Аз замони ба фурӯш баровардани саҳмияҳои “Роғун” ҳудуди 9 сол сипарӣ шуд ва аз замони ба кор андохта шудани чархаи авали нирӯгоҳ тоза ҳафт моҳ мегузарад ва бисёр саҳмдорон мегӯянд, ки то рафт умеди онҳо ба ваъдаи пардохт шудани фоида аз саҳмияҳо кам мешавад.
Субҳи ҷумъа, 21 июн Китобхонаи миллии Тоҷикистон серодам буд. Саҳҳомдорони «Роғун» барои ҷаласаи солона ҷамъ омада, масъалаҳои афзоиши қимати оинномавии ин ҷамъияти саҳҳомӣ ва боз ҳашт мавзӯи дигарро баррасӣ карданд.
Саидқул Қурбонов, сухангӯи Ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 21-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки куллия масоили ин ҷамъият баррасӣ ва аз сӯйи саҳҳомдорон қабул карда шудааст. Аммо ҷаноби Қурбонов аз посух ба ин савол, ки маблағи ин ҷамъият ба чӣ миқдор ва ба чӣ сабаб афзоиш дода мешавад, худдорӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои "Роғун" соли 2010 ба маблағи 804,7 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Соли 2013 Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳҳомони Роғун аст.
Бахтгул Сатторова, сокини ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 2009 роҳбарони корхонае, ки вай дар он ҷо кор мекард, маҷбур мекунанд, ки ӯ саҳмияҳои “Роғун”-ро харидорӣ кунад. Аммо бо гузашти даҳ сол вай дар бораи сарнавишти ин саҳмияҳо ҳеҷ иттилое надорад. Хонум Сатторова гуфт:
“Маро маҷбур карданд ва ман 5 дона саҳмияи 100 сомонӣ харидам. Ҳоло ҳатто намедонам онҳо куҷо ҳастанд. Он замон 500 сомонӣ маблағи бузурге буд. Ҳоло намедонам он чанд пул шуда бошад. Ҳаволаашро ба худо партофтам...”
Дар маҷмӯъ, беш аз 2 миллион сокинони Тоҷикистон саҳмияҳои оддии нерӯгоҳи “Роғун”, яъне бо арзиши 100 сомонӣ харидорӣ кардаанд. Боз 22 ҳазор нафари дигар саҳмияҳои арзишаш 5 ҳазор сомонии “Роғун”-ро харидорӣ кардаанд. Талоши Радиои Озодӣ барои муайян кардани наҳваи интихоби шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии
“Роғун”, аз ҷумла чӣ миқдор саҳҳомон ва ба кадом шарт ба ин шӯро интихоб шудаанд, бенатиҷа анҷом ёфт.
Фирӯз Саъдизода, сардори раёсати хусусигардонии дороиҳои давлатии Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон 21-уми июн дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки сарнавишти саҳмияҳои харидоришудаи нерӯгоҳи “Роғун” чӣ мешавад, чунин гуфт:
“Тибқи ойиннома фоида аз саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” танҳо баъд аз мавриди комили истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳ пардохт карда мешавад. То он замон афроди саҳҳомдор наметавонанд фоида талаб кунанд ё ҳатто ин саҳмияҳоро ба ҷамъият бифурӯшанд”.
Меҳр Собириён, таҳлилгари иқтисодии тоҷик мегӯяд, ки надодани фоида аз саҳмия то замони сохтмони комили иншоот таҷрибаи маъмулӣ дар кишварҳои ҷаҳон аст. Аммо, ҳатто баъд аз сохтмони пурраи нерӯгоҳ гирифтани фоида зери суол мемонад, зеро: “Роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомӣ худ хулоса мекунад, ки оё ба саҳҳомдорон фоида пардохт кунад ё маблағи аз фурӯши барқ ба даст омадаро ба тавсеаи фаъолияти ин нерӯгоҳ равона созад. Ба ҳар сурат, фаъолияти нерӯгоҳи барқи обӣ судовар аст ва мутмаинам бояд рӯзе фаро расад, ки шаҳрвандон аз саҳмияҳои “Роғун” суде хоҳанд гирифт. Дуруст аст, ки ҳукумат дар баробари фурӯши саҳмияҳо бояд роҳҳои дигари пайдо кардани сармоя барои сохтмони “Роғун”-ро ҷустуҷӯ мекард. Аммо, ман дар ин бораи иттилои саҳеҳ дар даст надорам”.
Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энержиро ҳадафи азими стратегиву саноатии худ унвон карда, ба кор андохтани нирӯгоҳи «Роғун»-ро василаи калидии расидан ба ин ҳадаф арзёбӣ мекунад. Тарҳе, ки аз солҳои шӯравӣ анҷомношуда боқӣ монд, баъди касби истиқлолият дучори монеаҳои сиёсии Узбекистон шуд ва тоза се сол пеш баъди марги президент Каримов ҳукумат аз паи иҷрои нақшаҳояш шуд.
Дар соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки нерӯгоҳи азими "Роғун"-ро бо кӯмаки мардум ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи фурӯши саҳмияҳоро шурӯъ кард. Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Ба кор андохта шудани чархаи аввали нирӯгоҳ ноябри соли 2018 ҳодисаи муҳими таърихӣ шуд. Вале дар моҳи марти имсол чархаи аввал аз кор монд ва мақомот пас аз чанд ҳафтаи сарусадо "хабарҳои холӣ кардани обанборро аз об" тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ин кор "ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ" сурат гирифтааст. Ниҳоят чархаи дуввум, ба қавли мақомот, рӯзи 5 июн ба кор даромад.
Саидқул Қурбонов ба ин савол, ки чӣ замоне маросими расмии мавриди истифода қарор додани чархаи дувуми ин нерӯгоҳ баргузор мешавад, посухи рӯшан надод. Вай афзуд:
“Таҷрибаи истифода аз чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” нишон дод, ки мо набояд дар мавриди истифода қарор додани он саросема шавем. Ҳоло мо кори ин чархаро меомӯзем ва баъд аз мутмаин шудани мутахассисон он мавриди истифода қарор дода мешавад. Чархаи дувум ба мисли чархаи аввал дар замони шӯравӣ сохта шуда, ахиран аз сӯи мутахассисони украинӣ ба таври муосир таҷдид карда шуд”.
Саидқул Қурбонов ҳамчунин дар посух ба ин савол, ки оё чархаҳои боқимондаи нерӯгоҳи “Роғун” фармоиш дода шудаанд ё не, изҳори беэътилоӣ кард.
Сарбанди "Роғун", ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Камбуди барқ аз мушкилиҳои аслӣ барои Тоҷикистон дар даврони истиқлол аст. Мардуми Тоҷикистон солҳо аз ин мушкил азият мекашанд ва ба гуфтаи мутахассисон иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дидааст.
Нуқтаи авҷи ин мушкил ба соли 2008 бармегардад, ки аксари мардум дар Тоҷикистон дар сардтарин рӯзҳои зимистон бидуни барқ монданд. Дар он сол ҳатто беморхонаҳои Тоҷикистон нирӯи барқ надоштанд ва фавти тифлони навзод дар зоишгоҳҳо аз бебарқӣ сабт шудааст.