Бар асари таркиш дар дохили идораи пулис дар шимоли ғарби Покистон камаш 15 маъмури пулис захмӣ шудаанд. Вазъи ду нафари онҳо “вазнин” гуфта мешавад.
Як афсари пулис дар суҳбати телефонӣ бо “Машъал”, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, таркиш шоми 26-уми сентябр дар ноҳияи Свабии вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ рух дод.
Як афсари дигар дар ҷойи ҳодиса гуфт, мумкин аст, теъдоди маҷруҳон то 30 нафар афзоиш ёбад.
То кунун касе ё гурӯҳе масъулияти ҳодисаро ба уҳда нагирифтааст.
Моҳи апрели соли 2023 дар ду таркиш дар дохили идораи пулиси зиддитеррористӣ дар минтақаи Своти Хайбар-Пахтунхоҳ 17 нафар кушта шуданд.