Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия пешниҳоди боло бурдани ҷаримаро барои ронандаҳои "самокат" дар хониши аввал пазируфт. Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши садама гуфта шудааст. Бар асоси он ҷаримаи ронандагони ин навъи нақлиёт зиёд карда мешавад.
Баъзе аз муҳоҷирони корӣ “самокат”-ро бештар барои кашондани ғизо истифода мебаранд. Онҳо бовар доранд, ки қарори мақомоти Русия роҳи дигар фишор ба муҳоҷирон аст.
"Ҳар рӯз боздошт мекунанд. Дар як рӯз то 3-4 бор. Мо як гурӯҳ дорем ва он ҷо ба таври рамзӣ маъмурони пулисро "сагу паранда" меномем. Барои мисол, менависем, ки дар ин ё он минтақа як автобуси "сагу паранда" истодааст, то ба он ҷо нараванд," – нақл кард Адилет, муҳоҷири қирғизистонӣ.
Талабот ба кашондани ғизо ва бор дар Русия зиёд аст. Муҳоҷирони зиёде ҳам дар ин соҳа кор мекунанду маош мегиранд. Ҳоло кормандони ин навъи хидматрасонӣ аз идомаи фаъолияташон ташвиш доранд.
Адилет, муҳоҷири қирғизистонӣ гуфт: “Дар инҷо милисаҳо хеле зиёданд. Вақте онҳоро мебинам, зуд ба роҳи пиёдагард меравам. Қоидаи ҳаракат барои дучархаву самокатҳо ҳоло норӯшан аст. Агар ба роҳи пиёдагард равед, роҳгузарон шикоят мекунанд, ки “чаро бо роҳи мошин ҳаракат намекунед?" Агар бо он роҳ равӣ, милисаҳо туро нигаҳ медоранд. Агар санадҳоятон дуруст бошад, мегӯянд кӯлоҳат куҷост?”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Олимов: "Бояд дарк кунем, ки Русия макони абадии таъмини рӯзгор нест"Адилет 4 сол боз дар Русия "курйер" ё борбар аст. Барои сарфаи вақт ва пул дар роҳ ӯ "электромопед" харид. Вале моҳҳои ахир кораш мушкил шудааст: “Дар як рӯз тақрибан 5 ҳазор рубл ва баъзан дар рӯзҳои боронӣ то 10 ҳазор ҳам кор мекунам. Фаҳмидам, ки ҷаримаро боло мебаранд. Акнун байни ҳар бино пулиси роҳ навбатдорӣ ва моро таъқибу боздошт мекунад. Санадҳоро тафтиш ва 800 рубл ҷарима хоҳанд баст. Агар то 15 рӯз ҷаримаро пардозед, 400 рубл месупоред.”
Ҳоло ҳазорҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар ширкатҳои дастраскунандаи ғизо кор мекунанд. Ин кор нисбатан осону фоидаовар ҳисоб мешавад. Мурод, муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, “кор дар сохтмон мушкил аст. Бархе барои аз даст надодани саломатӣ ба "курйерӣ" мегузаранд. Ин ҷо ту ҳар рӯз пул кор мекунӣ. Ҳолатҳои зиёде ҳаст, ки моҳҳо дар сохтмон кор мекунӣ ва туро фиреб медиҳанду ҳаққи коратро намедиҳанд.”
Агар тарҳи нави қонун қабул шавад, ин кор дигар барои муҳоҷирон фоидаовар нахоҳад буд. Ҷарима аз 500 то ба 30 ҳазор рубл зиёд мешавад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия, гуфт, “имсол садама бо ин навъи нақлиёт ду баробар бештар шудааст. Мутаассифона, ҳолатҳои марговар ҳам ҳастанд. Аксарият мехоҳанд, дар ин самт тартибот ҷорӣ шавад.”
Муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ин тасмим кори онҳоро сахту мушкил намуда, як роҳи нави фишор ва ришваситонӣ хоҳад шуд. Ба қавли Мурод, муҳоҷири тоҷик: "Агар вазъ бад шавад, корро бас мекунему ба хона меравем. Дигар дар сохтмон кор карда наметавонам. Саломатиям иҷоза намедиҳад. Маҷбурам ба Тоҷикистон равам.”
Адилет, муҳоҷири қирғизистонӣ, ҳам мегӯяд, "фикр мекунам, мо метавонем дар Қирғизистон ҳам кор кунем, аммо он ҷо маош кам аст. Насиб моҳи ноябр меравам, намегӯям, ки дигар барнамагердам. Ҳоло кӯшиш дорам барои кор ба Аврупо равам. Умед дорам метавонам он ҷо рафта кор кунам.”
Коршиносон мегӯянд, Русия нуфузи худро миёни муҳоҷирони корӣ аз даст медиҳад. Коҳиши қурби рубл ва сахт шудани қонунҳои муҳоҷирату афзоиши тафтишу боздоштҳоро аз сабабҳое меноманд, ки хоҳиши муҳоҷиронро барои мондану кор кардан дар ин кишвар кам кардааст.