Ин гуфтаи Виктор Пауков, сардори раёсати пулиси вилояти Маскавро як намояндаи раёсат дар ҷаласае дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ иқтибос овардааст. Наворҳо аз ҷаласаро Владислав Юдин, раиси ноҳияи Долгопрудний, нашр кард.
Дар ин видео намояндаи раёсати пулиси Маскав аз қавли раҳбари худ, Виктор Пауков, мегӯяд, раёсат мехоҳад на танҳо минтақаро “поккорӣ кунад”, балки қонунҳои наверо пешниҳод намояд, ки аҳволи муҳоҷиронро бадтар хоҳад кард. Номи сухангӯ зикр нашудааст, танҳо маълум аст, ки ӯ соҳиби рутбаи подполковник мебошад.
“Айни замон чанд тарҳи қонун барои пурзӯр намудани чораҳои маҷбурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки қонунҳоро поймол мекунанд, дар баррасӣ ҳастанд. Тавре зикр шуд, ба гуфтаи ӯ, мақсади асосӣ “сафед кардани вилояти Маскав аз хориҷиёни сиёҳсар аст. Ҳамин вазифаи асосии пулис аст, дар ним соли оянда бояд анҷом диҳанд," – гуфтааст ӯ.
Дар ин нишаст Олег Басов, муовини раиси ноҳияи Долгопрудний, дар бораи фаъолияти дастаҳои ихтиёриёне мегӯяд, ки аз собиқадорони ҷанги Украина ташкил ёфтаанд.
Ба қавли мансабдор, онҳо дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ саҳми зиёд мегузоранд. Аз ҷумла, ҳамроҳи маъмурони пулис дар кӯчаҳо муҳоҷирони беҳуҷҷатро баздошт мекунанд. Ба қавли Басов, сарбозони собиқ то кунун 450 муҳоҷирро дастгир карда, ба идораҳои пулис бурдаанд.
Бегонаситезӣ ё барангехтани нафрат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия ҳамеша вуҷуд дошт, вале баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 ва ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар моҳи марти имсол авҷ гирифт ва ҳамчунон идома дорад.
Ҳадафи ин кор, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба самти дигар кашидани афкори умум аз ҷанги Русия дар Украина аст.