"Дигар тоқат карда наметавонам!" Ҳарфи охирини Фаррух дар Идораи пулис

Фаррух Урозов дар байн. Акси хабарнигори тоҷик Маҳмудҷон Раҳматов

Масъулони Кумитаи зидди шиканҷа мегӯянд, бар асоси санадҳое, ки то ҳоло дастраси онҳо шудааст, Фаррух Урозов дар пайи латту кӯб ва шиканҷаи зиёд ҷон додааст.

Бахши маскавии Кумитаи байниминтақавии зидди шиканҷа ба таҳқиқи марги Фаррух Урозов, сокини 39-солаи ноҳияи Фархори Тоҷикистон, шуруъ кардааст. Урозов рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ дар Идораи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав ғолибан дар пайи латту кӯб ва шиканҷаи маъмурон даргузаштааст.

Масъулони Кумитаи байниминтақавии зидди шиканҷа ҳам мегӯянд, санадҳое, ки то ҳоло дастрас шудааст, аз латту кӯб ва шиканҷаи Фаррух Урозов шаҳодат медиҳад. Ба қавли манбаъ, барои таҳқиқи ин ҳодиса рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ ба онҳо Илҳом Алихонов, бародари Фаррух, муроҷиат кардааст. Ӯ гуфтааст, рӯзи 17 сентябр, вақте аз кор баргашт, Фаррух Урозов дар хонаашон хобида буд, вале баъд аз даҳ дақиқа маъмурони пулис ҳамроҳи ҳамсояашон Светлана вориди манзили онҳо шуда, Фаррухро бо худ бурдаанд. Алихонов аз истифодаи “элетрошок” дар он ҳолат хабар дода, афзудааст, маъмурони пулис бародарашро дар таҷовуз ба номуси духтари шашсолаи Светлана муттаҳам кардаанд.

Изи латту кӯб ва шиканҷа дар бадани Фаррух Урозов. Акс аз Сергей Бабинетс

Алихонов дар идома гуфтааст, “баъдан маъмурони пулис ману Фирдавс Сатторовро ҳам бо худ ба шуъба бурданд. Дар он ҷо дидам, ки дар утоқе Фаррухро мезаданд ва ӯ бо дастони баста хунолуд рӯи фарш хобида буд. Чанд лаҳзае, ки дари он утоқ нимабоз буд, ӯ гуфт, “дигар тоқат карда наметавонам”.

Сергей Бабинетс, раҳбари бахши маскавии Кумитаи байниминтақавии зидди шиканҷа гуфтааст, бар асоси нақли Илҳом Алихонов Фаррух то замони боздошташ аз сӯи пулис ягон ҷароҳат ва изи зарбу лат надоштааст. “Ҳангоми дидани ҷасад дар сардхона изи зарбу латти зиёд дар баданаш мушоҳида шуд”,-афзудааст Алихонов.

Ҳафтаи гузашта намояндагии Вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, ки ҷанозаи Фаррух Урозовро бо парвози Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон фиристодаанд. Бино бар ин манбаъ, намояндагони вазорати шуғли аҳоливу муҳоҷират ва консулгарии Тоҷикистон дар Маскав барои таҳқиқи сабабҳои ин қазия ба Солнечногорск сафар кардаанд.

Фаррух Алихонович Урозов, ки дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард, шоми 17 сентябр бо гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси як духтараки 6-сола, ки ҳамон шоми 17 сентябр рух додааст, боздошт шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, ин се афсари пулис тоҷики боздоштшударо то мурдан задаанд, ки даст доштанаш дар таҷовуз ба номуси ин духтарро эътироф кунад. Ӯ ҳамон шаб дар коридори шӯъбаи пулис, ҳанӯз то расидани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст. Табибони “Ёрии таъҷилӣ”, ки марги ин боздоштшударо ташхис кардаанд, мегӯянд, қабурғаҳои ӯ шикаста буд ва дар баданаш варам (гематома)-ҳои зиёд мушоҳида мешуд.

Рӯзи 20 сентябр 3 афсари пулиси Русия – як майор, як лейтенанти калон ва як капитан – бо ҷурми шиканҷа ва куштори як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон боздошт шудаанд. Аммо тамоми сабти видеоии рӯзи боздошти Фаррух Урозов аз пулиси Солнечногорск ғайб задааст.

Нашрияи "Комсомолская правда"-и чопи Маскав рӯзи 21 сентябр дар сомонаи интернетиаш хабар дод, ки дар пайи боздошти се афсари баландпояи пулиси ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав тамоми сабтҳои рӯзи 17 сентябр аз камераҳои видеоӣ дар дохил ва беруни ин шӯъбаи пулис ғайб задаанд. Ин дуруст рӯзест, ки сокини 39-солаи ноҳияи Фархори Тоҷикистон Фаррух Урозовро бо гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси як духтараки 6-сола боздошт карда, ба ин шӯъбаи воқеъ дар кӯчаи Дзержинский оварданд ва баъди чанд соате "Ёрии таъҷилӣ ҷасади абгори ӯро аз инҷо ба мурдахона бурд.

"Комсомолская правда" менависад, ин се афсар ба куштори шаҳрванди тоҷик гумонбар мешаванд ва ҳоло маъмурони раёсати амнияти дохилӣ (СБ)-и пулиси вилояти Маскав талош доранд, то ин сабтҳоро барқарор ва рӯшан кунад, ки шаби 17 сентябр дар инҷо чӣ гузаштааст?

Қаблан гузориш шуда буд, ки 3 рӯз баъд аз ҳалокати Фаррух Урозов дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав, се афсари баландпояи ин ниҳоди интизомиро бо ҷурми даст доштан дар ин куштор дастгир кардаанд.

Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Русия рӯзи 20 сентябр хабар дод, ки хадамоти амнияти дохилии раёсати умури дохилии вилояти Маскав (СБ) дар чорчӯби таҳқиқи ин парвандаи бадрафтории ходимони пулис сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси ноҳияи Солнечногорск ва ду корманди фаврии ин бахшро дастгир кардааст. Исми боздоштшудаҳо нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, сардори онҳо майор ва он ду зердасташ яке капитан ва дувумӣ лейтенанти калон будаанд.

Сомонаи "Нюс.ру" навишт, зоҳиран кормандони пулис мехостанд, ин боздоштшударо бо шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ кунанд, вале "аз ҳад гузарондаанд." Ҳоло бовар меравад, шаҳрванди Тоҷикистон дар натиҷаи шиканҷа ҳалок шудааст. Аммо хулосаи ниҳоиро ташхиси тиббиву додгоҳӣ бояд маълум кунад, ки оё иллати аслии марги гумонбар дар пулиси Солнечногорск чӣ буд.

Дар ҳоли ҳозир, алайҳи ин се афсари пулис бар асоси моддаи 286-и Кодекси ҷиноии Русия (берун рафтан аз ҳадди салоҳияти хидматӣ бо истифода аз хушунат) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва тафтиши парвандаро ба раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав супурдаанд. Агар ин иттиҳоми даст доштан дар марги шаҳрванди Тоҷикистон дар гардани ин се афсар дайн шавад, онҳоро тибқи Кодекси ҷиноии Русия аз 3 то 10 сол ҳукми зиндон интизор аст.

Марги мармузи 3 тоҷик дар байни ҳамагӣ 10 рӯз

Акс аз бойгонӣ

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол аз он кишвар ҷасади беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранд. Омори дақиқе вуҷуд надорад, ки оё чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар идораи пулису зиндонҳо, аз ҷумла ба иллати шиканҷа, ҷон мебозанд, вале ҳалокати Фаррух Азоров дар пулиси ноҳияи Солнечногорск нахустин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳову дар шӯъбаҳои пулиси Русия нест.

Ин мавзӯъ дар моҳи декабри соли 2013, баъди он ки дар фосилаи ҳамагӣ 10 рӯз – аз 14 то 24 декабр – дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия якбора се тоҷик ба таври мармуз ҳалок шуданд, вирди забони матбуот шуд.

Рӯзи 14 декабри соли 2013 як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис гуфт, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, афсаронаш кумаки аввалияи тиббиро ба ин тоҷик расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват карданд, вале ӯ ҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.

Ба дунбол, рӯзи 16 декабри соли 2013 як муҳоҷири тоҷик, ки бо иттиҳоми қонуншикании маъмурӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои иқомат дар Русия дастгир шуда буд, дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Воронеж «ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт. “Людмила Жданова, сухангӯи пулиси Воронеж он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст.

Ва рӯзи 24 декабр пулиси вилояти Владимири Русия аз марги як муҳоҷири 39-солаи тоҷик дар боздоштгоҳи ин минтақа хабар дод.Ин муҳоҷир аз 4 октябр дар боздоштгоҳи пулиси ноҳияи Петушино мунтазири ихроҷаш ба Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи пулис, боздоштшуда шикояте аз саломатиаш надошт, вале рӯзи 24 декабр, соати 3-45 якбора ҳолаш бад шуд ва дар байни ҳамагӣ чанд сония даргузашт.

Марги ин муҳоҷир чунон зуд рух додааст, ки пулис ҳатто фурсати даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ”-ро наёфтааст. Ташхиси тиббии аввалия иллати ирсии мағзи сари ин шаҳрванди Тоҷикистонро иллати марги ӯ дарёфта, дар баданаш ягон аломати шиканҷа пайдо накардааст.


Пулиси Владимир гуфт, шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон аз 4 октябр бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои кору иқомат дар боздошт қарор дошт. Ба гуфтаи пулис, ӯ ба сурати ғайриқонунӣ бидуни ягон санади сабти ном ва муҷаввизи кор дар шаҳри Костёрово кор мекард ва дар ҳамонҷо дастгир шуд. Додгоҳ баъдан ҳукми ихроҷи ӯ ба Тоҷикистонро баровард, вале ба далели тӯл кашидани ихроҷаш ӯ дувуним моҳ боз дар боздоштгоҳи ноҳияи Петушино ба сар мебурд.

То кунун дар бораи ба чӣ ҷазое маҳкум шудани омилони марги мармузи ин 3 шаҳрванди Тоҷикистон гузорише ба даст нарасидааст.