Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молиёти пахтаву алюминий коҳиш ёфт


Кумитаи андози Тоҷикистон мизони андоз аз фурӯши ду маводи аслии содиротии кишварро муайян карда ва то андозае онро коҳиш додааст.

Бар асоси муқарароти ин кумита акнун аз нахи пахта - 10 ва барои алюминиии хом- 3 дарсад молиёт ситонида мешавад.

То ба ҳол тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 молиёт аз фурӯши нахи пахта 23 ва алюминийи аввалия 4 дарсад муқаррар шуда буд.

Пахта ва алюминий аз маҳсулоти стратегии содиротии Тоҷикистон воридоти асъори хориҷӣ ба кишварро таъмин мекунанд.

Аммо ҳоло ба таъкиди мақомот анвои маводи содиротии Тоҷикистон зиёд шуда, кишвар танҳо ба содироти алюминиву пахтаи хом сахт восбата нест.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт: «дигар дар сохтори молҳои содиротии мо ҳисаи пахтаву аллюминий мисли солҳои қаблӣ 70- 80 дарсад нест. Муовфиқи омори охири соли гузашта алюминий ва пахта танҳо ҳудуди 53 дарсади содироти моро ташкил мекунанд. Ин хеле муҳим аст, ки дар сохтори содироти мо маводҳои дигар низ пайдо шуда истодаанд ва аз ин рӯ ҳиссаи пахтаву алюминий дар он кам мешавад тадриҷан».

Панҷ сол қабл пахтаву аллюминий танҳо маҳсулоти содиротии Тоҷикистон буданд, вале чанд соли охир содироти меваи хушк асосан аз шимоли кишвар ба Руссия низ зиёд шуда, ҳиссаи пахтаву аллюминий дар сохтори содирот поин рафт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, нерӯи барқ низ тӯли 3 соли охир ба маҳсули умдаи содиротии Тоҷикистон табдил шудааст.

Бояд гуфт фаъолиятҳои начандон шафофи ширкати алюминиуми Тоҷикистон - «Талко» ва фючеристон, ки пахтаи хоҷагиҳои деҳқониро, мехариданд, ақидаеро халқ карда буд, ки кайҳо ин арсаҳо барои Тоҷикистон стротегӣ нестанд, зеро молиёти ширкатҳои мобилӣ аз молиёти пахтаву аллюминий бамаротиб бештар аст.

Матбуоти Тоҷикистон борҳо ин ақидаро доман задааст, ки беҳтар аст агар ширкати «Талко» ба сармоягузорони хориҷӣ фурӯхта шавад ва дар ин сурат будҷаи давлат аз ин корхона бештар суд хоҳад дид.

Аммо Игор Сатторов, сухангуи ширкати «Талко» мегӯяд, андоз аз фурӯши аллюмин ягона андозе нест, ки аз ин маҳсулотҳои рӯёнда мешавад ва сарбории андоз барои истеҳсоли аллюмний дар Тоҷикистон хеле боло аст: «мардум фикр мекунад, ки мо як пули ночиз андоз месупорем. Аммо ба ғайр аз ин мо чанд намуди андоз дигар месупорем маслан андоз аз разиши иловашуда ва ғайра. Агар ҳисоб кунем мо аз ҳар тонна алюминий аз 150 то 190 доллари амрикоӣ андоз месупорем. Дар ҳоле ки дар Федератсияи Русия маслан аз ҳар тонна алюминий 45-50 доллар андоз ситонида мешавад».

Пахтаи Тоҷикистонро асосан ширкатҳои дохилӣ ба хориҷ мебароранд ва тибқи дастури нави Кумитаи андоз, онҳое, ки пахтаро мефурӯшанд ва ба хориҷ мебаранд, аз рӯи нархи ҳамонрӯзаи он дар Биржаи Ливерпул бояд молиёт супуанд.

Алюминийи Тоҷикистонро ду ширкати хориҷӣ – Glencore – и Шветсария ва Norsk Aluminium – и Норвегия тариқи низоми толлингӣхаридорӣ мекунанд. Онҳо барои коркарди алюминий аз сӯи «Талко» - и Тоҷикистон ба ҳар тона аллюминии тоза 600 доллар пардохт мекунанд.

Коҳиши молиёти бевосита барои нахи пахта ва алюминийи аввалия дар ҳолест, ки қимати ин ду мавод дар бозори ҷаҳонӣ тайи ду соли ахири хеле поён омадааст ва коршиносон мегӯяд ҳукумат агар молиётро поён намебурд, ин ду соҳа ба бахшҳои зараоври иқтисод табдил мешуданд.
XS
SM
MD
LG