Маҳдуд шудани сафари дипломатҳои хориҷӣ ба Бадахшон

Хоруғ. 21 май

Дипломатҳои ғарбӣ аз маҳдуд шудани тартиби сафари намояндагони созмонҳои хориҷиву байналмилалӣ ба Бадахшон хабар медиҳанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон инро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардааст.
Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон гуфтааст, масъалаи маҳдудияти сафари дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба Бадахшонро бо мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар миён мегузорад. Робин Орд Смит рӯзи 3-уми июн дар саҳифаи худ дар Твиттер навиштааст, “паёмҳои гиҷкунандае гирифтааст, ки марзҳои Бадахшон ба рӯи сайёҳон боз аст, аммо на барои аъзои намояндагиҳои байналмилалӣ”. Ӯ дар ин паёмаш пурсидааст, ки “оё метавонад, ба Бадахшон ба ҳайси сайёҳ сафар кунад?”

Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе дар посух суоли Радиои Озодӣ дар Твиттер, ки оё ин масъаларо бо вазир баррасӣ мекунад, гуфт, ки масъалаи сафар ба Бадахшонро имрӯз бо мақомоти вазорат дар миён мегузорад ва саъй дорад, дар “бораи чанд мавзӯъ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ” сӯҳбат кунад.


Баъди нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ва ба оташ кашидани бинои додситонӣ ва раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ҳукумати Тоҷикистон судури иҷозаи сафар ба хориҷиён ба вилоятро мутаваққиф кард. Ба гуфтаи сафорати Бритониё, ҳукумат ҳамчунин гуфтааст, ҳатто хориҷиёни дорои иҷозаномаи сафар ба Бадахшон то замони номуайян ҳаққи сафар ба вилоятро надоранд ва агар барои рафтан ба онҷо талош ҳам кунанд, зоҳиран онҳоро дар гузаргоҳҳои марзӣ дар Бадахшон пас мегардонанд.

Як манбаъ дар сафорати ғарбии дигар ба Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июн гуфт, ки дар воқеъ ҳанӯз ҳам ба хориҷиён иҷозаи сафар ба Бадахшон дода намешавад. Сафорати Бритониё дар ҳушдори расмӣ ба шаҳрвандони ин кишвар гуфтааст, ки авзоъ дар шаҳри Хоруғ ором, вале пуршиддат аст ва эҳтимоли такрори хушунат боқӣ мемонад. Сафорати Амрико дар Душанбе ҳам баъди сар задани ноамнӣ дар шаҳри Хоруғ, сафари дипломатҳояш ба шаҳрро маҳдуд кард ва ба шаҳрвандони он кишвар ҳушдор дод, ки то ду ҳафтаи оянда ба Бадахшон сафар накунанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро рад ё тасдиқ накардааст.

Саҳифаи сафири Бритониё дар Твиттер


Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтибек Бахтибековро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд.

Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.

Рӯзи 1 июн байни ҳукумат ва намояндагони эътирозгарони Хоруғ протоколе имзо шуд, ки бар асоси он кумиссиюни мушатарки иборат аз намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, бо шумули фармондеҳи собиқи мухолифин дар Хоруғ, нооромиҳои ахирро таҳқиқ хоҳанд кард. Ин кумиссиюн тақрибан 10 рӯз боз ба кор шурӯъ кардааст.

Бадахшон аз нигоҳи амниятӣ аз ҳалқаҳои заифи занҷири амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти ин вилоят генерал Абдулло Назаров нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ҳарду тараф шуд.