Додситонии ҳарбии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки сарбози ҳалокшудаи нерӯҳои марзбонӣ Акмал Давлатов "бар асари латту кӯби як сержанти хурд" кушта шудааст, на аз дармондани нон дар гулӯи ӯ.
Масъулони додситонии ҳарбии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки сарбози ҳалокшудаи нерӯҳои марзбонӣ Акмал Давлатов на аз «руст мондани нон дар гулӯ», балки «бар асари латту кӯби як сержанти хурди қисми ҳарбӣ» кушта шудааст. Зафар Низомов, муфаттиши додситони низомии Хуҷанд рӯзи 20-уми май зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "нисбати Фаррух Давлатов, сержанти хурди воҳиди марзбонии 28 50, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчун масъули қисми ҳарбӣ, тибқи моддаи 391 қисми 1, барои «аз ҳадди ваколати хизматӣ баромадан" парванда боз шудааст."
Ба гуфтаи Зафар Низомов, сержанти хурди қисми ҳарбии марзбонӣ - Фаррух Давлатов шоми 17-уми апрел, се навсарбоз, аз ҷумла Акмал Давлатовро пас аз хӯроки шом ба «Хонаи маишӣ»-и қисми ҳарбӣ даъват карда, онҳоро бо мушту лагад зада, сипас ба таври ногаҳонӣ дар шиками Акмал мезанад, ки дар натиҷа ғизои хӯрдааш ба шуши ӯ олуда шуда, боиси маргаш мешавад." Ҷаноби Нозимов афзуд, "Мо ду шоҳид дорем, ки онҳо бо чашми худ дидаанд, ки Фаррух Давлатов сарбоз Акмал Давлатовро мавриди зарбу лат қарор додааст."
Ҳамчунин ба гуфтаи муфаттиши додситонии низомии Хуҷанд, «экспертизаи тиббӣ-судии Исфара мушаххас кард, ки марги Акмал Давлатов дар натиҷаи «нафасгирӣ» (асфиксияи механикӣ) иттифоқ афтодааст. Вай ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳуш наомада мефавтад.» Ҳамакнун гуфта мешавад, сержанти хурди қисми низомии 28 50 Фаррух Давлатов дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати рақами 2-и шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.
Боздошти Фаррух Давлатов ба гумони даст доштан дар марги ҳамхизматаш
дар ҳолест ки ҷасади Акмал Давлатов, сарбози қисми марзбонии 28 50, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи шанбе, 19-уми апрел ба ҷамоати Дашти Гулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, 200-километрии ҷануби Душанбе оварда ва фардояш ба хок супурда шуд.
Ҷасади Акмалро масъулони қисми ҳарбӣ ҳамроҳӣ карда буданд ва онҳо ба Аъзам Давлатов, падари сарбози фавтида ташхиси тиббиеро дода, гуфтаанд, ки "дар гулӯи фарзандашон нон дармонда ва ба ҳамин иллат вай ҷон додаст."
Фарзияе, ки Аъзам Давлатов, падари Акмал ва дигар пайвандонашон ба он бовар накарданд ва аз рӯзи аввал шакку шубҳаро дар дили онҳо ба вуҷуд овард. Вай мегӯяд: "Ин гапҳое, ки нон дар гулӯи фарзанди ман дармонда бошаду мурда бошад, ҳамааш дурӯғ будааст, масъулони қисми ҳарбӣ барои таскини ман хабари нодурустро оварданд, ҳол он ки Фаррух Давлатов иқрор шудааст, ки ба шиками писари ман зарбаи сахт мезанад ва ӯ нафарсгир шуда беҳуш мешавад ва ба ҳуш наомада, дар роҳ ба бемористон мефавтад."
Ба гуфтаи падари Акмал, писараш 21 сол дошт ва шаш моҳ пеш тариқи "облава" ба хизмат рафта буд. Сержанти хурд Фаррух Давлатов, ки аз ӯ масъули қисми низомӣ ном бурда мешавад, зодаи шаҳри Кӯлоб будааст ва гуфта мешавад, сарбозони навдаъватшударо озору азият мекардааст. Амали Фаррух аз вуҷуди "дедовшина" дар артиши Тоҷикистон дарак медиҳад, ки мақомот ҳамеша инро рад мекунанд.
Аммо зимни тамоси телефонӣ як масъули ин қисми низомӣ бидуни зикри номаш гуфт, замоне ки онҳо ҷасадро ба ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол медоданд, ҳоло сабаби марги сарбоз пурра барояшон рӯшан набуд ва аз ин рӯ, наметавонистанд, ба падари ӯ чизи бештаре бигӯянд.
Дар ҳамин ҳол Сафармоҳ Мирзоева, модари Фаррух Давлатов, нафаре, ки дар марги сарбоз гумонбар дониста мешавад, гуфт, ҳеҷ бовар надорад, ки фарзанди ӯ ба чунин коре даст зада бошад. Ин хонум афзуд, фарзандаш дар хонавода яккаписар буд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон аз ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ озод буд, аммо бо вуҷуди ин ӯ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафт.
Модари ин сарбози гумонбар гуфт, шавҳараш дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳалок шуда буд ва ӯ ду духтару як писарро бо мушкил бузург кардааст ва ҳоло маблағе надорад, то ба вилояти Суғд сафар кунад, «мехоҳам биравам ва бубинам, ки чӣ шудааст, аммо ягон тин маблағ надорам ва ҳеҷ кас ҳам бароям қарз намедиҳад. Боварам намеояд, ки писарам ин хел карда бошад. Волидайни он сарбоз омаданд, ҳар чизе хостанд гуфтанд, вале ман як ҷумла ба онҳо нагуфтам ва дилашон холӣ шуда рафт. Ҳоло фишорам баланд аст ва дилам ҳам бемор аст. Ӯро бероҳа карда, ба хизмат бурданд. Намехостам, биравад. Гуфтам, ки ист ва маро кӯмак кун, ки зиндагиамон мушкил аст. То дарак ёфтам, ки алакай хизмат рафтааст.»
Модари Фаррух Давлатов умедвор аст, ки фарзандаш гуноҳе надорад ва додгоҳ қазияро одилона баррасӣ намуда, ӯро аз ҷавобгарӣ озод хоҳад кард.Аммо Аъзам Давлатов, падари сарбози ҳалокшуда мегӯяд, тамоми талошҳои қонуниро анҷом хоҳад дод, то қотили писараш ҷазои муносиб гирад.