Мирзиёева, Алламҷонов, Умаров. Талош барои қудрат дар Узбекистон?

Комил Алламҷонов

Дар паси ҳамла ба мошини Комил Алламҷонов, дӯсти наздики духтари президенти Узбекистон, кӣ истодааст? Ва ин ҳодиса барои режими Шавкат Мирзиёев чӣ маъно дорад?

Комил Алламҷонов, дӯсти Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, моҳи июли 2024 дар нишасте “афзоиши хабарҳои дурӯғ”-ро дар фазои иттилотии ин кишвар танқид кард. Он ҳангом ба назар мерасид, ки зери фишор аст.

Чанд ҳафта пеш аз он дар мазҳари ом дида нашуда буд ва дар бораи макони будубош ва ояндаи сиёсияш низ овозаҳо мечархид. Яке аз тахминҳо ин буд, ки Комил Алламҷонов аз Узбекистон гурехтааст ва зери пайгарди қонунист.

Тавре маълум шуд, ӯ то охири моҳи сентябри 2024 дар мансаби сардори Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон кор кардааст. Алламҷонов дар ниҳоят истеъфои худро эълон кард, аммо дар танҳоӣ не. Дар наворе бо ҳузури Саида Мирзиёева, духтар ва ёвари аршади Шавкат Мирзиёев.

Мирзиёева ба таври ошкор пуштибонии худро аз мураббии дар “муҳосирамонда”-аш баён дошт. Вай Комил Алламҷоновро барои рафтори масъулонааш “нисбат ба дастуру супоришҳои раисиҷумҳур”, иҷрои “тарҳҳои муҳим барои давлату ҷомеа” ва натиҷаҳои чашмрас “барои беҳбуди низоми матбуот ва маориф” сутуд.

Бо гузашти камтар аз як моҳ, шаби 26-уми октябр, Комил Алламҷонов дар Тошканд ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Чизе, ки мақомоти Узбекистон ҳамчун суиқасд таҳқиқ мекунанд. Пулис гуфт, ки чанд тир ба мошини “Range Rover” задааст. Алламҷонови 40-сола ва ронанда наҷот ёфтанд. Камаш чор гумонзад дастгир шуд.

Тирборон кардани мошинҳо дар шаҳри Тошканд маъмул нест, чи расад ба худрави як сиёсатмадори маъруф. Ҳоло суол ин аст, ки дар паси ҳамла кӣ истодааст? Ва ин рухдод барои режими Узбекистон, ки аз сӯйи хонаводаи Мирзиёев идора мешавад, чӣ маъно дорад?

ЧАНД ТАХМИН

Мо, пеш аз ҳама, дар бораи Узбекистон гап мезанем. Эҳтимол дар ин кишвар хабаре бишнавед, аммо ҳеч гоҳ ҳақиқатро нахоҳед донист. Таҳқиқоти расмӣ ҳам метавонад, ки ҳодисаро ё бештар ва ё камтар нишон диҳад.

Сиёсати нармтар нисбат ба рӯзноманигорон ва блогерҳо дар солҳои аввали ҳукмронии Мирзиёев, Комил Алламҷоновро дар мухолифат бо маъмурони амниятӣ қарор дод. Онҳое, ки ба зидди дигаргунӣ дар низоми сахтгиронаи бозмонда аз Ислом Каримов буданд.

Дар ҳар сурат, наздикии Комил Алламҷонов бо Саида Мирзиёева кумак кард, ки вазъи матбуот дар Узбекистон баъди соли 2016 беҳтар шавад. Ҳоло дигарбора бад шудааст.

Саида Мирзиёева

Алламҷонов то рафтан аз ҳукумат, Саида Мирзиёеваро дар сиёсат ва мансабҳои баланд қадам ба қадам ҳамроҳӣ кард. Вазъ дар соли 2023 тағйир ёфт. Замоне ки Саида Мирзиёева ёвари раисҷумҳури Узбекистон, таъйин шуд. Ин ба Алламҷонов ҷасорати зиёде дод, ҳатто дар шароите ки фоидаҳои тиҷоратии ӯ дар меҳвари таҳқиқоти чанд расона қарор гирифт.

Аммо дӯсти наздики Саида Мирзиёева будан маънои хешованди Шавкат Мирзиёев буданро надорад. Бахусус агар тарафи дигар Отабек Умаров, шавҳари Шаҳноза, духтари хурдии раисҷумҳури Узбекистон бошад.

Отабек Умаров дар соли 2016 муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон шуд ва ҳамвора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун пуштибони варзиш намоён мешавад. Саҳифааш дар Инстаграм тақрибан 38 миллион пайрав дорад.

Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ нишон дод, ки Умарови 40-сола бо истифода аз муносибати хешовандӣ бо Шавкат Мирзиёев сарвати ҳангуфт ҷамъ кардааст ва дар миёни нухбагони сиёсиву иқтисодии кишвараш ҳамчун миёнарави паси парда шинохта мешавад.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки равобити Отабек Умаров ва Комил Алламҷонов чанд моҳ боз бад аст. Ба гуфтаи як манбаъ, мухолифати онҳо баъди он авҷ гирифт, ки Алламҷонов монеи кори як гурӯҳи махфии вобаста ба Умаров шуд. Умаров ин “гурӯҳи фаврӣ”-ро гуё бо ҳадафи таъқиби тоҷирону сиёсатмадорон созмон додааст.

Ин манбаъ, ки дар моҳи июл бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гап задааст, гуфт, дахолати Алламҷонов сабаби тафтиш шуд ва муддате ба кори “гурӯҳи фаврӣ” халал расонд.

Ба гуфтаи манобеи дигари Радиои Озодӣ, ҳоло таҳқиқи тирпарониро ба мошини Алламҷонов ҳампаймонҳои Отабек Умаров зери назорат доранд. Дар Телеграм ин ақида ҳам мечархад, ки Алламҷонов гуё барои шармсор кардани рақибони худ суиқасдро ташкил кардааст.

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 27-уми октябр аз афзоиши шарҳҳои “тасдиқношуда ва беасос” дар пайванд ба ҳамла ҳушдор дод. Мақомот гуфтанд, ки паҳни матолиби дурӯғ ва воҳима дар байни мардум ҷавобгарӣ дорад.

Отабек Умаров бо Павел Дуров, бунёдгузори Телеграм. Тошканд, 27-уми юини 2024

ОИЛА

Дар бораи иртиботи Отабек Умаров ё аъзои дигари ҳукумати Узбекистон ба тирпаронӣ ба худрави Комил Алламҷонов далели дақиқ вуҷуд надорад.

Ҳодиса ҳамагӣ як рӯз пеш аз интихоботи порлумонӣ рух додааст. Ҳарчанд бархе онро тасодуфӣ маънидод мекунанд, гумонзаниҳо пиромуни чеҳраҳои калидии режими Мирзиёев вазъи баръаксро нишон медиҳад.

Яке аз наворҳои сербинанда дар саҳифаҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз овоздиҳии рӯзи 27-уми октябр аст. Дар он акси хонаводаи Мирзиёевро дар рӯзи интихобот бо аксҳои овоздиҳии қаблӣ муқоиса кардаанд.

Бархилофи гузашта, ин бор Шавкат Мирзиёев дар канори хонаводааш дида нашудааст. Саида Мирзиёева ва Отабек Умаров аз ду тарафи бонуи аввал Зироатхон Ҳошимова ҷо гирифтаанд.

Ба назари таҳлилгар Алишер Илҳомов аз Бритониё, раисҷумҳури 67-солаи Узбекистон норозигии худро ба баъзе аъзои хонавода нишон додааст.

Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, баъд аз даргузашти Ислом Каримов, ба қудрат расид. Қабл аз он беш аз даҳ сол сарвазир буд. Замоне ки пайвандони Каримов ва афтрофиёни ӯ бо истифода аз мақому мавқеъ бедодгарӣ мекарданд.

Саида Мирзиёеваи 39-сола ва хушсухан баръакси Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, аст. Рафторҳои Каримова, аз ҷумла даст доштанаш дар фасоди молӣ, боиси дардисар дар дохил ва беруни Узбекистон шуд.

Ӯро, ки бо тахаллуси Гугуша низ маъруф аст, ҳангоми зинда будани падараш ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Ҳоло дар зиндон адои ҷазо мекунад.

Гулнора Каримов як дарди озордиҳанда барои ҳукумати Мирзиёев дониста мешавад, аммо раиси ҷумҳури дувуми Узбекистон дар ҳоли ҳозир аз ӯ дида дарди сари бузургтаре дорад.