Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки фаъолияти таксиҳои “сесомонӣ”-ро дар пойтахти Тоҷикистон манъ кунад.
Ҷумъахон Давлатов, мудири бахши назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт рӯзи панҷшанбеи 21-уми ноябр дар шарҳи ин тасмим ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти ин таксиҳо ғайриқонунӣ аст ва ҳадаф низ берун кардани ин ин гунна такисҳо аз бозор ва ҳамзамон тақвият бахшидан ба фаъолияти нақлиёти давлатӣ аст.
Ҷаноби Давлатов афзуд, «ҳамаи онҳо худсарона фаъолият мекарданд. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон фақат воситаҳои нақлиёте метавонанд фаъолият кунанд, ки рақамҳои силсилаи ТТ доранд. Таксиҳое, ки рақамҳои сафед доранд, ғайриқонунианд. Онҳоро оҳиста-оҳиста аз байн мебарем. Ва ҷойи онҳо «Asian-express» ва "Talko-Persi"-ро ба роҳ монда мешаванд».
Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе, таксии ширкатҳои номбурда ҷавобгӯи талаботи замонаанд ва фаъолияти онҳо дар чаҳорчӯби қонун сурат мегирад. Аммо ин тасмими шаҳрдории Душанбе, боиси нороҳатии ронандаҳои таксиҳои арзон шудааст, ки ҳарчанд ба талаби замон мувофиқ нестанд, вале ба талаби ҷайби мардум комилан мувофиқат мекунанд.
Беҳрӯз Саидов, ронандаи яке аз таксиҳои «сесомонӣ» мегӯяд, воқеан аз ин тасмим нигарон аст, ки таксии арзони ӯ чархи зиндагиашро мегардонад ва бидуни ин кор манбаи даромади дигар надорад, «Кор нест, дигар чӣ кор кунем? Монанд, кор кунем», мегӯяд ӯ.
Ба андешаи ӯ агар як рӯз ин таксиҳо ба кор набароянд, барои мардум хеле душвор мешавад. Зеро ин таксиҳо мушкилоти мардумро хеле осон кардаанд.
Ғафур Эркаев, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, чунин тасмимгирии мақомотро қабул надорад, зеро «таксиҳои сесомонӣ» барои мардум нақлиёти дастрас аст, бахусус дар ҳавои номусоид: «Ҳар шахс метавонад бо се сомонӣ аз маҳаллаи Зарафшон то фурудгоҳ равад. Аммо таксиҳоие, ки онҳо мегӯянд, ҳисобкунак доранд ва аз рӯи ҳисоби он пул меситонданд. На ҳама имкони пардохти онро доранд. Бо автобусус троллейбус ҳама ба кор дер мемонанд».
Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, агар худи мақомоти давлатӣ наметавонанд мардумро бо нақлиёт таъмин кунанд, бигзор ба сохтори хусусӣ имкон диҳанд, ки ҳам ба мардум хидмат расонанд ва ҳам барои худ пораи ноне пайдо кунанд.
Аммо Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақил, дар амал ҷорӣ шудани ин тасмимро номумкин медонад ва мегӯяд, аввалан бо далелҳои техникӣ ё фаннӣ ин имкон надорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ронандаҳо метавонанд рақамашонро пинҳон кунанд ва касе наметавонад ба мошини хусусӣ гардишро манъ кунад. Баъдан одамони зиёде аз ин ҳисоб даромад мегиранд ва дар сурати манъи фаъолияти онҳо метавонад шиддати фақри иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд.
Ба андешаи Зафар Абдуллоев, «бо он теъдоди зиёди мардуме, ки мо дар Душанбе мебинем, ҳам барои таксиҳои хусусӣ ва ҳам давлатӣ ва ҳам ширкатҳо кор бисёр аст. Зеро талабот зиёд аст. Дар сурати манъи фаъолияти ин таксиҳо камбуди нақлиёт як мушкили иҷтимоиро ба бор меорад, ки ҳукуматдорон ба ин мушкил чашм мепӯшанд.»
Аз сӯи дигар Зафар Абдуллоев ҷонибдори он аст, ки бозори нақлиёт ба тартибу низом дароварда шавад, яъне ба ронандагон иҷозатнома дода шавад. Ин таҳлилгари тоҷик мӯътақид аст, ки «агар ронандагони такисҳои «се сомонӣ» иҷозатнома дошта бошанд, мақомот низ наметавонанд фаъолияташонро манъ кунад."
Манъи фаъолияти такисҳои «се сомонӣ» дар маркази пойтахти Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҷамъияти шаҳри Душанбе ба ҳудуди 2 миллион нафар мерасад ва камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамеша эҳсос шудааст.
Аз сӯи дигар таксиҳои «Ейшан Експресс», ки ахиран дар бозори нақлиёти Тоҷикистон ворид шудаанд, бо савор шудани мусофир, ҳисобкунаки он ба кор медарояд ва дарҳол маблағи 2 сомонӣ пешпардохт мегиранд. Дар тули роҳ ин маблағ дар ҳар километр 2,5 сомонӣ боз афзоиш меёбад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин соҳибназарон мегӯянд, дар сурати ба ширкати «Ейшан Експресс» ва «Талко перси» таалуқ гирфтани хадамоти таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон боз ҳам ин соҳа ба монополияи ин ширкатҳо мегузарад.
Ҷаноби Давлатов афзуд, «ҳамаи онҳо худсарона фаъолият мекарданд. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон фақат воситаҳои нақлиёте метавонанд фаъолият кунанд, ки рақамҳои силсилаи ТТ доранд. Таксиҳое, ки рақамҳои сафед доранд, ғайриқонунианд. Онҳоро оҳиста-оҳиста аз байн мебарем. Ва ҷойи онҳо «Asian-express» ва "Talko-Persi"-ро ба роҳ монда мешаванд».
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад