Дар ин рӯзҳо ҳазорон нафар ҷавони тоҷик баъди хатми донишгоҳҳо соҳиби маълумоти олӣ шуда, ба ҷустуҷӯи кор мебароянд. Онҳоро чӣ интизор аст? Маҷаллаи навбатии "Чашмандоз" ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.
Дар ин шабу рӯзҳо боз як насли нави ҷавонон баъд аз хатми донишгоҳҳо вориди ҷомеаи Тоҷикистон мешавад ва Давлатмоҳ Абдуллоҳзода яке аз онҳо мегӯяд, ки вай дар мактаб аз фанни риёзиёт ба шогирдон дарс хоҳад дод. Вале вай танҳо хатмкунандае нест, ки соли ҷорӣ соҳиби диплом хоҳад шуд. Мисли Давлатмоҳ садҳо ё шояд ҳазорон нафаранд.
Оё ҷомеаи Тоҷикистон омода аст ин хатмкунандагонро бипазирад ва дар чӣ шароите? Онҳо 5 сол дар донишгоҳ хонданд, касб омӯхтанд, дониш андӯхтанд, то баъд аз хатм ба умеде чун коргар ё мутахассис ба ҷомеа бипайванданд ва дар истеҳсолот ва ё дар муассисаҳо кор кунанд.
Аммо бештари корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистон баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ аз кор мондаанд ва дар шароити бӯҳронии кишвар наметавонанд фаъолияти худро аз сар бигиранд. Оё дар чунин шароит хатмкунандагони донишгоҳҳо ҳама метавонанд бо кор таъмин шаванд? Агар кор пайдо накунанд умедашон ба навмедӣ мубаддал нахоҳад шуд?
Нуктаи дигаре, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон ба истилоҳ “азхудгузарӣ”-и ҷавонон барои расидан ба дастовардҳои илмӣ ва ихтироъ ё кашфиёт камтар мушоҳида мешавад. Дар солҳои истиқлол дар ин бахшҳо Тоҷикистон дастоварде надорад. Ҷавонон шояд бештар дар андешаи чархонидани зиндагиву рӯзгори худ ҳастанд. Шароит онҳоро ба ҳамон сӯ мебарад.
Дар солҳои 50-70-уми қарни гузашта илми Тоҷикистон нобиғаҳое ба майдон овард ва ба ҷаҳониён пешкаш кард. Онҳо бо кашфиёти илмӣ дар бахшҳои ситорашиносиву зилзиласанҷӣ на танҳо дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин, балки дар ҷаҳон номбардори тоҷикон буданд. Яъне Тоҷикистон бо ҳамин донишгоҳҳо ва бо ҳамин пойгоҳҳои илмии кунунӣ тавоноии нубуғи илмӣ ва таҷрибаи зарурӣ дорад, ки барои ҷавонон намунае барои пайравист. Онҳо ҳадди ақал ҳамин пайроҳаро бояд паймоянд, то ин равол дубора ҷон бигирад.
Албатта, душвориҳо дар ҷомеа вуҷуд дорад ва ин душвориҳо кам нестанд. Дар ҳама ҷо дар ин бора мегӯянд. Мо ҳам гуфтаем. Худи раҳбарони Тоҷикистон ҳам онро эътироф мекунанд. Мардуми оддӣ ҳам онро медонанд. Дар ҳар ҷо мешунавем, бештар дар мулоқотҳо.... “Ҷавонон ояндаи ҷомеаи мо”. Воқеан ҳам ҳамин ҷавонон баъд аз чанд соли дигар ба нирӯи аслии пешбарандаи Тоҷикистон табдил меёбанд, нирӯе ки кишварашонро ва миллаташонро ба дигарон муаррифӣ мекунанд. Вале қабл аз расидан ба он марҳила ҷомеа онҳоро бояд ба қавле ба оғӯш бигирад ва тарбия кунад, то умедҳои онҳо аз ҳоло бо хатми донишгоҳ ва гирифтани диплом ба навмедӣ табдил наёбад.