Ҷасади духтаре, ки худро ба дарё андохт, то ҳол дар морг аст

Сардхонаи Душанбе

Бо гузаштаи ду рӯз аз марги фоҷеабори як духтари тоҷик то ҳол ҳуввияти ӯ маълум нашудаст ва соҳибонаш низ аз худ дарак надодаанд.
Мақомот пас аз берун кашидан аз дарё ташхиси тиббӣ – додгоҳии ҷасади духтарро, ки зоҳиран 18-20 сол дорад, анҷом додаву сипас ба морг ё сардхонаи маҳаллаи "Медгородок" -и пойтахт овардаанд, ки ҳанӯз ҳам он ҷост.

Як масъули ин сардхона, ки худро Виталий муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки касе то ҳол ба суроғи ин ҷасад наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбат ба ин қазия худро ба дарё андохтану фавти ин духтар парванда боз кардаааст. Таҳқиқи қазия идома дорад.

Аммо гуфта мешавад, шоҳидони ҳодиса ба кормандони пулис нақл кардаанд, ки духтар пеш аз худро ба об андохтан, коғазеро, ки дар дасташ будааст, даронда ба об партофт ва сипас худро ҳам аз болои пул ба об афканд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Духтари ношинос кист?



Масъулони додситонии ноҳияи Фирдавсӣ мегӯянд, то ҳол ҳуввияти ин духтар рӯшан нашудааст .

Фаррух Маҷидов, навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт. ки шоми 31 июл, тахминан соати 21-00 дар соҳили дарёи Душанбе, дар рӯ ба рӯи бинои рақами 50-уми кӯчаи Фирдавсӣ ҷасади зани шахсияташ номаълум ёфт шуд. Ба гуфтаи Фаррух Маҷидов, он зан тахминан 18-20-сола ва аз мардуми маҳаллист. Қадаш 160-165 метр, чашму абрувонаш сиёҳ ва мӯйҳояш низ сиёҳи дарозанд. Он зан дар тан либоси миллӣ аз матоъи папеллини хокистарранг доштааст.

Ҷаноби Маҷидов афзуд, ки "дар ҷасад ягон аломати марги маҷбурӣ дида нашуд.” Аммо сабаби даст ба чунин амал задани ин духтар барои мақомот ҳанӯз рӯшан нашудааст. Ҳамин тавр, маълум нест, ки оё ӯ худкушӣ кардааст ё чӣ?

Дар ҳамин ҳол, Фаррух Маҷидов мегӯяд, ки кормандони пулис талош доранд, то шахсият ва ҳуввияти ин духтаракро мушаххас кунанд: «Мо ба ҳама шаҳру ноҳияҳои гирду атроф дар ин бора хабарнома фиристода, то ки дар ҳама ҷо
эълон кунанд, аммо то ҳанӯз касе ба мо муроҷиат накардааст. Ҳоло ҷасади духтарак ба шӯъбаи нигаҳдории мурдаҳо интиқол дода шудааст.»

Зимнан мардуми зиёде шоҳиди худро ба дарё андохтани ин духтар шуда буд.
Ду ҷавон ӯро аз об берун мекашанд, вале ҳанӯз то расидани "Ёрии таъҷилӣ" ҷон медиҳад.

Дар гузашта низ мавридҳои худро ба об андохтану бо инр роҳ худкушӣ кардани афрод дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Рӯзи 29 июн ҷасади Ҷаннат Усмонова, мудири 64-солаи кафедраи забон ва адабиёти руси коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро аз рӯди Сир пайдо карданд. Гуфта мешуд, ки ӯ баъди ба ришвахорӣ муттаҳам шудану бозпурсӣ шуданаш аз сӯи кормандони ожонси мубориза бо фасод ба ҷони худ даст задааст.

Дилшод Зарипов, сардори шуъбаи пешгирии коррупсия дар Ожонси мубориза бо корупсияи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «Ҷаннат Усмонова рӯзи 25 июн бо аломатҳои сӯиқасди гирифтани пора, зимни аз як шаҳрванд гирифтани 250 доллар барои дохил кардани фарзандаш ба коллеҷи омузгорӣ дастгир карда шуда буд. Аз ҷониби Ожонсӣ нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 319, қисми 1 боз гардида, номбурда дар ҳамон рӯзи боздошт баъд аз худиқрор шудан ва гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист озод карда шуд.”

Ожонси мубориза бо фасод ҳар навъ масъулияташ дар марги Ҷаннат Усмоноваро радд мекунад. Дилшод Зарипов гуфт, алайҳи Ҷаннат Усмонова ягон хел зӯроварӣ ё дигар амали ғайриқонунӣ ба кор набурдаанд ва хабари худро дар рӯди Сир андохтани ӯро аз хабари расмии мақомоти милиса фаҳмидаанд.

Аз ҳамаи онҳое ки аз ин акс ин духтарро мешиносанд, хоҳиш мекунем, ки ба Радиои Озодӣ хабар диҳед. Нишонии эмейли мо: tajik@rferl.org