Талаби пулиси Душанбе: парвариши гову гӯсфандро бас кунед

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Душанбе аз сокинони пойтахт талаб кардааст, ки ҳарчӣ зудтар нигоҳбини чорвои хонагиро дар ҳудуди шаҳр хотима диҳанд. Дар акси ҳол, мақомот ҳушдор додаанд, ки санҷиш ё рейд гузаронида, соҳибони чорворо ҷазо хоҳанд дод.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 7-уми ноябр дар хабарномае навишт, “...муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.” Вале ба гуфтаи ин ниҳод, то ҳол баъзе сокинони пойтахт ба парвариши чорво идома медиҳанд.

Ба иттилои ин ниҳод, чанд рӯзи ахир беш аз 200 ҳолати нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонотро дар пойтахт аниқ кардаанд. Сокинонро бар асоси моддаи 480, иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо додаанд. Мақомот нагуфтанд, ки соҳибони чорво дар Душанбе чӣ қадар ҷарима шудаанд. Вале ин банди қонун барои парваришу нигоҳдории ғайриқонунии чорвои калон, бузу гусфанд, асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ, аз 720 то 21 600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ кардааст.

Чунин ҳушдори пулис дар ҳолест, ки бархе сокинони қисматҳои Душанбе, бахусус маҳаллаҳое, ки дар чанд соли ахир ба пойтахт ҳамроҳ шудаанд, чорводориро як манбаи асосии даромади худ меҳисобанд.