Шаби 27 ба 28 октябр дар амбори ширкати “Рекстрой-2” дар маҳаллаи Сходняи шаҳри Химки, дар канори Маскав байни як гурӯҳи 40 ило 50-нафарии муҳоҷирони тоҷик ва афроди аз тарафи раҳбари ин ширкат ҷалбшуда занозанӣ сурат гирифта, пулиси Сходня 7 тан аз муҳоҷирони тоҷикро дар пайи ин муноқиша дастгир кардааст.
Рустам Алтубоев, зодаи рустои Зағиртути шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ки рӯзи 28 октябр аз шӯъбаи пулиси Сходня бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, онҳоро акнун ғолибан аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд кард.
Рустам Алтубоев дар шарҳи занозании шаби гузашта гуфт, азбаски ширкати “Рекстрой-2” аз моҳи ноябри соли 2013 ба ин тараф маоши онҳоро сари вақт намедод ва танҳо аз 21 коргари тоҷикаш 4 миллион рубл, муодили тақрибан 100 000 доллар, қарздор шудааст, онҳо бо ҷалби тоҷикони дигар маоши худро талаб карда, монеи холӣ кардани амбори “Рекстрой-2” шудаанд. Рустам гуфт, ба бовари онҳо, молики ширкат мехост амборро холӣ карда, коргарони тоҷикашро бо ҳамин “кидать” кунад.
Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, “коргарони тоҷики Рекстрой-2” аз минтақаи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз Шаҳритӯс, Ботурободи Файзобод ва Панҷакент буданд, вале азбаски аксари онҳо пули худро ногирифта, ба Тоҷикистон баргаштаанд, мо -4 нафари боқимонда - ҳамватанҳои худро аз дигар ҷойҳо ҷалб кардем, ки монеи холӣ кардани амбори ширкат шавем. Вале раиси ширкат доғистониҳои мусаллаҳро овард, ки болои сари мо тир холӣ карданд. Азбаски онҳо мусаллаҳ буданд, мо дигар муқовимат карда натавонистем ва вақте пулис омад, моро боздошт карда, ба шӯъба оварданд.”
Ширкати “Рекстрой-2” ба гузоштани билбордҳои реклама дар роҳҳои вилояти Маскав машғул буд. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, раиси ширкат Николай Базин ба хотири берун кашидани борҳо ва холӣ кардани амбораш дар Сходня доғистониҳоро ҷалб кардааст, ки мусаллаҳ буданд ва шаби гузашта болои муҳоҷирони тоҷик чанд тир ҳам холӣ кардаанд.
Аммо Николай Базин, раиси ширкати “Рекстрой-2” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 50 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тайи 2 рӯз монеи анҷоми корҳо дар маҳалли ин амбор шудаанд ва ӯ баъди ду рӯзи пурхисорот маҷбур шудааст, ба пулис муроҷиат кунад. Николай Базин гуфт: “Расман дар ширкати ман ягон кас аз Тоҷикистон кор намекунад. Албатта, ман инкор намекунам, ки шояд бархе аз ин шаҳрвандони Тоҷикистонро барои анҷоми корҳое дар ширкати ман ҷалб карда бошанд ва шояд дар заминаи пардохти пули онҳо нофаҳмие ҳам ба миён омада бошад. Вале, мебахшед, ҳоло солҳои 90 нест, ки мушкилатро бо зӯр ҳал кунӣ."
Николай Базин мегӯяд, ин нахустин мушкили пешомада дар муносибати байни ӯву ширкаташ бо мардикорон аз Тоҷикистон аст. Ӯ эътироф кард, ки ба сурати ғайрирасмӣ аз нирӯи ин муҳоҷирон дар фаъолиятҳои “Рекстрой-2” истифода мешуд ва “шояд кадоме аз масъулони звеноҳои поёнтари ширкат ба инҳо барои кори кардаашон пул ваъда карда, вале надода бошад.”
Ӯ афзуд: "Ин муҳоҷирони тоҷик ҳатман дар қаламрави Русия бояд қонунӣ сабти ном шуда бошанд. Дар ин сурат, онҳо аз тамоми ҳуқуқ дар ин кишвар бархӯрдоранд ва агар нисбат ба ман ё ширкати ман ягон даъвои молӣ ё пулӣ дошта бошанд, бояд аз роҳҳои қонунӣ истифода баранд. Ба пулис муроҷиат кунанд, ё ба додгоҳ бираванд. На инки ҳамватанҳои худро ҷамъ оварда, амбори маро ишғол куннад. Ман ду рӯз чизе нагуфтам, вале ҳар рӯзи мамониати онҳо ба фаъолияти ширкат ба ман хисороти зиёд меовард. Ман маҷбур шудам, ки дар ниҳоят ба пулис муроҷиат кунам.”
Ин дар ҳолест ки муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла Рустам Алтубоев, мегӯянд, “Рекстрой-2” аз ноябри соли 2013 пули онҳоро сари вақт намедод ва то имрӯз қарзаш танҳо аз мардикорони тоҷик ба 4 миллион рубл расидааст.
Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, ки ин қазияро расонаӣ кард, мегӯяд, муҳоҷирони тоҷикро махсус ихроҷ мекунанд, ки маоши худро аз ин корфармо талаб карда натавонанд.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат аз ин ҳодиса хабардор шудааст ва дар ҳоли ҳозир ба омӯзиши ҷузъиёташ машғул аст.
Бо ин ҳол, 7 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар пулиси Сходня мунтазири ҳалли сарнавишти худ истодаанд, ки оё мақомоти Русия дар ин қазия аз кӣ пуштибонӣ хоҳанд кард – аз соҳибкори маҳаллӣ, ки мегӯяд, мардикорони тоҷик амбори ӯро ишғол карданду монеъи фаъолияти ширкаташ шуданд, ваё аз ин муҳоҷирони бепуштибон, ки мегӯянд, фақат ба хотир рӯёнгдани музди кори худ бо чунин шева талаби ҳақ кардаанд?