Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия, гуфт, ки пойгоҳи ҳарбии ин кишвар дар Тоҷикистон ба ҳамагуна вазъи ногаҳонӣ дар марз бо Афғонистон омода аст. Антонов дар ин бора рӯзи 5 феврал дар Маскав ва баъди бозгашташ аз Душанбе изҳорот дод.
Ӯ гуфт, ки бар илова Русия дар чаҳорчӯби Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ дар масъалаи ҳифзи марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак мекунад. Ба қавли Антонов, ин ёриҳои Маскав асосан аз тамрини нерӯҳо ва муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистон иборат будааст.
Ноиби вазири дифои Русия дар оғози ҳафтаи ҷорӣ ба Душанбе омада ва бино ба иттилои расмӣ бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин суҳбат низ асосан масъалаи тамрини низомиёни тоҷик баҳс шуд. Баъдан Анатолий Антонов аз пойгоҳи ҳарбии кишвараш дар Тоҷикистон боздид намудааст.
Пойгоҳи ҳарбии 201-ум дар Тоҷикистон аз бузургтарин воҳиди хушкигарди Русия берун аз ҳудуди он кишвар аст. Ин пойгоҳ дастикам то соли 2042 ҳаққи будубош дар Тоҷикистонро дорад ва қаблан гутфа мешуд, ҳафт ҳазор сарбозу афсари Русия низ дар пойгоҳ дар Тоҷикистон хидмат мекунанд.
Аммо рӯзи 1 феврал генерал-полковник Владимир Заруднитский, фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия, гуфт, ки пойгоҳи 201-ум ба ҳайати бригадавӣ гузаронда хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, дар пайи ин тағйирот ҳайати пойгоҳ кам карда мешавад, аммо ин ба қобилияти ҷангии пойгоҳ ҳеч асар нахоҳад гузошт. То ҳол маълум нест, Русия саффи нерӯҳояш дар Тоҷикистонро чӣ қадам кам хоҳад кард.
Анатолий Антонов аз ҷумлаи мақомҳои низомии Русия аст, ки дар гузашта низ ба Тоҷикистон сафарҳо кардааст. Охирин сафари ҷаноби Антонов охирҳои моҳи январи соли гузашта сурат гирифта ва дар ҷараёни дидорҳои ӯ бо мақомоти тоҷик иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда аз сӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба манзури боло бурдани имконоти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мубориза бо тероризим баррасӣ шуда буданд.
Навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201 буд. Русия дар бораи тезондани замони иҷрои ин ваъда рӯзи 23 декабри соли гузашта дар ҷараёни мулоқоти Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, вузарои дифоъи Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав тааҳҳуд дода буд.
Шойгу ва Мирзо дар ин дидор вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон ва таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба амнияти Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сергей Шойгу гуфта буд, ки Русия тааҳҳудоти худ ҷиҳати навсозии силоҳу техникаи ҷангии Тоҷикистонро ба таври комил иҷро хоҳад кард.
Мавзӯи таъмину таҳкими нирӯҳои низомиву амниятии Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоте, чун хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва фаъол шудани ҷангиёни исломӣ ва созмонҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ” дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, доғтар шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон, як манбаи асосии таҳдиди ҷангиёни исломӣ, 1370 километр марз дорад, ки қад-қади рӯди Омӯ ( дар саргаҳаш – Панҷ) мегузарад ва бино бар релефи мураккаби аксаран кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад.