Тарбуз дар Тоҷикистон имсол арзонӣ шудааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон баръакси соли гузашта, қимати тарбуз, яке аз полезиҳои серхаридор ба ҳадде поин омадааст, ки кишоварзон ба қавле аз кишти кардаашон пушаймон шудаанд. Агарчӣ харидорон хурсанд ҳастанд, вале кишоварзон дар ин миён зиёни иқтисодӣ мебинанд.