Баъди Tethys газу нафти Тоҷикистонро кӣ хоҳад ҷуст?

Бар асоси як тавофуқ, Tethys Petroleum – яке аз ширкатҳои фаъол дар риштаи нафту гази Тоҷикистон - то ду ҳафтаи дигар ба ширкати Nostrum Oil & Gas хоҳад пайваст.

Бино ба хабарҳо, ширкатҳои Tethys Petroleum ва Nostrum Oil & Gas рӯзи 23 сентябр созишномаеро наверо имзо кардаанд, ки бар асоси он, бояд то ду ҳафтаи дигар Tethys ба Nostrum Oil & Gas бипайвандад. Хабари имзои ин қарордод боиси дар бозори бурсҳои Лондон то 23 дарсад ва дар бозори Торонтои Канада то 28 дарсад боло рафтани қимати саҳмияҳои ин ширкати муштараки Тоҷикистону Канада шудааст.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Tethys Petroleum, ширкати Nostrum Oil & Gas тааҳҳуд супурдааст, ки ҳар саҳмияи Tethys Petroleum-ро бо қимати 14 сенти Канада, яъне бо изофаи 63 дарсад ба нархи он дар бозори бурси Торонто бихарад. Ба ин тартиб, барои 69, 43 саҳмияи Tethys, саҳомдоронаш як саҳмияи Nostrum Oil & Gas-ро ба даст меоранд. Nostrum Oil & Gas ҳамчунин ваъда додааст, барои иҷрои барномаҳои зери дасти Tethys 20 миллион доллар сармоя ҷудо мекунад.

Ин қарордод бояд то 6 октябр ниҳоӣ шавад. Дар ин муддат бояд се саҳомдори асосии Tethys, ё 75 дарсади саҳомдоронаш ин муомиларо бипазиранд. Nostrum Oil & Gas ба навбаи худ бояд то 6 октябр пешниҳоди расмиаш дар бораи харидории саҳмияҳои Tethys-ро ироа кунад.

Tethys Petroleum чанде пеш ҳушдор дод, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои як соли наздикаш маблағи кофӣ надорад. Ва ин дар ҳолест, ки ин ширкат мегӯяд, бояд то 9 октябр “маблағҳои хеле миёншикан”-ро барои тарҳҳои марбут ба Тоҷикистонашрро пардохт кунад. Дар ин робита 20 миллион сармояи ваъдагии Nostrum Oil & Gas метавонад ин бори, ба гуфтаи масъулони ширкат, “миёншикан”-ро аз дӯши Tethys холӣ кунад.

Як намояндаи Tethys бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, сарфи назар аз инки муомилаи ин ширкат бо Nostrum бо чӣ анҷом биёбад, корҳои иктишофӣ дар тарҳҳои марбут ба нафту гази Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт. Ба ақидаи ӯ, 20 миллион сармояи Nostrum имкон медиҳад, ки иҷрои ин барномаҳо дар Тоҷикистон ҳатто "тезонида" шаванд.

Nostrum Oil & Gas, марказаш дар Амстердами Ҳолланд, соли 1997 таъсис ёфта, асосан дар бахши истихроҷи нафти Қазоқистон амал мекунад. Ин ширкат то соли 2012 Zhaikmunai LP ном дошт. Nostrum Oil & Gas дар ҳоли ҳозир дар 4 кони нафти Чинаревское, Ростошинское, Дарйинское ва Южно-Гремянченское фаъолият дорад.

Tethys Petroleum як ширкати байналмилалист, ки дар Канада сабти ном шудааст. Ин ширкат аз ибтидои солҳои 2000-ум дастбакор шуда, фаъолияташ рӯи корҳои иктишофӣ ва истихроҷи нафту газ дар 3 кишвари пасошӯравӣ – Гурҷистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон тамаркуз кардааст. Исми ин ширкат – Tethys – бино ба маълумоти сомонаи расмиаш, аз исми уқёнусест, ки бовар меравад, қаламрави кунунии Осиёи Марказӣ 250 миллион сол пеш зери обҳои ин уқёнус қарор дошт.

Tethys Petroleum дар Тоҷикистон масъулияти таҳқиқу корҳои иктишофӣ дар майдони Бохтарро бар ӯҳда дошт. Ин майдон дар қаламрави 35 ҳазор километри мураббаъ дар ҳавзаи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир шудааст. Tethys Petroleum дар соли 2012 захираҳои гази ин майдонро 3,2 триллион метри мукааб ва захираҳои нафташро 8,5 миллиард бушка эълон карда, гуфта буд, ки Бохтар яке аз бузургтарин майдонҳои ояндадори нафту гази дунё ба шумор меравад.

Ба дунбол, дар поёни соли 2012 Tethys Petroleum эълон кард, ки сеяки саҳмияҳояшро дар майдони Бохтарро, ки аз тариқи ширкати "Kulob Petroleum" мечархонд, ширкати фаронсавии Total ва 33,33 фоизи дигарашро ширкати чинии CNODC харидаанд.

Талошҳои Tethys Petroleum ва ширкатҳои дигаре, аз ҷумла “Газпром”-и Русия барои истихроҷи нафту газ аз зери бистари хоки Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар то ҳол беш аз 90 дарсади нафту гази лозим барои таъмини эҳтиёҷоти иқтисодашро аз хориҷ ворид мекунад.

Узбакистон – таъминкунандаи асосии гази Тоҷикистон – аз соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба ин кишвари ҳамсояашро қатъ кардааст ва дар натиҷа корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дучори мушкили сахт шуда, маҷбуранд тавлидоти худро ба ангишт гардонанд.

Душанбе аз солҳои 90 таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз ҷумла таъмини иқтисодаш бо газу нафти худиро дар меҳвари аҳдофи стратегиаш қарор додааст, вале ба далели камбуди сармоя ва дар умқи аз 5 то 6 километр ҷойгир шудани захираҳои нафту газаш, ки сармоягузории хеле бештарро талаб мекунад, то ҳол натавонистааст, ба ин ҳадафи стратегӣ ҳадди ақал дар масъалаи таъмини кишвар бо газу бензини ватанӣ бирасад.

Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, солона ба тақрибан ним миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, бо шумули бензин, солярка, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ ва ба тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Дар соли 2013, бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 миллиону 928 ҳазор метри мукааб газ ва 27 532 тонна нафт тавлид кардаанд.