлид мекард, аммо дар соли гузашта ба далели пойин рафтани нархи ин маҳсулот ва ҳам коҳиши интиқоли газ аз сӯи Узбакистон танҳо 272 000 тонна алюминий тавлид кард.
97 дарсади тавлидоти ТАЛКО асосан дар шакли алюминийи аввалия ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад ва дар амал беш аз нисфи содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши фаровардаҳои ҳамин корхона аст. Аммо ТАЛКО ба будҷаи Тоҷикистон солона чизе дар ҳудуди 30 миллион доллар андоз месупорад, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳо,ҳамсанги андози ширкатҳои мобил аст. Ва ин дар ҳолест ки як бахши аъзами нирӯи барқи тавлидкардаи нирӯгоҳи Норак барои таъмини эҳтиёҷоти ТАЛКО мешавад ва ин амр бахусус дар фасли сармо, ки Тоҷикистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯст, боиси норозигии зиёди мардум аз фаъолияти ин корхона мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад