Се занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар Маскав

Акс аз як занозании соли гузаштаи муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Тулаи Русия

Шаби душанбе як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд. Ин севумин занозании муҳоҷирон аз ин ду кишвар дар шаҳру вилояти Маскав дар ду ҳафтаи охир аст.

Шаби 14 ба 15 феврал дар кӯчаи Старообрядческая дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия як гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон занозанӣ кардаанд. Бино ба гузоришҳо, пулис 15 тан аз иштирокунандагони ин занозаниро дастгир кардааст.

Ба гуфтаи манобеи пулиси Маскав, муҳоҷирон, ки дар яке аз идораҳои коммуналии ин минтақаи пойтахти Русия ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекарданд, дар рӯзи истироҳаташон дар ҷараёни нӯшонӯшӣ бо ҳамдигар вориди муноқиша шуда, аз гиребони ҳам гирифтаанд. Тарафҳо, ба гуфтаи пулис, дар ин занозанӣ аз корду болға ва занҷиру асбоби дигар истифода бурдаанд.

Танҳо дар ду ҳафтаи аввали моҳи феврал ин алакай севумин занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳру вилояти Маскав аст.

Иброҳим Худойбердиев, раиси Конгресси узбакҳову узбакистониҳои Русия рӯзи 15 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар занозании шаби ҷумъаи 12 ба 13 феврал байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳраки Пролетарское дар ноҳияи Ступинои вилояти Маскав як нафар кушта ва чанд тан захмӣ шудаанд: “Мутаассифона, дар Пролетарское низ муҳоҷирон мастомаст аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд. Кор дар инҷо ба кордкашӣ мерасад ва як нафар кушта ҳам мешавад. Ҳоло акнун ба зидди иштирокдорони ин занозанӣ парванда боз кардаанд.”

Аз ин қабл, рӯзи 1 феврал муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Митиши дар канори Маскав бо ҳамдигар даргир шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, дар Митиши низ ҳарду тарафи моҷаро дар ҳолати мастӣ ба ҷони якдигар дарафтодаанд.

Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2015 дар як занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Тулаи Русия як шаҳрванди 24-солаи Узбакистон кушта ва як шаҳрванди тоҷик бо иттиҳоми қатли ӯ боздошт шуда буд.

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як иллати асосие, ки муҳоҷирони ҳамтақдир аз Тоҷикистону Узбакистонро дар Русия ба ҷони якдигар меандозад, шароити беҳуқуқии онҳост, ки муҳоҷиронро маҷбур ба ҷустуҷӯи гунаҳкори чунин вазъияташон аз байни худи онҳо мекунад: “Зӯри онҳо ба корфармоён ё сиёсатмадороне, ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро шадид кардаанд, намерасад ва аз ин рӯ, онҳо аламашро аз муҳоҷирони дигари мисли худашон беҳуқуқу беҳимоя мегиранд. Ин ба фоидаи корфармоҳо низ ҳаст, ки аз зиддияти байни муҳоҷирон ба манфиати худ истифода мебаранд. Барои мисол, муҳоҷирони тоҷикро меронанд ва мегӯянд, ки айни кори онҳоро муҳоҷирон аз Узбакистон бо нархи хеле камтар анҷом медиҳанд. Ва ин сабаби душманӣ байни ин мардум мешавад.”

Аммо Иброҳим Худойбердиев, раиси конгресси узбакҳои Русия мегӯяд, набояд ба далели ба ҳам даргир шудани як гурӯҳи кӯчак аз муҳоҷирони тоҷику узбак дар бораи кулли ин мардум натиҷагирӣ кард: “Дар ин се занозании ахир аз ҳарду тараф шояд 10-15 нафарӣ ширкат кардаанд. Ин дар муқоиса бо чанд миллион муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ аст. Аксари муҳоҷирон аз ин ду кишвари ҳамсоя ва ҳамин тавр, ҷамъиятҳои тоҷикҳову узбакҳо дар Русия хеле тифоқанд, дар маъракаҳои якдигар, аз ҷумла дар иди Наврӯз фаъолона иштирок мекунанд.”

Муҳоҷирони узбак дар Маскав

Далели дигари афзоиши мавориди хушунатомез дар миёни муҳоҷиронро бисёриҳо ба вазъи хеле мушкилшудаи онҳо дар шароити бӯҳрони иқтисодии Русия мебинанд, ки ба сатҳи даромади муҳоҷирон таъсири шадидан манфӣ гузошта, имкони кори хуб бо маоши хуб ёфтани онҳоро дар ин кишвар хеле коҳиш додааст. Бӯҳрон рақобат барои ҷойҳои кори хубтарро байни муҳоҷирон аз кишварҳои мухталиф шадидтар мекунад ва дар баъзе ҳолот мунҷар ба хушунатҳое, чун се мавриди ахири занозханиҳо байни мардикорони тоҷику узбак дар шаҳру вилояти Маскав мешавад.

Ин дар ҳолест ки муҳоҷирони чӣ тоҷику чӣ узбак дар Русия аз мушкилоти ҳамсоне, чун қоидаҳои шадиди муҳоҷират, зулми корфармоёну миёнаравон, таъқибу пулису ФМС ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои миллатгаро ва амсоли ин ранҷ мекашанд. Ҳарду мусоҳиби мо мӯътақиданд, ки агар муҳоҷирони тоҷику узбак дар Русия аз як гиребон сар бароранд ва якдилона барои ҳифзи ҳуқуқи худ дар ин кишвари мусофират талош кунанд, ба сӯди ҳамаи онҳо хоҳад шуд. Ба қавли маъруф:

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Муҳоҷирони тоҷику узбак дар яке аз мардикорбозорҳои шаҳри Петербург

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ озими Русия мешавад. ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – шумори муҳоҷирон аз Узбакистонро дар моҳи январи соли ҷорӣ 1,8 миллион нафар баровард карда буд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ, ҷамъи мардикорони узбак дар бозори кори Русияро аз 3 то 4 миллион нафар баровард мекунанд.

Пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон дониста мешаванд. Вале дар соли 2015 ба далели мушкилоти иқтисодии Русия ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба ҳарду кишвар башиддат коҳиш ёфт.