Китоби яктоннагии президент дар Ҳисор. ВИДЕО

Дар шаҳри Ҳисор як тимсоли китоби президенти Тоҷикистонро сохтаанд, ки як тонна вазн дорад. "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и Эмомалӣ Раҳмон аз чӯбу оҳан омода шудааст ва дар яке аз маконҳои намоёни шаҳр насб хоҳад шуд. Ин китоби яктоннагиро, ки шаш метр паҳнӣ ва чор метр дарозӣ дорад, гурӯҳе аз омӯзгорони мактаби президентӣ бо ҷамъоварии 12 ҳазор сомонӣ пули соҳибкорон сохтаанд.​

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Китоби яктоннагии президент дар Ҳисор

Соли 2014 Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди мусаввирон тарҳи бюсти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро омода карда буданд.

Муҷассамаи китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро муваққатан дар назди маорифи шаҳри Ҳисор гузоштаанд ва масъулони маориф ба хотири, ба гуфтаи онҳо, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ шогирдони мактабро ба назди муҷассама меоранд. Ин асар соли 2002 чоп шуда, таърихи тоҷиконро аз панҷ ҳазор соли пеш то асри 20 бозгӯ мекунад.

Назрӣ Асадзода

Назрӣ Асадзода, мудири маорифи шаҳри Ҳисор, рӯзи 25 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бунёди тимсоли китобро арҷгузорӣ ба президент талаққӣ кард. Вай гуфт, "ин китоб китоби бузург аст ва ҷойгоҳу арзишу мақоми онро наметавон дар ҳеҷ гуна василаҳои моддӣ ғунҷоиш дод." Аммо мунтақидон мегӯянд, дар Тоҷикистон парастиши шахсияти президент авҷ гирифта, агар дар гузашта аз таҳияи шеъру навиштани иншо иборат буд, ҳоло ба эҷоди муҷассамаҳои осори ӯ расидааст.

Қонунҳои Тоҷикистон сохтани муҷассамаи раиси ҷумҳури кунунӣ, ки расман унвони Пешвои миллатро гирифтааст, дар ҳоли зинда буданаш манъ мекунад. Бар асоси қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат", ки моҳи декабри соли 2015 қабул шуда ва моҳи октябри имсол ислоҳ дид, дар замони зиндагии Эмомалӣ Раҳмон бунёди осорхонаҳои ӯро иҷозат шуда, вале муҷассамаи ӯ танҳо пас аз фавташ сохта хоҳад шуд. ​

Соли 2014 Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди мусаввирон (Худфонд) тарҳи бюст (ҳайкалча)-и Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро омода карда буданд. Онҳо он замон гуфтанд, дар сурати ризояти ҳукумат онро бо теъдоди зиёд нашр хоҳанд кард.

Ҳатто як нусхаи нимпайкараи сохтаашонро ба намоиш низ гузошта буданд, вале баъдан дар ин маврид ҳеҷ сӯҳбат нашуд ва ташаббускорони сохтани бюсти Эмомалӣ Раҳмон низ аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ карданд.

Замони Шӯравӣ сохтани муҷассама ба афроди зинда ва раҳбарони фавтидаи ин Иттиҳод бештар ба назар мерасид. Бар асоси қонунҳои Шӯравӣ ҳар нафаре, ки ду дафъа унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро дарёфт мекард, барояш муҷассама мегузоштанд. Дар Тоҷикистон дар замони зинда буданашон ба ду шахсият - Абдуғаффор Самадов ва Саидхоҷа Урунхоҷаев, раҳбарони хоҷагиҳои маъруфи замони Шӯравӣ, ки унвони Қаҳрамони меҳнат дарёфт карда буданд, муҷассама ё худ бюст гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Вай, ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд. Қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" иштироки бемаҳдуди ӯ дар интихоботҳои ояндаи президентро кафолат додааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, тамаркузи қудрат дар ихтиёри як шахс, ки қонуни нав инро фароҳам меорад, хилоф бо меъёрҳои як кишвари демократист.