Telegraph: Кишварҳои Аврупо нақша доранд ба Украина 30 ҳазор низомӣ фиристоданд

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон

Нахуствазири Бритониё ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп вохӯрда, нақшаи фиристодани қариб 30 ҳазор низомиро аз кишварҳои аврупоӣ ба Украина муаррифӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи  The Telegraph бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ба асоси нақшаи Бритониё, неруҳо баъди бастани созиши сулҳ бо Русия ва барои назорати сулҳ дар Украина мустақар мешаванд.

Дар назар аст, ки Кир Стармер, нахуствазири Бритониён ҳафтаи оянда барои дидор бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Вашингтон равад. Стармер қаблан гуфта буд, Бритониё омода аст, ки неруҳои худро ба ҳайси сулҳбон ба Украина фиристад. То ҳол ягон кишвари дигари аврупоӣ барои фиристодани низомиёни худ ба Украина эълони омодагӣ накардаанд.

Ба гузориши The Telegraph, бахши асосии нақшаи Бритониё дастгирӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Манбаъ менависад, Фаронса ҳам аз нақшаи Бритониён ҳимоят мекунад. Доналд Трамп ва маъмурияташ борҳо гуфтаанд, ки Аврупо бояд кафолати амнияти Украинаро ба уҳда гирад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳафтаи гузашта гуфт, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”