Масъулони ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ба хонандагони ягона “вагон – мактаб” дар ин минтақа ваъда кардаанд, ки онҳо дар соли 2015 соҳиби мактаби нави замонавӣ хоҳанд шуд.
Ин “вагон – мактаб”-и рақами 19, дар деҳаи “Роҳи Ленин”-и ҷамоати “Ифтихор” - и ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ воқеъ аст ва дар он дар маҷмӯъ 480 хонанда аз рустоҳои “Роҳи Ленин”, “Роҳи Ленин-2” ва “Ифтихор” таҳсил мекунанд.
Меҳрноза Самадова, хонандаи синфи 5 –уми ин “вагон - мактаб”дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар замистон бод аз сӯрохии вагон вазад ва болои сарашон борон резад, дар тобистон синфхонаҳои оҳанин он чунон метасфанд, ки нишастан номумкин аст.”
Меҳрноза мегӯяд, ҳар гоҳе, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон лентаи мактаби замонавиеро дар ин ё он ҷо мебурад, ӯ орзу мекунад, то вай бо ҳамсинфонаш низ рӯзе таҳсилро дар синфхонаҳои зебову барҳаво идома бидиҳанд. Меҳрноза гуфт, “зимистон хунук мешавад ва мо хунук мехӯрем ва дар тобистон ҳаво гарм аст, ки синфхонаҳо гарм мешаванд. Дар телевизион мактабҳои навро мебинем, ки ҳавасамон меояд ва мехоҳем, ки мо низ дар онҷо таҳсил кунем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Маҳмадсаид Самадов, омӯзгор аз рустои “Роҳи Ленин”, ки ҳамин “мактаб - вагон”-ро хатм кардаву баъди панҷ соли донишомӯзияш дар донишгоҳ, боз ба ҳамин “мактаб” бар гаштааст, мегӯяд, ин гуна ваъдаҳои мақомотро, ки хонандагон соҳиби мактаби замонавӣ мешаванд, замони ҳанӯз худи ӯ хонандаи “мактаб – вагон” будан низ зиёд шунидааст. Ин хонандаи собиқ ва омӯзгори феълии “вагон - мактаб ” гуфт: “Ман аз Ҷаноби Олӣ ҳамин дархостро дорам, ки дар асри 21 дар ин гуна мактаб таҳсил дигар номумкин аст. Рӯзҳои боронӣ аз болои сари хонандагон об мерезад ва наметавонанд, ки ба дарсҳо биёянд ва ё дохили синфхонаҳо нишинанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Иддае аз сокинони деҳаи “Роҳи Ленин” мегӯянд, ки беш аз 40 сол аст, ки фарзандони онҳо дар ин “вагон - мактаб” таҳсил мекунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, мӯҳлати истифодаи ин “вагон –мактаб” –ҳо ҳанӯз дар замони Шӯравӣ гузашта буд. худи Шӯравӣ, ёдовар мешавем, ки соли 1991, яъне ҳанӯз 23 сол пеш фурӯ пошида буд.
Боздиди мо аз ин “вагон – мактаб” ҳам нишон дод, ки хонандагонаш дар шароити сангине дарс мехонанд. Вагонҳо фарсуда шуда, сақфу фарши вагонҳо корношоям шудааст ва зимистон маъмурияти мактаб панҷараҳо ё тирезаҳои вагонҳоро селофанпеч мекунанд.
Барои хонандагони “мактаб” 6 вагони фарсуда хизмат мекунад ва ҳатто дар як вагон ду синфи як ва ду баробар дарс мехонанд, ки дар вақти дарс садои онҳо баробар шунида мешавад ва ба якдигар халал мерасонанд.
Мардуми маҳаллӣ агарчи аз ин шароити фарзандонашон нигарон ҳастанд, аммо гоҳо бо ханда ва шухӣ ин “вагон – мактаб”-ро ба мактаби кӯҳнаи Садриддин Айнӣ ташбеҳ медиҳанд ва интизор доранд, ки рӯзе аз мактаби онҳо низ мисли Айнӣ хонандаи донишманде ба воя мерасад.
Аммо муаллимон мегӯянд, дар чунин шароит тарбия кардани як шогирди донишманд амре муҳол мебошад. Анвар Камолов, омӯзгори “вагон - мактаб”гуфт, ки ба хотири набуди оддитарин шароити фаннӣ дар мактаб шогирдони онҳо аз таҳсил дур мемонанд.
Ҳикматулло Саидов, мудири “вагон - мактаб”дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ низ мушкилоти ин мактабро тасдиқ кард ва афзуд, “шароит инҷо хело вазнин аст, зимистон аз сардӣ, тобистон аз гармӣ. Хонандагон ба дарс омада, касал мешаванд. Вақте ба хонаҳояшон меравем, волидайнашон мегӯянд, ки фарзандони онҳо мариз дар бистар ҳастанд.”
Сокинони деҳае, ки “вагон – мактаб” дар он воқеъ аст, ният кардаанд, то аз тариқи “ҳашар” мактаб созанд. Аммо ба гуфтаи Сайдмурод, яке аз бошандагони ҷамоати “Ифтихор”, фақру нодории мардум ба ин даст надодааст: “Пешниҳод шуда буд, ки бояд мардум бо пули худ ҳашар карда, мактаб бисозанд. вале зиндагии мардум хуб нест, зӯрашон ба сохтани мактаб намерасад. Ҳарчанд медонанд, ки шароит дар мактаб бад аст, вале илоҷ нест.”
Дар ҳамин ҳол, Тӯйчӣ Маҳмадёров, мудири идораи маориф ва илми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чаҳорчӯби барномаи азнавсозии мактабҳо, онҳо тасмим доранд, хонандагонро аз вагонҳо ба синфхонаҳои нав ва муҷаҳҳаз бо фанновариҳо бибаранд. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадёров, ҳукумати ноҳия дар талоши иҷрои ин кор ааст ва умед аст, ки дар ояндаи наздик хонандагони “мактаб – вагон” соҳиби мактаби замонавӣ хоҳанд шуд.
Ҳарчанд мактаби рақами 9 –и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ягона “вагон – мактаб” дар вилояти Хатлон аст, аммо дар тамоми кишвар шумораи ин гуна “вагон – мактаб”- ҳо беш аз 10 гуфта мешавад.