Талаби санади нав аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки барои сабти ном дар Хадамоти муҳоҷират аз онҳо дархосту тазмини корфармо талаб шудааст. Беш аз 60 муҳоҷири тоҷик, ки дар хобгоҳе дар Маскав зиндагӣ доштанд, гуфтанд, бори аввал аст, ки ба чунин мушкил дучор мешаванд.