Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 28-уми сентябр хабар дод, ки бар асари таркиш ва сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Доғистон 13 кас, аз ҷумла 2 кӯдак ҷон бохта, 11 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Муовини вазири тандурустии Русия, Алексей Кузнетсов, ба расонаҳои русӣ гуфт, ҳашт нафар дар бемористон ҳастанд.
Таркиш рӯзи 27-уми сентябр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Плюс” дар канори шаҳри Махачқалъа (1600-километрии ҷануби Маскав) рух дод.
Раёсати Кумитаи тафтишотии Доғистон таҳқиқро оғоз кардааст.
Моҳи августи соли гузашта бар асари таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 35 нафар кушта ва 113 нафари дигар маҷруҳ шуданд.