Артиши Тоҷикистон расман 23 феврали соли 1993 дар заминаи воҳидҳои ниманизомии Фронти халқӣ – ҷониби пирӯз дар соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таъсис ёфт. Раҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров он рӯз бо пахши як паёми телевизионӣ эълон кард, ки ин Фронт ба ҳадафи асосии худ – барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ дар Тоҷикистон – ноил шуд ва аз ин рӯз ба баъд нирӯҳои мусаллаҳаш пароканда шуда, ба сафи артиши расмии кишвар мепайванданд. Ҳамон рӯз бо ҷалби ҷангиёни Фронти халқӣ дар маркази Душанбе як паради низомӣ ҳам доир шуд. Таърихи 23-солаи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҳамин парад оғоз мегирад.
Тоҷикистон аз байни 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ танҳо кишварест, ки аз мероси Артиши Шӯравӣ даст кашид. Тибқи тартиби тақсими мероси СССР, ҳар кишвари мустақилшуда бояд тамоми дороиҳои Шӯравӣ дар қаламраваш, бо шумули қисмҳои низомии Артиши Шӯравиро ба моликияти худ мегирифт.
14 ҷумҳурии дигар алакай дар поёни соли 1991 ва ибтидои соли 1992 дар заминаи ин қисмҳои низомии Артиши Шӯравӣ нирӯҳои мусаллаҳи худро ташкил доданд. Аммо Тоҷикистон, ки дар тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 даргири ихтилофҳои сиёсии дохилӣ шуда буд, ин масъаларо то охир тӯл дод. Вазири дифоъи СНГ Евгений Шапошников дар моҳи майи соли 1992 ҳатто ба ҳукумати Тоҷикистон номаи расмӣ зад, ки сарнавишти воҳидҳои марзбонии мустақар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистону Чин ва дивизияи 201-уми Артиши Шӯравиро ҳал кунед.
Нуралӣ Давлат, муаррихи тоҷик мегӯяд: “ Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон рӯзи 22 июни соли 1992 дар як муроҷиатнома аз раисиҷумҳур Раҳмон Набиев талаб кард, ки дивизияи 201-умро миллӣ кунад. Вале Набиев ба ин аслан таваҷҷӯҳ накард. Набиев ҳангоми баҳси масъала дар Шӯрои Олӣ гуфт, аз Тӯхтабой (Тӯхтабой Ғаффоров – раиси кумитаи будҷаи он Шӯрои олӣ) пурсед, вай медонад, ки барои нигоҳ доштани артиш 3 миллиард сӯм лозим аст. Ба ҳамин далел, ҳарчанд Раҳмон Набиев ҳамчун сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон унвони генерал-полковник дошт, дар асл генерали беартиш буд.”
Вале яке аз афроди наздик ба Набиев мегӯяд, нигаронии ӯ аз як ноҳияи дигар ҳам буд. Набиев ба атрофиёнаш чандин бор гуфтааст, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ шудааст ва агар мо дивизияи 201-умро бигирему ӯҳда карда натавонем, ҳама силоҳҳояш ба дасти ҷангиёни ду тарафи ҷанги дохилӣ меафтад ва хуни зиёд рехта мешавад.
Аммо Нуралӣ Давлат мегӯяд, ин ҳарф асос надорад, чунки Раҳмон Набиев дар поёни соли 1991, ки дар Тоҷикистон ҷанг ҳанӯз оғоз наёфта буд, тасмим гирифта буд, ки дивизияи 201-умро ба Русия диҳанд.
Дар ҳар сурат, Тоҷикистон дар соли 1992 расман аз мероси низомии Артиши Шӯравӣ даст кашид ва дивизияи 201-ум ба ҳайъати артиши Русия ва воҳидҳои марзбонии мустақар дар марзҳои Тоҷикистон ба ихтиёри нирӯҳои марзбонии Русия супурда шуданд.
Нуралӣ Давлат мегӯяд: “Ба ҳамин далел, баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 1992, Тоҷикистон маҷбур шуд, бунёди нирӯҳои мусаллаҳашро аз сифр шурӯъ кунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар як мулоқоташ бо вазири дифои Русия Игор Родионов гила карда буд, ки Тоҷикистон аз Артиши Шӯравӣ ҳатто як корди чӯбӣ ҳам нагирифтааст.”
Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири дифои Тоҷикистон ҳам дар ибтидои солҳои 2000 дар як нишасти паймони низомии НАТО дар Брюссел лаб ба шиква кушода буд, ки Русия нафақат дивизияи 201-умро аз худ кард, балки барои чанд тонку зиреҳпӯши кӯҳнаву фарсудае, ки гӯё барои кӯмак ба бунёди нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон “хайр” карда буд, Тоҷикистонро 140 миллион доллар қарздор ҳам кард.
Коршиносони масоили низомӣ артиши Тоҷикистонро танҳо артиши соҳиби таҷрибаи ҷангӣ дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд ва мегӯянд, устухони ин артиш дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 шах шудааст. Аммо дар айни замон нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз нигоҳи таъминоташон бо аслиҳа ва техникаи низомӣ аз ҳамаи ҳамсояҳояш дар минтақа ақиб мемонад.
Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, дар ду ҳафта пеш дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016” (The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нирӯҳои Русия ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ номид.
Аммо як сарҳанги бознишастаи артиши Тоҷикистон дар посух ба ин иддао гуфт, амалиёти моҳи сентябри нирӯҳои амниятии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода нишон дод, ки ин нирӯҳо тавони рафъи зуду муассири чолишҳои амниятиро доранд: “Бубинед, дар солҳои 2011 амалиёти зидди гурӯҳи Мулло Абдулло Раҳимов дар водии Рашт қариб 8 моҳ тӯл кашид. Вале гурӯҳи Назарзодаро дар зарфи ҳамагӣ 12 рӯз аз байн бурданд. Ин нишон медиҳад, ки нирӯҳои амниятӣ дар солҳои охир тамрини хуб гирифтаанд ва метавонанд бо чунин таҳдидҳо бидуни кумак аз берун мустақилона муқобила кунанд.”
Ва аммо бар асоси омори гузориши “Тавозуни низомӣ-2016”, Тоҷикистон аз нигоҳи таслиҳотӣ заифтарин артиш дар минтақа боқӣ мемонад. Бино ба ин манбаъ, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нирӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ, ва 7500 нирӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нирӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нирӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.
Барои муқоиса нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистони ҳамсоя аз 48 000 нирӯи артиш ва 20 ҳазор нирӯи ниманизомӣ иборат буда, артиши ин кишвар бо 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 7 тонки Т-62, 399 зиреҳпӯши навъи БМД ва БМП, 309 БТР, 2 ҳавопаймои СУ-24, 2 ҳавопаймои СУ-25 ва 5 чархболи навъи МИ мусаллаҳ мебошад. Нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, иборат аз 20 400 нирӯи низомиву ғайринизомӣ дар ихтиёри худ 150 тонки Т-72, 320 БМП, 45 БТР ва 10 чархболи МИ доштаанд.
Дар пайи дастикам то соли 2042 тамдид шудани замоин ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия, Маскав барои навсозии артиши Тоҷикистон ваъдаи тақрибан 1 миллиард доллар ёриҳои низомӣ кард. Мақомоти низомии Русия мегуфтанд, ин ёриҳо тавоноиҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро бахусус дар пешорӯи афзоиши таҳдиди ҷангҷӯёни ифротӣ хеле боло хоҳанд бурд. Вале манобеи низомӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо гузашти се сол аз имзои ин созишнома ироаи ёриҳои низомии Русия ба артиши Тоҷикистон дар чорчӯби чанд тамрин ва каме зиёд кардани шумори донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои низомии он кишвар маҳдуд боқӣ монда, ҳанӯз кадом ёрии қобили мулоҳизае аз Маскав нарасидааст.