Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равон шуданд се ҷавон... Фарҷоми талхи мардикории 3 бародар дар Русия


Бӯрибой Ҳайитов(аз чап) ва Бахтиёр Мавлонов дар рӯзи тӯйи Бӯрибой.
Бӯрибой Ҳайитов(аз чап) ва Бахтиёр Мавлонов дар рӯзи тӯйи Бӯрибой.

Дар садамаи рӯзи 15 июли метрои Маскав ду бародарзода аз вилояти Хатлон - Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов - ҷон бохта, узви сеюми ин хонавода - Насимхон Мавлонов - захмӣ шуд. Хабарнигорони Озодӣ ба аёдати ин хонаводаи мусибатзада рафтанд.

Бародарзодаҳо Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов ҳарду дар як сол ба дунё омада, якҷо бузург шуда, якҷо ба Русия рафтаанд, дар як ҷой кор мекарданд ва ҳарду дар як рӯз дар садамаи рӯзи 15 июли метрои Маскав ба ҳалокат расиданд. Аз Бӯрибой ду фарзанд ва аз Бахтиёр як кӯдак монд. Бародари Бахтиёр - Насимхон Мавлонов - дар ин садама маҷрӯҳ шуда, дар як бемористони Маскав аст ва ҳанӯз хабар надорад, ки он рӯз ду бародараш ҷон бохтаанд.

Хонае ки кӯдакии Бахтиёр Мавлонов ва писари тағои ӯ Бӯрибой Ҳайитови 25-сола дар он сипарӣ шудааст, воқеъ дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 17-уми июл пуродам буд. Падару модар, ҷияну хоҳарзода, ҳамсояву ҳамдеҳаҳо бо ашки чашм интизори ҷасадҳои сарди ин ду ҷавонанд, ки як сол пеш роҳим Русияро пеш гирифта буданд.

Равон шуданд се ҷавон...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:53 0:00

Бӯрибой, ки 4 моҳ пеш соҳиби фарзанди дуввум шуд, тасмим дошт, барои дидани писари навзодаш ба Тоҷикистон биёяд. Аммо ин дидори насибаш нашуд. Абдуҷалил Ҳайитов, падари Бӯрибой, ки мегӯяд, ҳамеша гӯш ба Русия буд, баробари шунидани хабари садама дар метрои Маскав ба ҷустуҷӯйи писараш афтод. «Дилам гувоҳӣ дод. Беист барояш занг задам, касе ҷавоб намедод. Ба телефони хоҳарзодаҳоям ҳам. Ба бародаронам занг задам. Онҳо гуфтанд, роҳи Бӯрибой аз ин истгоҳ намегузарад. Вале дилам қарор намегирифт, боз занг мезадам ва билохира як пулиси рус телефонро гирифту гуфт, соҳиби телефон ба садама афтодааст. Аз ӯ хостам, телефонро ба соҳибаш диҳад, то садояшро шунавам, аммо гуфт ӯ дар сардхона аст. Модараш ҳам, ки хабари садамаи метроро шунида буд, суолборонам мекард, ки чӣ гап шудааст. Чанд баҳона кардам, аммо билохира фаҳмид ва то ҳол ҳеч ба худ намеояд. Он субҳ баробари дидани садамаи метро аз телевизион дили ӯ ҳам гувоҳӣ дода буд. Аз Русия гуфтанд, барои овардани ҷасад бояд ягон нафари наздикаш биёяд, шаб писари дуввумамро фиристодам. Инҳо ҳар се он субҳ ба кор мерафтаанд ва ин ду нафаре, ки аз дари пеши вагон даромадаанд, фавтиданд.»

Бӯрибой дар рӯзи тӯяш
Бӯрибой дар рӯзи тӯяш

Пас аз шунидани хабари марги писар ин падар ба ҷустуҷӯи хоҳарзодаҳояш баромад, ки ҳамроҳи Бӯрибой дар Маскав будаанд. Бахтиёр Мавлонов ва бародараш, ки дар садама маҷрӯҳ шудаанд, аз падар ятим монда, дар тарбияи тағои худ ба воя расидаанд. Бахтиёри марҳум ҳам соҳиби оила ва як фарзанди хурдсол будааст. Ҷасади ӯ дертар пайдо ва муайян шуда, модараш то он замон бехабар аз бадбахтии худ барои марги фарзанди бародараш ашк мерехтааст.

Абдуҷалил Ҳаитов мегӯяд: «Хоҳарам бехабар аз марги писари худ, дирӯз гиря карда, ба назди ман омада, маро дастгирӣ мекард, ва баъд пурсид, ки бачаҳои ӯ чӣ ҳол доранд? Ман ҳам гуфтам, ки ба ман занг заданд, бачаҳоят хубанд дар беморхона. Ва чун ҷасадҳоро аз сардхона ба ҷуз аз наздикон ба касе намедодаанд, ман фикр кардаму гуфтам, бояд роҳе ёфта, хоҳарамро фиристам ба Русия. Ӯро фиреб кардам, гуфтам, як писарат ҳолаташ каме вазнин дар беморхона аст ва бароят чипта мехараму ту назди ӯ бирав. Ӯ ҳам розӣ шуду ба хонаи худаш ба ноҳияи Хуросон барои овардани шиноснома рафт ва аз ҳамон ҷо мисли ман ба рақами писараш занг задаву аз пулис ин хабари шумро шунидааст ва дигар ҳолаш бад шудаасту мо ӯро нафиристодем.»

Бино ба қиссаи Абдуҷалил Ҳаитов, Бӯрибой ва Бахтиёр баъд аз хатми мактаби миёна мисли даҳҳо ҷавони дигари деҳа роҳи Русияро пеш гириятаанд. Дар Маскав дар сохтмонҳо бо насби тиреза машғул будааанд. Падар аз дигарон шунидааст, ки писараш Бӯрибой як рӯз қабл аз фоҷеа маош гирифтаву ба хона пул фиристодааст, аммо ҳанӯз рамз ё коди бонкиро ба наздиконаш нагуфта будааст. Бародарон ва наздикону ҳамсояҳо аз Бӯрибой ва Бахтиёр чун ҷавонони беозору меҳнатдӯст ва оромтабиат ёд меоранд.

Абдулҳамид, додари хурдии Бӯрибой, ки 16 сол дорад мегӯяд, бародараш ҳамеша дар сӯҳбатҳои телефонӣ аз дарсу ҳоли ӯ пурсон мешуд ва хостаҳояшро иҷро мекард. Абдулҳамид мегӯяд: «Ман он рӯз аз говбонӣ омадам, гуфтанд акам ба садама афтидаст, гиря кардам, акаамро дӯст медоштам. Ҳама вақт аз ман мепурсид, ки бароям чӣ лозим аст. Як писари амакам планшет дошт, ман ҳам хеле мехостам планшет дошта бошам ва ба акаам гуфтаму бароям планшет овард.» Планшети додар, хонаҳои таъмир ва ҷиҳозонидашуда аз самараи ранҷҳои чандсолаи Бӯрибойи ҷавонмарг дар Русия аст.

Насимхон Мавлонов дар бемористони Маскав
Насимхон Мавлонов дар бемористони Маскав

Аҳлиддин Гадоев, як намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷомӣ, ки дар ин сафар ба деҳаи Лоҳутӣ моро ҳамроҳӣ мекард, бо ишора ба хонаҳои навсохти бошукӯҳ ва таъмирдидаи ин русто гуфт, ин ҳама бо заҳмати ҷавонону мардон аз Русия ба даст омадааст. Бо заҳмате, ки барои баъзеҳо мисли бародарзодаҳо Бахтиёру Бӯрибой бо қимати ҷон ба даст меояд. Дар маҷмӯъ аз деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки акнун дар он мардум интизори ҷасади ду ҷавони ғурамарганд, 18 ҳазор нафар дар Русия муҳоҷир будаанд.

Дар садамаи рӯзи 15 июл дар метрои Маскав дастикам 23 нафар, бо шумули 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар байни захмиҳо низ 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст. Аз миёни онҳо вазъи Мӯъминшо Муносибатшоев вазнин гуфта мешавад. Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 17 июл хабар дод, ки ӯро имрӯз аз бемористони рақами 64 ба бемористони рақами 67 гузарондаанд, чунки он шӯъбаи нейрохирургия ҳам дорад. Муносибатшоев аз ноҳияи сар ва камараш ҷароҳат бардоштааст.

Танҳо дар соли гузашта ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» ҷасади 622 муҳоҷирро аз Русия ба Тоҷикистон овард, ки бо сабабҳои мухталиф дар ғурбат ҷон додаанд. Ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия ҷон медиҳанд, солона аз 1000 нафар мегузарад.

XS
SM
MD
LG