Парвандаи келини тоҷики мушовири Путин (2 ВИДЕО)

Юрий Глазев ва Фирӯза Савушкина.

Мақомоти Русия тафтиши парвандаи арӯси тоҷики мушовири президенти Русия Сергей Глазевро анҷом додаанд. Фирӯза Савушкина, ки аз Юрий Глазев чормоҳа ҳомила будааст, ба қасди куштани парастори бибии ӯ Дилафрӯз Мирзоева айбдор мешавад.

Юрий Глазев, писари Сергей Глазев, мушовири президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, барои арӯси тоҷикаш Фирӯза Савушкина, ки бо иттиҳоми таҳдиди куштани парастори низ тоҷики хонаводаи Глазевҳо боздошт шудааст, вакили мудофеъи ҷадид киро кардааст. Юрий Глазев гуфт, азбаски аз фаъолияти адвокати қаблӣ хеле норозӣ буд, аз хидмати ӯ даст кашид.

Ин дар ҳолест ки мақомоти Русия мегӯянд, таҳқиқи парвандаи Фирӯза Савушкинаро ба поён расондаанд ва ба зудӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мекунанд.

Фирӯза Савушкинаи 32-сола, хидматгори пешини хонаводаи Глазевҳо, ки дили писари Сергей Глазевро ба даст овардааст, ба он айбдор мешавад, ки дар моҳи сентябр аз ғояти рашк ба Дилафрӯз Мирзоева, парастори бибии Юрий Глазев, ки низ аз Тоҷикистон будааст, дарафтода, ӯро таҳдиди куштан кардааст. Ба дунбол Фирӯзаро, ки аз издивоҷи қаблиаш як духтари хурдсоле бо номи Полина низ дорад ва ҳоло аз Юрий Глазев чормоҳа ҳомила будааст, дастгир ва ба таҳдиди куштор айбдор шуд. Тибқи қонунгузории ҷиноии Русия, ба ӯ то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дилафрӯз Мирзоева ба шабакаи РЕН ТВ гуфтааст, ки Фирӯза бо корд ба ӯ ҳамла карда ва гуфтааст, ки "ман туро мекушам." Ба гуфтаи Дилафрӯз, "Юра дар қафояш истода буд ва кордро аз дасташ кашида гирифт."

Юрий Глазев, ки 23 сол дорад ва аз маъшуқаи тоҷикистониаш 9 сол хурдтар аст, дар ин гирифтории Фирӯза дасти падари қудратмандашро мебинад. Ӯ ба расонаҳои Русия гуфтааст, азбаски волидонаш мухолифи издивоҷи ӯ бо арӯси тоҷикаш буданд, алайҳи ӯ чунин парванда бофтаанд. Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии РЕН ТВ мегӯяд: “Падари ман мушовири президенти Русия Сергей Юревич Глазев вақте ин ҳамаро барномарезӣ кард, ба шӯъбаи пулис занг зада, аз онҳо хост, ки ба Фирӯза бо чунин шеваи шадид фишор оварда, ӯро бандӣ кунанд.”

Видеои РЕН ТВ дар бораи талоши Юрий Глазев барои аёдати арӯсаш дар боздоштгоҳро инҷо тамошо кунед:

Юрий Глазев мегӯяд, модараш низ шадидан зидди издивоҷи ӯ бо Фирӯза буд. Аммо худи Сергей Глазев дар як сӯҳбати телефонӣ бо писараш , ки сабташро шабакаи телевизионии РЕН ТВ нашр кардааст, инро рад мекунад ва мегӯяд, ки барои раҳоии келинаш тамоми талошро ба харҷ дода истодааст.

РЕН ТВ ба далели ин ҳама моҷаро достони ишқи писари мушовири президенти Русия ба хидматгори хонаводаашон аз Тоҷикистонро ба достонҳои “Ҳазори як шаб” ташбеҳ додааст. РЕН ТВ дар гузоришаш аз 6 ноябр чанд видео аз лаҳзаҳои зиндагии хушбахтонаи Юрий ва Фирӯзаро овардааст. Аз ҷумла лаҳзаҳо аз як зодрӯзеро, ки дар он Юрий дар иҳотаи зоҳиран ҳамватанҳои Фирӯза ба ӯ изҳори ишқ мекунад.

Сергей Глазев

Сергей Глазев, аз сиёсатмадоррони қавмгарои Русия, 53 сол дошта, академики РАН – Фарҳангистони улуми Русия аст. Ӯ тайи солҳои 1992-1993 дар ҳукумати сарвазир Виктор Черномирдин вазири равобити иқтисодии хориҷии Русия буд. Баъди тарки ҳукумат чанд навбат вакили Думаи давлатӣ интихоб шуда, дар интихоботи соли 2004-уми президентии Русия дар муқобили Владимир Путин аз номи ҳизби миллатгарои “Родина” номзад шуда, 4,1 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар интихоботи президентии соли 2012 ӯ ба унвони шахси мӯътамади Путин ширкат дошт ба дунболи пирӯзии ӯ, дар тобистони соли 2012 мушовири раисиҷумҳур дар умури ҳамоиши иқтисодии минтақавӣ таъин шуд. Глазев бо мавзеъгириҳои давлатгароёна ва ба ақидаи мунтақидон, ҳатто “салтанатгароёна”-аш дар масоили сиёсиву иқтисодии Русия фарқ мекунад ва аз ҷумла аз ҷонибдорони гарми ташдиди сиёсати Маскав дар масоили муҳоҷират ва дар масъалаи ҳимоят аз ҷудоиталабон дар Украина ба шумор меравад.

Ин нахустин мавриди издивоҷи духтарони тоҷик ба шахсиятҳои маъруф дар Русия нест. Дар тобистони соли равон гузориш шуда буд, ки ровии маъруфи телевизиони Русия Александр Гордон ба абераи шоири маъруфи тоҷик Мирсаид Миршакар ва набераи коргардонҳои маъруфи синамо Зарина Миршакар ва Валерий Аҳадов издивоҷ кардааст.

Гордон 50 сол ва арӯси тоҷики ӯ Ноза (Нозанин) Абдулвосиева ҳамагӣ 20 сол дорад. Рӯзи 27 октябр хабар омад, ки ҳамсари тоҷикаш барои ин ровии маъруф писар ба дунё овардааст ва ӯро мисли падараш Александр ном кардаанд.

Гузориши видеоии РЕН ТВ дар бораи ишқи писари мушовири президенти Русия ба хидматгори тоҷикро метавонед инҷо тамошо кунед: