Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Гордон аз зани тоҷикаш соҳиби писар шуд


 Ноза Абдулвосиева. Акс аз Facebook
Ноза Абдулвосиева. Акс аз Facebook

Ровии маъруфи телевизиони Русия Александр Гордон аз ҳамсари тоҷикаш Ноза Абдулвосиева соҳиби писар шуд ва ин фарзандашро ҳам мисли худаш Александр ном додааст.

Александр Гордон, ровии маъруфи барномаҳои ОРТ - шабакаи аввали телевизиони Русия, аз ҳамсари тоҷикаш Ноза (Нозанин) Абдулвосиева соҳиби писар шудааст. Бино ба хабарҳо, ин вориси Александр Гордон рӯзи 27 октябр дар яке аз зоишгоҳҳои Маскав дида ба дунё кушодааст.

Гордон, ки то ҳол танҳо ду духтар дошт, бо изҳори шодӣ гуфтааст, “Сан Саничи ман таваллуд шуд! Қаду вазнашро намегӯям, чунки метарсам, ки чашмаш накунанд.”

Ин ҷуфт, бино ба хабарҳо соли гузашта дар ҷараёни банаворбардории филми “Ҷудо баақл” (“Умник”) бо ҳам шинос шудаанд. Ноза Абдулвосиева 20 сол дошта, дар ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кино – таҳсил мекунад ва набераи коргардони маъруфи синамои тоҷику рус Валерий Аҳадов мебошад. Ноза Абдулвосиева ҳамсари чоруми Гордони 40-сола аст. Гордон аз издивоҷҳои қаблиаш бо Мария Вердникова ва Елена Пашкова ду духтар дошт, вале Александри навзод нахустин писари ӯст.

Александр Гордон
Александр Гордон

Дар моҳи июли соли 2014 эълон шуд, ки Александр Гордон ба як донишҷӯи зодаи Тоҷикистон издивоҷ кардааст. Александр Гордон 50 сол ва ҳамсари нави ӯ – Ноза Абдулвосиева – ҳамагӣ 20 сол доранд. Валерий Аҳадов, бобои Ноза он вақт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Александр Гордон ва набераи ӯ ҳанӯз дар моҳи июн ақди никоҳ бастаанд. Ба гуфтаи Аҳадов, “онҳо бидуни сару садо рафтани никоҳ карданд.”

Худи Ноза дар бораи арӯсиаш бо Гордон то имрӯз шарҳе надодааст. Дар саҳифаи Ноза Абдулвосиева дар шабакаи Фейсбук низ то имрӯз ишорае ба арӯсии ӯ ва таваллуди фарзандаш нест.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук танҳо як пости хеле кӯтоҳ аз 11 декабри соли 2013 дорад ки: Событие в жизни!! Гарри Гордон ответил на запрос на добавление в друзья !! (Рӯйдоди муҳими зиндагиам!! Гарри Гордон ба дархости ҳамроҳ кардани ман ба рӯйхати дӯстонаш посух дод !!) Гарри Гордон падари 73-солаи Александр Гордон ва шоиру рассоми маъруф аст.

Аммо бобои Ноза - Валерий Аҳадов ба Озодӣ гуфт, аз интихоби наберааш розист, чунки Александр Гордон, ба ақидаи ӯ, як марди хуб аст: "Муҳим он аст, ки онҳо ҳарду хеле хушбахтанд."

Валерий Аҳадов
Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов 69 сол дошта, зодаи Самарқанд аст ва ҳамчун коргардони синамо маҳз дар “Тоҷикфилм” ном баровардааст. “Хобҳои апрелӣ, “Нигоҳ”, “Кӣ ба Трускаветс меравад?”, “Дарвеши ланг” ва, албатта, “Асрори оилавии Ғайюровҳо” аз филмҳоест, ки ӯ дар “Тоҷикфилм” рӯи навор овардааст.

Баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Валерий Аҳадов бо ҳамсараш – Зулфия Миршакар, духтари Мирсаид Миршакар – ба Русия кӯчид ва баъди чанд соли кор дар театрҳои музофотӣ билохира имкони дубора офаридани филмҳои ҳунарӣ, асосан сериалҳоро дар ин кишвар пайдо кард. “Женщин обижать не рекомендуестя», « Подмосковная элегия», «Свободная женщина» ва «Крёстный сын» аз ҷумлаи чанд филмест, ки ин коргардони шинохта дар Русия сохтааст. Зулфия Миршакар низ дар чандин филми русӣ, аз ҷумла дар сериали “Дӯстии халқҳо” нақш офаридааст.

Ноза Абдулвосиева. Акс аз Facebook
Ноза Абдулвосиева. Акс аз Facebook

Ноза Абдулвосиева дар ВГИК дар соли сеюми бахши коргардонии филмҳои мустанад таҳсил мекунад, вале маълум нест, ки оё баъди таваллуди нахустписараш Александр ба таҳсил даавом дода метавонад ё на.

Вақте дар он сӯҳбати моҳи июл аз бобои ӯ Валерий Аҳадов пурсидем, ки наберааш худро тоҷик эҳсос мекунад ваё рус?, ӯ гуфт, «Ноза чизҳои хубро аз ҳарду миллат дар худ гунҷондааст. Ба ман ин пайванд хеле хуш меояд. Яъне ҳам чизҳои худро аз дигарон гирифтану ҳам ҳувияти худро фаромӯш накардан. Ноза ин пайвандро нигоҳ доштааст, хушбахтона."

Александр Гордон ровии барномаҳои пуртамошобине, чун “Они и мы”, “Ночной Гордон”, “Закритый сеанс”, “Гордон-Кихот”, “Гражданин Гордон” дар шабакаҳои ОРТ ва қаблан НТВ мебошад. Ӯ ҳоло дар ОРТ кор мекунад ва ровии ба истилоҳ ҳамакора аст: ҳам барномаҳои сиёсиро мебараду ҳам фарҳангиро ва ҳам ток-шоуҳои иҷтимоиро.

Ба навиштаи матбуоти Русия, Гордон аз ҳамсари қаблиаш Нина Тригорина, ки низ ҷавону донишҷӯ буд, тоза дар моҳи ноябри соли 2013 ҷудо шуд. Матбуот он вақт навишт, ки далели ҷудоии ин ҷуфт фарқи синну соли зану шавҳар будааст. Вале зоҳиран Александр Гордон бори чорум ҳам ба ҳамон дарё пой андохт: Гордон моҳи феврал 50-сола шуд ва аз арӯси нави тоҷикаш 30 сол бузургтар аст.

XS
SM
MD
LG