"Зани даъвогар дар куҷост?" Талаби Баҳодур Ҳасанов аз мақомоти интизомӣ

Баҳодур Ҳасанов

Як рӯзноманигору блогери фаъол дар Самарқанд хостааст, ки навори "бадрафторӣ"-и маъмурони милиса бо ӯ таҳқиқ шавад.

Баҳодур Ҳасанов дар моҳи сентябри имсол бо гумони “авбошӣ ва таҳқир” боздошт, ҳудуди 200 доллар ҷарима ва даҳ рӯз аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Худаш рӯзи 7-уми октябр гуфт, ки “маро дар назди хонаамон гирифта, то Шуъбаи корҳои дохилӣ дар даруни мошин латукӯбу таҳқир карданд.”

Вай иддао дорад, ки навори комили латукӯбаш дар ихтиёри Шуъбаи умури дохилии Самарқанд аст. Баъд аз муроҷиати ӯ ба намояндаи Додгоҳ, порчае аз наворро ба ӯ додаанд. Ҳоло талаб дорад, ки навори пурра пешкаш ва таҳқиқ дар ин замина шуруъ гардад.

Блогер порчае аз наворро дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гузоштааст, вале бо сипарӣ шудани қариб як ҳафта ҳанӯз вокуниши расмӣ нест.

"Рӯзи 4-уми октябр намояндаи Додгоҳи олии Узбекистон Зафар Файзиев барои шунидани ҳарфи сокинон ба Самарқанд омад. Ман дар бораи латукӯб ва бадрафтории намояндагони пулис суол додам. Бо дахолати онҳо Додситонӣ пораи наворро ба ихтиёри ман дод ва интизорем, ки баррасиро сар кунанд,” -- гуфт рӯзноманигор ва балогери фаъол.

Ҷаҳонгир Саъдуллоев, сухангӯйи пулиси вилояти Самарқанд, пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Баҳодур Ҳасанов бар асоси шикояти як зан боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми наворбардорӣ зане аз блогер талаб кардааст, ки дар ҷойи иҷтимоӣ навор нагирад, вале дар посух Ҳасанов занро таҳқир кардааст.

"Ман то ҳол дар тааҷҷуб ҳастам, ки ин зан кист ва дар куҷост,” – гуфт Баҳодур Ҳасанов рӯзи 7-уми октябр. Наздиконаш гуфта буданд, ки Ҳасановро барои блогериаш таъқиб кардаанд.

Баҳодур Ҳасанов, писари рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода, дар гузашта дар нашрияи “Овози Самарқанд” кор мекард ва чанд соли охир ҳамчун рӯзноманигори озод ва блогер фаъолият дорад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, бештар мушкилоти мардумро бозтоб дода, аз мақомот ҳалли онҳоро мехост.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Блогери фаъолро дар Самарқанд ҷазо додандБлогери фаъол дар Самарқанд баъди 10 рӯз озод шуд