Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Economist": Хуруҷи Нато аз Афғонистон ба фоидаи Осиёи Марказӣ нест


Хуруҷи сарбозони ИМА ва аъзои эътилофи байналмилалӣ, то охири соли оянда, метавонад тамоми Осиёи марказиро ноором кунад, менависад маҷаллаи “ Economist”

"Економист" навиштааст, ки бо хуруҷи нируҳои байналмилалӣ аз Афғонистон кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ заъфпазир мешаванд. "Ҷанги дар Афғонистон фақат як бахши ин мушкилот аст. Мушкилоти дигар хушунат, экстремизми динӣ ва тиҷорати маводи мухаддир аст, ки аз тарафи ҷангсолорони пурқудрат назорат мешавад", гуфтааст "Еconomist".

Ба назари муаллифи мақола, наздикии ақаллиятҳои тоҷику узбаки Афғонистон бо ҳамсоя-кишварҳо, тоҷикону узбакҳоро ба як бахши низоъҳои миёни қавмҳо табдил додааст. Ҳамзамон муаллифи мақола мегӯяд, арзёбии таҳдидҳои марбут ба экстримизм, ки пайваста ба онҳо таъкид мешавад, душвор аст, ба он хотир, ки баъзан раҳбарони худкомаи ин кишварҳо таҳдиди экстримизми исломиро аз будаш бештар нишон медиҳанд.

“Economist” менависад, дар муқоиса бо давлатҳои минтақа, Тоҷикистон бештар аз ҳама ба хатари нокомӣ рӯ ба рӯ аст. "Ҳукми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе бахшҳои ин кишвар заиф аст", менависад муаллифи мақола. Қирғизистон, ки талош кардааст аз ҳалқаи кишварҳои диктаторӣ берун биравад, бо панҷ ҳукумат дар чаҳор сол, парокандаву бенизом ба назар мерасад. Туркманистон бошад як давлати сарбастест, ки раҳбари он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, аз соли 2006, дар сабқати кеши худпарастӣ, раҳбари пешини ин кишвар "Туркманбошӣ"- ро ба як нул мезанад.

Узбакистон низ бо такя ба ҳукуматдории худкомаи бешафқат, назму суботи ин кишварро то ҳадде ҳифз кардааст, вале мардум аз ҳукмронии беш аз бистсолаи президент Ислом Каримов ва духтари ӯ, ки бисёриҳо ӯро ҷойгузини падар мехонанд,безор шудааст.

“Economist”, мегӯяд, ин бастаи мушкилотро равобити сарди панҷ кишвари минтақа печидатар мекунад. Узбакистон, бо доштани мавқеъи калидӣ, захоири табии ва наздик ба 30 миллион аҳолӣ худро раҳбари минтақа дидан мехоҳад. Дар ҳоле, даъвои "пешвоӣ" барои Қазоқистон, кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи минтақа низ бегона нест. Бар илова Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар водии Фарғона баҳси марзӣ доранд.

“Economist” хотирнишон мекунад, ки Узбакистон аз бунёди обанборҳои бузург дар Қирғизистону Тоҷикистон нороҳат буда, дар лаҳзаҳои ҳассос интиқоли газӣ табииро ба ин ҷумҳуриҳо қатъ мекунад ва марзҳояш бо ин ду кишвари нистабан бебизоати Осиёи Марказиро мебандад. Муаллифи мақолаи “Economist”, ин амалҳои Узбакистонро заминае барои афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ ва қавмӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон номидааст.

Ҳоло, ки нерӯҳои НАТО барои берун шудан аз Афғонистон омода мешаванд, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мехоҳанд аз ин хуруҷ фоидае ба даст биёранд.
Узбакистон беш аз ҳар кишвари дигари минтақа интизор дорад, ки ҳангоми беруншавии нерӯҳои НАТО миқдори муайяни силоҳу муҳимоти нерӯҳои байналмилалиро ҳамчун ҳаққи хидмат ба даст биёрад.
“Economist” тахмин мекунад, ки Узбакистон ҳозир аст, пойгоҳи ҳавоии Хонободро дубора дар хидмати нерӯҳои НАТО қарор диҳад. Соли 2005-ум баъди танқиди амрикоии амалиёти ҳукумати Узбакистон бар зидди эътирозгарон дар Андиҷон, ки ҳаёти даҳҳо фарди осоиштаро аз байн бурд, Тошканд нерӯҳои ИМА-ро аз истифодаи пойгоҳи Хонобод маҳрум карда буд. Ҳоло Узбакистон аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъии зери раҳбарии Русия хориҷ шуд, то бидуни мушкиле мизбони пойгоҳҳои нерӯҳои хориҷӣ бошад.

Ба навиштаи “Economist” Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз Русия вобастагии бештар доранд ва мизбони пойгоҳҳои низомии Русия мебошанд, чунин интихоби озод надоранд. Бар илова, Русия мехоҳад, мақомоти Қирғизистон созиши истифодаи пойгоҳи Манасро, ки дар миёнаҳои соли 2014-ум хотима меёбад, тамдид накунанд. Феълан сарбозони амрикоӣ тавассути пойгоҳи Манас ба Афғонистон равуо мекунанд.

Дар поёни мақолаи “Economist” таъкид шудааст, ки бо ихроҷи нерӯҳо аз Афғонистон рақобати Русияву Амрико барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ хотима намеёбад ва бар илова Чин ҳам саъй хоҳад кард, ки таъсираш дар минтақаро афзоиш диҳад. Аммо дар ниҳояти амр, ин талошҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ назму субот меоранд ё нооромӣ, вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG