Барканориҳо дар Хатлон барои изофанависии "тиллои сафед"

Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Додситониҳо алайҳи се мудири бахши Оҷонсии омор дар навоҳии Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Гулнора Ҳасанова, директори Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 25 июл зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, раисони бахши омори навоҳии Восеъ, Ёвон ва Бохтари вилояти Хатлон бар асоси гузориши Кумитаи андоз ба изофанависии пахта муттаҳам шуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қаблан ҳокимияти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар робита ба изофанависии пахта 46 мансабдорро аз вазифа барканор кардаанд ва онҳо умдатан муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, кормандони кумитаҳои заминсозӣ ва раисони ҷамоатҳо будаанд, ки дар нақшаи корӣ изофанависӣ мекардаанд.

Дар бораи ҳаҷми изофанависии пахта дар вилояти Хатлон расман рақаме оварда намешавад, аммо бино ба манобеъи ғайрирасмӣ, ин рақам 100 ҳазор тонна аст.

Дар Тоҷикистон бештари изофанависиҳо дар арсаи кишоварзӣ дида мешавад. Зимистони соли равон дар пайи боло рафтани қимати картошка ҳукумати Тоҷикистон, бахусус вазорати кишоварзӣ барои он мавриди интиқоди шадид қарор гирифт, ки ҳаҷми истеҳсоли картошкаро 1 миллиону 1 ҳазор тон эълон карда буд, дар ҳоле, ки эҳтиёҷоти аҳолии кишвар ҳамагӣ 700 ҳазор тонро ташкил мекард.

Гулнора Ҳасанова гуфт, ба хотири зиёданависӣ дар омори картошка мудирони бахши омори навоҳии Рашт, Ҷиргатол, Нуробод ва Тоҷикобод низ барканор шудаанд. Соли равон Оҷонсии омор 20 мудири бахшҳои ноҳиявиашро аз кор барканор кардааст, ки умдатан барои изофанависӣ бартараф шудаанд.

Бино ба иттилои Оҷонсии омор, 427 нафар, 80 дарсад кормандони ҷамоатҳо ҳам барои изофанависӣ ҷарима шудаанд. Ҳаҷми ҷарима 115 ҳазор сомонӣ аст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД