Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муноқишаи ахири сарҳадӣ ва масоили дигари марзӣ, рӯзи 14-уми феврал дар Бишкек идома меёбад.
Ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардонов ва роҳбари гуруҳҳои корӣ Шералӣ Хайруллоев барои баррасии натиҷаи тафтишоти се комиссияи корӣ, рӯзи 13-уми феврал озими Бишкек хоҳанд шуд.
Як намояндаи ҳайати музокиракунандаи ҷониби Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳайатҳои музокиракунандаи Душанбе ва Бишкек тасмим гирифтаанд, ки натиҷаи ниҳоии тафтишоти се комиссияи кориро рӯзи ҷумъа дар Бишкек баррасӣ кунанд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистон иборат аз намояндагони се комиссияи корӣ таҳти раёсати сардори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марз Муродалӣ Алимардонов, раҳбари гуруҳҳои корӣ Шералӣ Хайруллоев -- ёвари президенти кишвар оид ба масоили амнияту дифоъ ва муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов рӯзи 13 феврал бо ҳавопаймо ба Бишкек хоҳанд рафт.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз ҳайати комиссияҳои кории Тоҷикистон дар Исфара таҳти раҳбарии Шералӣ Хайруллоев ҷаласаи ниҳоии худро баррасӣ намуда ба Душанбе хоҳад баргашт. Намояндагони ҳайатҳои музокиракунанда тасмим гирифтанд, то анҷоми гуфтушуниди Бишкек аз ҷузъиёти тафтишоти дуҳафтаинаи худ оид ба масъалаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ ва сохтмони роҳи мошингард дар минтақаҳои мавриди баҳс, ҳамчунин оид ба Тоҷикистон додани қитъаи замин дар мавзеъи Ворух, ба матбуот худдорӣ кунанд.
Т. Мамитов: Тоҷикҳо барои Ворух коридор напурсидаанд
Як мақоми аршади Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон дар ин авохир ҷиҳати аз ҳолати анклав берун баровардани Ворух ягон пешниҳоди расмие ба Бишкек надодааст.
Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон ва раҳбари ҷониби ин кишвар дар кумиссиюни байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 11 феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ягон 15 сол боз масъалаи ба боқӣ қаламрави ин кишвар пайвастани ҷазирақаламрави Ворухро дар миён мегузорад, вале дар ин авохир кадом пешниҳоде дар ин бора аз тарафи Душанбе нашудааст.
Тоқон Мамитов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Тоҷикистон аз солҳои 2000-ум аз мо дархост мекард, ки аз тарафи чап ё рости Оқсой барояш коридор диҳем, то Ворух аз ҳолати анклав барояд. Дар соли 2003 онҳо бо такя ба харитаи соли 1925 ҳатто нақшаи пайвастани Ворух ба Хоҷаи Аълоро кашида, рустои Оқсойи Қирғизистонро қаламрави худ номиданд. Мо ҳамон вақт ба онҳо ҷавоби рад дод будем. Вақте ман ба мақоми кунуниам омадам, дар як ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматӣ гуфтам, ки дигар бо чунин пешниҳоди додани ин ё он замин ё кушодани коридор ба мо муроҷиат накунанд, чунки мо чунин масъалаҳоро баррасӣ намекунем. Аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир дар дасти ман на аз ҷониби Узбакистон ва на аз ҷониби Тоҷикистон ягон муроҷиате дар робита ба анклавҳо нест.”
Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи шоҳидон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва раҳбари ин ҷониб дар кумиссиюни байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон рӯзи 8 феврал дар мулоқот бо сокинони Ворух онҳоро итминони хотир додааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баровардани ин минтақа аз ҳолати анклав тамоми корро хоҳад кард.
Анклав ё ҷазирақаламрав қаламравест, ки аз 4 тараф дар дохили ягон кишвари дигар монда, бо боқӣ қаламрави кишвари худ ба таври мустақим пайваст нест. Ворух бо беш аз 30 000 аҳолиаш дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст ва то наздиктарин рустои воқеъ дар марзи Тоҷикистон – Хоҷаи Аъло – тақрибан 4,5 километр фосила дорад.
Манобеъи Озодӣ мегӯянд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни музокираҳои масоили марзӣ ба Қирғизистон пешниҳод додааст, ки дар ивази ризоияти Душанбе ба сохтмони роҳи баҳсии Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ байни Воруху Хоҷаи Аъло 4,5 километр коридор кушояд ва ба ин васила ин ҷамоатро аз ҳолати анклав берун биорад.
Радду бадалҳои нави лафзӣ байни Бишкеку Душанбе дар масъалаи Ворух дар ҳолест, кит интизор меравад, ҷаласаи навбатии кумиссиюни байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон то чанд рӯзи дигар дар шаҳри Исфара доир шавад.
Исфара - дар интизори Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов
Дар ҷаласаи қаблии кумиссиюни байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 31 январ дар Бишкек қарор шуда буд, ки ҷаласаи навбатӣ дар миёнаҳои моҳи феврал дар Исфара барпо шавад. Як манбаъи наздик ба ҳайъати музокиракунандаи Тоҷикистон дар мулоқотҳои Исфара рӯзи 11 феврал ба Озодӣ гуфт, “ҷаласаи навабатии кумиссиюни байниҳукуматӣ то 2-3 рӯзи дигар бояд доир шавад, вале ҳанӯз таърихи дақиқи ин ҷаласа байни тарафҳо маслиҳат ва ниҳоӣ нашудааст. “
Ба гуфтаи ин манбаъ, сарони ҳайъатҳо – муовинони сарвазирони ин ду кишвар Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон – ба дунбол бояд натоиҷи бадастомада дар музокироти Исфараро бо аҳолии рустоҳои наздимарзӣ матраҳ кунанд. Манбаъи Озодӣ бидуни овардани ҷузъиёти зиёд гуфт, “ҳарду тараф мефаҳмад, ки бояд билохира ба мушкилоти марзӣ нуқта гузошта шавад ва масъалаҳо қариб пухта расидаанд.”
Феълан дар Исфара 3 гурӯҳи корие, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти рӯзи 31 январ дар Бишкек таъсис доданд, ба кори худ идома дода истодаанд. Ин гурӯҳҳои корӣ аз ҷумла ба таҳқиқи муштараки тирпарронии рӯзи 11 январ машғуланд, вале ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, касе ҳанӯз барои гуфтани натиҷаҳои бадастаомадаи таҳқиқот омода нест, “чунки дар Бишкек тавофуқ шуда буд, ки тарафҳо то анҷоми таҳқиқот ва шурӯъи ҷаласаи навбатии кумиссиюни байниҳукуматӣ ҷараёни таҳқиқашонро махфӣ нигоҳ хоҳанд дошт.”
Аммо ӯ мегӯяд, “инки тирпарронӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст, алакай дар ҳамон рӯзи аввал, баъди боздидид гурӯҳҳои корӣ аз ин маҳалли воқеъ дар канори рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой 500 фоиз дақиқ шудааст.”
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷониби Тоҷикистон ба хотири аз ҳолати анклав баровардани Ворух бо беш аз 30 000 ҷамъияташ чанд варианти ба Хоҷаи Аъло пайвастани ин минтақаро ба Қирғизистон пешниҳод кардааст ва ин дар сӯҳбати, ба гуфтаи ӯ, “хеле бозу самимона”-и рӯзи 8 феврали муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо сокинони Ворух ҳам садо дод. Сухан дар бораи аз ҷумла буридани 4,5 километр хатти борики замин байни рустоҳои Воруху Хоҷаи Аъло меравад. Вале ҳанӯз маълум нест, ки ин пешниҳод аз ҷониби Қирғизистон пазируфта мешавад ё на.
Ин дар ҳолест ки муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов ахиран дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бишкек пиромуни вазъ дар марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир байни Душанбеву Бишкек музокироте нарафта истодааст, балки танҳо гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд. Мамитов таъйид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз онҳо хостааст, то барои сокинони Ворух имкони равуои озод тавассути роҳе, ки сохта мешавад, дода шавад. Аммо ӯҷузъиёт надодааст ки оё сухан дар бораи табодули замин ва пешниҳоди аз ҳолати анклав баровардани Ворух меравад ё чизи дигар?
Равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи марзбонҳо дар канори рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой дар таърихи 11 январ, ки ба тирпарронӣ печид, ба сардӣ гароид. Дар ин низоъ бар сари шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар роҳи Кӯктош –Оқсой –Тамдиқ, ки ба бовари Қирғизистон , дар қаламрави ин кишвар сохта мешавад, вале ҷониби Тоҷикистон ин минтақаро баҳсӣ меномад, 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонда, дар ин як моҳ 4 маротиба ба Тоҷикистон нотаи расмӣ фиристод.
Яхи сӯъитафоҳум байни Душанбеву Бишкек танҳо баъди музокироти рӯзи 31 январ дар Бишкек каме об шуд ва эълон шуд, ки ҷонибҳо бар сари роҳҳои баромадан аз ин бунбаст бар сари масоили марзӣ ба тавофуқ расидаанд. Аммо то кунун шарҳ дода нашудааст, ки ин тавофуқот аз чӣ иборат аст. Танҳо вазорати хориҷаи Тоҷикистон ахиран таъсиси се гурӯҳи кории дуҷониба дар масоили марзиву амниятӣ, истифодаи роҳҳо ва аломатгузории марзҳоро тасдиқ кард. Ин гурӯҳҳои корӣ аз рӯзи 6 феврал дар Исфара фаъолият доранд ва бояд заминаро барои расидан ба тавофуқҳои бештар дар ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматӣ фароҳам кунанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 7 феврал вазирони умури дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон 8 масири ҳаракати патрулҳои муштарак дар нуқтаҳои доғи марзи Исфараву Бодкандро мушаххас карданд ва ин патрулҳо алакай ба назорат шурӯъ кардаанд. Интизор меравад, ниҳодҳои марзбонии ду кишвар низ чунин патрулҳои муштарак таъсис диҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун кишварҳои болооб ва маҳрум аз манобеъи нафту гази минтақа дар аксари баҳсҳои доғи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бар сари шеваи тақсими манобеъи об ва сохтани нирӯгоҳҳои азим мавқеъи ҳамсон доштанд, вале тайи 22 соли истиқлоли хеш натавонистаанд раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшонро бидуни мушкил ба поён баранд. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 505 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ин раванд дар нуқоти баҳсии марзи ду кишвар ба кундӣ пеш меравад ва аз соли 2006 ба ин тараф Тоҷикистону Қирғизистон дар амри аломатгузории марзи муштаракашон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.