Аз миёни омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи Кӯлоб, ки субҳи 2-уми май аз хобгоҳи омӯзгорони ин Донишгоҳ боздошт шуда буданд, ду нафар ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шуд.
Ҷамшед Бобохонов ва Зафари Саъдӣ, омӯзгорони факултаи физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи Кӯлоб дар ҳоле ба хидмат сафарбар шуданд, ки онҳоро тариқи «облава» ё худ зӯран ва бидуни даъват ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд.
Омӯзгорони хобгоҳи Донишгоҳи Кӯлоб, ки бинояш дар миёни додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ва Комисариати ҳарбӣ ҷойгир аст, мегӯянд, ин аҳвол, яъне бе ягон огоҳӣ ворид шудан ба бинои хобгоҳ бори аввал нест. Самариддин, исми шартии як омӯзгор аст, ки мегӯяд, дар ҳоле кӯчаҳо пур аз ҷавонони бекора ҳаст, «облава» кардани омӯзгор, ки манфиаташ ба давлат мерасад, чӣ маъно дорад.
Ин омӯзгор гуфт: «Мо зид нестем, ки ба хизмати ҳарбӣ равем. Аммо чаро моро маҷбурӣ ва тариқи облава мебаранд? Ҳар саҳар мо бо ташвиш ба дарс меравем ва аз хобгоҳ берун баромада наметавонем. Дирӯз вақте онҳо омаданд, ки мо риш тарошида ба дарс омодагӣ медидем. Ба фикри ман ин рафтор дар ягон қонун нест, ки омада омӯзгори мактаби олиро облава кунӣ. Пур аст, кӯча аз бачаҳое, ки фоидаашон ба ягон кас намерасад. Чаро онҳоро намебаранд? »
Омӯзгори дигар, ки худро шартан Намоз муаррифӣ кард, гуфт, аслан, дар хобгоҳ омӯзгороне зиндагӣ мекунанд, ки камбизоатанд ва ҳеҷ пушту паноҳ надоранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, аз камбизоатӣ ва пушту паноҳ надоштани ин омӯзгорон дар мақомоту ҳукумат кормандони комиссариат истифода мебаранд.
«Мо агар хонаву дару зиндагиамон хуб мешуд, дар хобгоҳ истода, дарс медодем. Аз ҳамин аҳволи бади мо кормандони комиссариат истифода мебаранд. Ягон бачаи мансабдорро намебаранд. Мо ҳамагӣ як сол хизмат мекунем, лекин бояд дигарон ҳам рафта хизмат кунанд.»
Масъулини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар робита ба «облава» шудани ду омӯзгоронаш хомӯширо ихтиёр кардааст. Аммо Сӯҳроб Ахмедов, комиссари ҳарбии Кӯлоб дар як сӯҳбати бидуни микрофон «облава» шудани ду омӯзгорро шарҳ надод, вале гуфт, фаъолияти онҳо дар доираи қонун ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мушкили даъвати ҳарбӣ ҳоло дар ин аст, ки аксари даъватшудагон дар ҷои зисташон ҳузур надоранд.
-Мо ба 5 ҳазор ҷавони ба сини хидмати ҳарбӣ расида, даъватнома равон кардаем, вале аксари ин ҷавонон дар ҷои зисташон ҳузур надоранд. Мушкили кори мо ҳоло фақат ҳамин аст, аммо мо ҳеҷ гоҳ «облава» намекунем ва кӯшиш мекунем, дар доираи қонун мушкилиро ҳал кунем,-гуфт, ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Саттор Ризоев, муовини комиссари ҳарбии Кӯлоб, дар як сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфта буд, ки дар ин даъват шумораи ихтиёриён хеле афзоиш ёфтааст. Ӯ дар сӯҳбати қаблиаш гуфта буд, ки имсол сафи наваскарони соҳиби маълумоти олӣ дар даъвати якум дар қиёс ба солҳои гузашта се маротиб афзоиш ёфтааст.
Ӯ гуфт: «Масалан, соли гузашта агар дар даъвати якум мо 5 ҷавони соҳиби маълумоти олиро гусел карда бошем, имсол дар даъвати якум 15 нафарро гусел кардем. Ҳоло бисёре аз ҷавонон, ки донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд, хоҳиши хизмат кардан дар артишро доранд. Дар донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ нест ва ин ҷавонон мехоҳанд, бо як соли хизмати ҳарбӣ соҳиби рутба шаванд ва оянда дар соҳаи низомӣ кор кунанд.»
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба, баҳорон ва тирамоҳ расман ҷавононро ба сафи артиш даъват мекунанд. Аммо бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани теъдоди бузурги ҷавонон, нақшаи даъват ба артиш ба кундӣ иҷро мешавад.