Дар ин муддат ба тақрибан ҳафт ҳазор нафар замин тақсим шуд, аммо теъдоди хурде хона сохта, бархе онро дубора ба фурӯш гузоштаанд. Ҳамакнун зоҳиран ин тарҳро бо кӯмаки дигар давлатҳо амалӣ карданианд.
Тарҳи умедворкунанда, вале...
Заминҳои хушку холӣ, роҳҳои хароб, хонаҳои нимасохта, маҳаллаҳои камодам ва бемактабу пизишк. Аҳволи шаҳраки Сайҳун дар 10-километрии Хуҷанд чунин аст. Масоҳати шаҳрак 2,5 ҳазор гектар аст ва ба 30 маҳалла тақсим шудааст. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳамагӣ 70 оила дар инҷо зиндагӣ доранд. Баъд аз шикоятҳои пайдар пайи сокинони Сайҳун, ҳукумати Хуҷанд тарҳҳоеро барои ба анҷом расонидани он таҳия кардааст.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд гуфт: “Лоиҳа дар масъалаи таъмини оби ошомиданӣ, ташноб, қувваи барқ, роҳҳои дохилии шаҳраки Сайҳунро пурра ба итмом расонида, ба лоиҳакашони Олмон пешниҳод кардем. Чунки онҳо таҷрибаи баланд доранд ва онҳо бо масъулони фонди давлати Қатар гуфтушунид доранд. Дар моҳи август аз рӯи нақша бояд ташриф биёранд”.
Барои бунёди шаҳрак нуҳ сол пеш ҳукумати Тоҷикистон иҷоза дод ва чандин хонаводаи эҳтиёҷманд бо умеди зиндагии шоиста аз он минтақа заминҳои хонасозӣ ва кишоварзӣ гирифта буданд. Аммо умедҳояшон бо гузашти солҳо амалӣ нагаштааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нақшаҳои дуру наздик
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ҳафтаи гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳамин сол барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ пул ихтисос додаанд ва роҳҳои дигари таъмини ниёзҳои мардумро пеш мегиранд.
“Ҳозир аз ҳисоби буҷети вилоят, Идораи сохтмони асосӣ дар шаҳраки Сайҳун бунёди мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохторро карда истодаем, - гуфт Аҳмадзода дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар моҳи июл. - Дирӯз се ширкати бонуфузи Кореяву Чинро қабул кардем, барои аз офтоб барқ гирифтан. То 500 киловати-соат барқ дар оянда гирифта мешавад. Мо заминро аллакай барои гузоштани стансияҳои офтобӣ ҷудо кардем, мо боварӣ дорем, ки солҳои наздик амалӣ мешавад”.
Шаҳраки Сайҳун бо гунҷоиши аз 200 то 300 ҳазор аҳолӣ қарор буд, аҳолии афзояндаи вилоят ва мардуми муҳтоҷи хонаро бо манзил ва замин таъмин кунад, вале ба назар мерасад ин роҳ осону наздик нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Мактаб нест, духтур ҳам." Нуҳ сол гузашт, чаро Сайҳун шаҳрак нашуд?