"Қонуни зидди либоси бегонаро бекор кунед." Талаби IPHR аз Тоҷикистон

Баъзе аз намунаҳои либоси миллӣ дар Тоҷикистон

Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, муқаррароти навро дар бораи либоси “бегона” бекор кунад.

International Partnership for Human Rights рӯзи 19-уми август дар эъломияе маҳдудиятро дар шеваи либоспӯшӣ “хилофи меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии баён ва озодии пайравӣ аз дин ё эътиқод” донист.

Тибқи қонуни нави танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз моҳи июн “овардан, фурӯхтан ва пӯшидану таблиғи либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ аст.

Либоси "бегона" дар Тоҷикистон шарҳи ягона надорад, аммо мақомот дар остона ва пас аз қабули қонуни нав бештар пӯшиши исломиро ба мисли ҳиҷобу чодари сиёҳи занон ҳадаф гирифтаанд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам аз занону духтарон хост, либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" напӯшанд. Барои риоя накардани он аз ҷаримаҳои ҳангуфт то се сол зиндон таъйин шудааст.

"Бар асоси қонунҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ҳар кас ҳаққи озодии баён, озодии эътиқод ва пайравӣ аз дин дорад. Тарзи либос пӯшидани одамон метавонад баёнгари муҳиме аз ҳувият, боварҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва ё шахсии онҳо бошад. Ба унвони як қоидаи умумӣ, ҳаққи озодии дин ва озодии баён ба ин маъност, ки мардум бояд дар интихоб озод бошанд, ки чӣ бипӯшанд ё чӣ напӯшанд," – гуфта шудааст дар эъломияи IPHR.

Масъулони созмон дар идома гуфтаанд, давлатҳо вазифадоранд, ки ҳуқуқи ҳар шахсро ба озодии баён, эътиқод ё ҳувият эҳтиром бигузоранд, муҳофизат кунанд ва замонат бидиҳанд. “Наметавон далелҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ё суннатиро барои маҳдуд сохтани касоне истифода кард, ки мехоҳанд ба тарзи дигар либос бипӯшанд,” – навиштаанд муаллифони изҳорот.

То кунун Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом, Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR) ва Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) низ тасмими Тоҷикистонро танқид намуданд.

Қаблан баъзе аз рӯҳониёни наздик ба гурӯҳи тундрави "Толибон" дар Афғонистон онро "дастури манъи сатру ҳиҷоб" унвон дода, ба "ҷиҳоди зидди" Тоҷикистон даъват кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми август ин вокунишҳоро "иғвоангез" номид. Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар ҳузури дипломатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байнулмилалӣ дар Душанбе гуфт, ҳадафи Тоҷикистон аз қабули қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароист.