Достонҳои ғамангези зиёд, хастакунанда ва сели хабарҳои нозарур аз ҷумла сабаб шудаанд, ки баъзе аз корбарони Фейсбук, барои муддате аз ин шабакаи бузурги иҷтимоӣ дур шаванд.
Як пажӯҳиши маркази назарсанҷии Пю ва Барномаи Зиндагии Амрикоӣ дар Иёлоти Муттаҳида нишон додааст, ки тақрибан 61 дар сади корбарони Фейсбук ё аз дасти ғайбати зиёд ва ё кам шудани ҳавсала, барои муддате аз ин шабака фосила гирифтаанд.
Аммо айни замон, Фейсбук ҳамчунон дар Амрико ба таври фарогир истифода мешудааст. Аз ҳисоби мардуми калонсоли Иёлоти Муттаҳида 76 дарсади онҳо дар Фейсбук саҳифаи хусусӣ доштаанд. Ҳузури онҳо дар Линкедин, торнамои иҷтимоии дигар 20 дар сад ва дар Твиттер 16 дар садро ташкил медиҳад. Баъзе аз корбарон ба Фейсбук барои муваққат меомадаанд, вале теъдоди дигар дар онҷо лонаи доимӣ мегузоштаанд.
Дар назархоҳии Пю, ҳафт дар сади корбарон гуфтаанд, ки як вақте Фейсбукро истифода мекардаанд, вале дигар онҷо нестанд. Ба ҳисоби худи Фейсбук ҳоло корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон аз 1 миллиарду 60 миллион нафар гузаштааст, ки онҳо ҳадди аққал моҳе як бор ба саҳифаи худ дар ин торнамо сар мезананд. Дар ин омор, саҳифаҳои тақаллубӣ ҳам шомил мешудааст. Теъдоди “аҳолии” амрикоии Фейсбук 150 миллион нафар будааст.
Тақрибан 20 дар сади ин корбарон гуфтаанд, ки саргарми кору зиндагӣ ҳастанд ва фурсат надоранд, ки ҳар рӯз ба саҳифаи худ ворид шаванду бубинанд, ки дигарон чӣ менависанд ва чӣ аксе мегузоранд. Бо вуҷуди онки, доир ба амнияти иттилоъи маҳрамона ва берун рехтани ҷузъиёти зиндагии хусусӣ аз тариқи Фейсбук дар матбуот зиёд мегӯянд, аммо танҳо 4 дар сад гуфтаанд, аз ҳамин сабаб Фейсбукро тарк кардаанд. Рекламаву спам дар Фейсбук ҳам сабаби гурези мувақаттии мардум аз шабакаи иҷтимоии мазкур будааст. Баъзе аз корбарон саҳифаи худро дар Фейсбук пок карда, вале баъдан бозгаштаанд.
Бо вуҷуди фосила гирифтани баъзе аз корбарон, аксарият яъне 92 дар сади онҳо гуфтаанд, ки саҳифаи худро дар Фейсбук нигаҳ медоранд ва онро пок накардаанд. Ҷолиб ин аст, ки 42 дар сади ҷавонони аз 18 то 29 сола гуфтаанд, ки назар ба гузашта дар ин шабака вақти камтар сарф мекунанд ва шояд ин аз кам шудани ҳавасашон нисбат ба шабака бошад. Ҳашт дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки вақти беш аз ҳадди худро дар ин шабака сарф мекунанд.
Ли Ренӣ аз Маркази назарсанҷии Пю гуфтааст, ки пажӯҳиши онҳо нишон дод, ки мардум як навъ зиндагии худ дар шабакаҳои иҷтимоиро арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, мардум бо гузашти фурсат ҳоло саъй доранд, зиндагии худро ба навъе бо ин шабакаҳои иҷтимоӣ мувофиқ кунанд. Онҳо аз худ мепурсанд, ки то куҷо иттилоъ дар бораи кори дӯстонашон барои онҳо муҳим асту ба онҳо чӣ медиҳад. Лӣ Ренӣ афзудааст, корбарони Фейсбук ба тавре ҷанбаҳои манфиву мусбати ин шабакаро баррасӣ карда ва саъй доранд, ки бифаҳманд, чӣ қадар вақти худро инҷо сарф мекунанд ва дар иваз чӣ мегиранд?
Фейсбук дар вокуниш ба пажӯҳиши мазкур гуфтааст, ки аз ҳисоби бештар аз 1 миллиард корбари он, 618 миллион нафари онҳо корбарони фаъоланд ва 680 миллион нафари онҳо аз телефонҳои ҳушманд ба Фейсбук ворид мешудаанд. Ба гуфтаи Фейсбук, дар Амрико мардум 20 дар сади вақти худ дар телефонҳои ҳушмандро дар Фейсбук сипарӣ мекардаанд. Дар Тоҷикистон бино ба гузоришҳо, теъдоди корбарони ин шабака ба 45 ҳазор нафар мерасад ва шумораи онҳое ки ба шабакаи мепайванданд, ба тадриҷ меафзояд.
Агарчӣ дар Тоҷикистон пажӯҳише дар бораи “хаста” шудан аз Фейсбук анҷом нашудааст, аммо Рустам Маҷидов, коршиноси тоҷик, ки шабакаҳои иҷтимоиро мушоҳида мекунад, мегӯяд, аломатҳое аз тамоюли шабеҳ дар Амрико ба чашм мерасад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад