Иттиҳоди Аврупо барои гузаштан ба энергияи сабз ва ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта дар Тоҷикистон 40 миллион евро ҷудо мекунад. Созишнома рӯзи 14-уми март дар шаҳри Душанбе имзо шуд.
22 миллион евро барои кам кардани талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар назар аст ва аз тариқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастрас хоҳад шуд. Бахши дигари ин ёрӣ, ки беш аз 18 миллион евро аст, аз сӯйи Оҷонси рушди Олмон барои ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта равона мешавад.
Ба гуфтаи Йозеф Сикела, комиссиари Иттиҳоди Аврупо дар бахши ҳамкориҳои байнулмилалӣ бо Осиёи Марказӣ, ин ёрӣ гузаштан ба иқтисоди сабз ва суботи иқтисодии Тоҷикистонро тақвият хоҳанд дод.
“Бо коҳиш додани талафоти барқ, мо на танҳо хароҷотро барои хонаводаҳо ва соҳибкорон коҳиш медиҳем, балки роҳро барои сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда мекушоем, ки ояндаи Тоҷикистон аст,” -- гуфт Сикела.
Аз назари комиссари аврупоӣ, соҳаи пахтаи Тоҷикистон дар иқтисоди кишвар, таъмини ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани рушди саноати нассоҷӣ ва содирот нақши муҳим мебозад ва Иттиҳоди Аврупо бо як барномаи 5-сола мехоҳад ин бахшро ба тағйироти иқлим устувортару самарбахштар гардонад.
Дар ҳоле ки масъулони Иттиҳоди Аврупо ба муассир воқеъ шудани тарҳҳояшон дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, баъзе аз коршиносоне, ки бо ин гуна тарҳҳо кор кардаанд, самарбахшии онро ба чанд шарт бастагӣ медиҳанд.
Сайфиддин Қараев
“Якум, шакли мустақим, яъне як ба як бо соҳибкор. Агар ин ҷо миёнаравҳо зиёд бошанд, масалан, ташкилоти кредитиву бонкӣ, монеаи изофӣ пайдо мешавад. Баъд, дили соҳибкор ҳам мемонад. Даводаваш зиёд ва болои ин фоизҳо дорад. Дуюм, ҳамин пахта барои деҳқон ҳама вақт зараровар буд ва зараровар мемонад. Фақат системаро дигар кардан даркор, ки инҳо намехоҳанд,” – мегӯяд Сайфиддин Қараев, рӯзноманигор ва таҳлилгари масъалаҳои иқтисодӣ.
Дар Тоҷикистон солҳои охир сатҳи баланди талафоти нерӯи барқ яке аз мушкилоти умдаи таъмини мардум бо барқ, аз ҷумла дар мавсими зимистон дониста мешавад. Ба иттилои расмӣ, ҳар 5-ум киловат барқи истеҳсолкардаи Тоҷикистон талаф мешавад. Дар ним соли 2024 ду миллиарду 203,2 миллион киловатт-соат барқи Тоҷикистон талаф шудааст, ки беш аз 21%-и нерӯи барқи истеҳсолшударо дар бар мегирад.
Ҳамчунин пойин рафтани арзиши пахта, яке аз молҳои асосии содиротии Тоҷикистон низ солҳои ахир таваҷҷуҳи деҳқононро ба кишту парвариши он кам кардааст. Аммо мақомоти давлатӣ дар навоҳии пахтакор деҳқононро маҷбур мекунанд, ки дар бештари заминҳои худ пахта бикоранд.