Чархаи дувуми Роғун фаъол шуд. АКС

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми ба кор даровардани чархаи дуввуми нерӯгоҳи Роғун

Чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун имрӯз 9-уми сентябр фаъол шуд. Чархаи аввали он моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд ва интизор мерафт, ки чархаи дувум моҳи апрели соли равон фаъол шавад.

Аммо бо далели пеш омадани ба гуфтаи мақомот мушкили техникӣ ин кор то 9-уми сентябри соли равон ба таъхир афтод. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолият таҷлил мешавад.

Чархаи аввали неругоҳи Роғун субҳи 9-уми сентябр фаъол гардид. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тугмаи ба кор даромадани чархаи дувуми неругоҳро пахш кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, сохтмони нерӯгоҳи Роғун “ба марҳалаи бисёр масъулиятнок ворид гардида,” кишвар ба маблағгузории он эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар ифтитоҳи чархаи дувуми нерӯгоҳи Роғун мақомоти баландпояи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва рӯзноманигорон иштирок доранд. Чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғун аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ ба таври санҷишӣ кор мекард.

Чархаи дувуми Роғун фаъол шуд


Нерӯгоҳи Роғун иншооти ба гуфтаи мақомоти тоҷик сарнавиштсоз барои кишвар аст. Мақомот мегӯянд, дар сурати пурра фаъол шудани Роғун, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад, ки яке аз се ҳадафи стратегии ҳукумат мебошад.

Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Вале дар моҳи марти имсол чархаи аввал аз кор монд ва мақомот пас аз чанд ҳафтаи сарусадо "хабарҳои холӣ кардани обанборро аз об" тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ин кор "ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ" сурат гирифтааст.

Ин вазъият ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғунро ки қарор буд моҳи апрел ба кор сар кунад, низ ба таъхир гузошт.

Ду чархаи нахустини Роғун ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамн вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.

Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони Роғун кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.

Акнун сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба марҳалаи бунёди сарбанди асосӣ ворид шуд, ки сармояҳои ҳангуфтеро тақозо дорад. Вале кишвар имкони аз будҷаи худ ҷудо кардани маблағи бештар аз инро надорад ва аз ин рӯ барои ҷалби сармояи бештар ба Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои молӣ муроҷиат кардааст.