“The Economist”: “Саркӯб дар Тоҷикистон. Афтодани хиштҳо”

Як дипломати ғарбӣ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон "як низоми феодалист, ки элитаҳояш то замоне ки метавонанд, ҷайбҳои худро пур мекунанд.”
Маҷаллаи “The Economist”, як маҷаллаи мӯътабари чопи Бритониё, дар матлабе таҳти унвони “Саркӯб дар Тоҷикистон. Афтодани хиштҳо” навиштааст, зоҳиран раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо наздик шудани интихоботи моҳи ноябраш ҳарчӣ бештар аз дарки воқеъиятҳо дуртар ва саркӯбгартар мешавад. “Вақте видеои сурудхониву рақс кардани Эмомалӣ Раҳмон дар тӯйи писараш ахиран дар Интернет зоҳир шуд, давлати ӯ метавонист аз ин ба хотири таблиғи ҷанбаҳои инсонии президенти Тоҷикистон истифода кунад. Аммо ба ҷои ин, Youtube-ро баста, ба бозпурсии аксу наворбардорони он тӯй пардохтанд, “ – менависад аз ҷумла ин маҷалла ва меафзояд, ин танҳо мавриди хирагии табъи Раҳмон набуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“The Economist”: “Саркӯб дар Тоҷикистон. Афтодани хиштҳо”



Аз воқеъиятҳо канда шудан ва “ғайри қобили эътимод шудани яке дигар аз шарикони нособити Ғарб дар минтақа”, ба навиштаи “The Economist”, бахусус дар амри таъмини роҳҳои хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 такмил шавад, муҳим аст. Ин вазъ дар зеҳни Ғарб метавонад нигаронӣ аз дурнамои бесуботӣ дар марзи ҳоло ҳам осонгузари Тоҷикистон бо Афғонистонро талқин кунад. Он ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон алакай масири транзити миқдори хурде аз таҷҳизоти НАТО мебошад.

“The Economist” менависад, “Тоҷикистон ягон бор интихоботе доир накардааст, ки аз сӯи нозирони мӯътамад одилона қазоват шуда бошад. Аммо қасдгирии имсола аз мунтақидони давлат бахусус шадид буд.” Маҷалла аз ҷумла аз ваҳшиёна латукӯб шудани яке аз раҳбарони мухолифони исломӣ дар моҳи апрел (Муҳаммадалии Ҳайит - Озодӣ) ва боздошти вазири собиқи саноат Зайд Саидов дар моҳи май ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки Саидовро бо як иттиҳоми фасоди 8 соли пеш дар пайи азмаш ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дастгир карданд.

“The Economist” менависад, “Саидов ҳоло таҳти фишор қарор дошта, дастрасии ӯ ба вакили мудофеъашро маҳдуд кардаанд. Ҳамҳизбони ӯ, ки бархеаш аз беҳтарин ақлҳои Тоҷикистонанд, низ таҳдид мешаванд: Онҳо ҳушдор гирифтаанд, ки мувозеҳи ҳар хиште ки ногаҳон ба сарашон меафтад, бошанд. Таҳдиди куштан аз сӯи афроди аноним ва маъмурони дӯстрӯи хадамоти ҷосусӣ, ки то ҳол ҳамон номи нохушоянди КГБ-ро дорад, ҳатто ба кӯдакони онҳо низ шудааст.”

Маҷалла аз қавли Нуриддин Қаршибоев, раҳбари як созмони ҳомии матбуот меафзояд, ки “дар 20 соли истиқлол чунин бад нашуда буд.” Қаршибоев қазияи Зайд Саидовро ҳушдоре ба синфи миёна номидааст, то аз сиёсат парҳез кунанд.

“The Economist” менависад, “Ҷаноби Раҳмон дӯст медорад, ки бо таъкид ба ҳизби наҳзати сломӣ ва чанд нашрияи мунтақид пойбандиаш ба гуногунандеширо собит кунад. Вале ин ҳизбро дуздидани орояш дар интихобот, таҳдидҳо ва ҳамлаҳои хушунатомез алайҳи раҳбаронаш ба хашм овардааст. Дар моҳи апрел, вақте ҳизб мехост анҷумани байналмилалие барпо кунад, режим додани раводиди сафар дар фурудгоҳро то замони гузаштани ин ҳамоиш қатъ кард.”

Дар ҳамин ҳол, меафзояд “The Economist”, “телевизиони давлатӣ дар ҳама маросимҳои хастакунандае, ки кӯдакон байрақачаҳо дар даст ба шарафи Раҳмон шеъру достонҳо қироат мекунанд, итоаткорона ҷаноби Раҳмонро дунбол мекунад.”

Муаллиф мегӯяд, “Раҳмон як дастовард дорад: ба хатми ҷанги шаҳрвандие, ки дар солҳои 90 аз 50 000 то 100 000 кушта ба ҷо гузошт, кумак кардааст. Тоҷикҳо ҳамин тавр, дар Тоҷикистон назар ба ҳамзабонҳои худ дар Афғонистон зиндагии беҳтар доранд. Аммо эътибори раисиҷумҳур ба ҳайси сулҳовар метавонад дигар кифоят накунад. Насли баъдиҷангӣ ҷои кор ёфта наметавонад. Иқтисод гаравгони хонаводаи раисиҷумҳур шуда, пайвандони ин хонавода тиҷоратҳои муваффақро ғасб мекунанд. Тавре як дипломати ғарбӣ хулоса кард: “Ин як низоми феодалист, ки элитаҳояш то замоне ки метавонанд, ҷайбҳои худро пур мекунанд.”

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба навиштаи “The Economist”, “ҷаноби Раҳмон зоҳиран як чашмаш ба сӯи равобити сахти ӯ бо Русия аст. Бо дарназардошти таърихи дахолатҳои Русия дар умури сатрапияҳои собиқаш дар Осиёи Марказӣ, ӯ метарсад, ки Русия метавонад аз ягон номзади алтернативӣ, мисли ҳамон ҷаноби Зайд Саидов ҳимоят кунад. Кремл аз ҷаноби Раҳмон, ки дар тамдиди замони будубоши бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ маътал мекунад, хушу розӣ нест. Чанде аз мунтақидонаш дар Русия ба сар бурда, аз тариқи телевизиони моҳвораӣ ва Интернет ба Раҳмон ҳамла мекунанд.”

Аммо, менависад муаллиф, “Русия боз як фишанги қавии дигар дар даст дорад. Дастикам 1 миллион тоҷик, бо шумули, бино ба бархе ҳисобҳо, нисфи мардони қобили кори Тоҷикистон, дар инҷо кор мекунанд. Пуле ки онҳо мефиристанд, баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар аст. Ҷаноби Раҳмон медонад, ки агар Русия сабрашро аз даст диҳад, ҳамагӣ чанд ҳавопаймо бо муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик метавонад пойтахташ, Душанберо дар чанголи беназмӣ андозад.”