"Ҷаҳон бо мушкилот рӯ ба рӯст." Таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон

Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон, ки тибқи омор беш аз навад дарсади аҳолияш пайрави дини ислом ҳастанд, субҳи 30-юми март бо баргузории намози дастҷамъӣ шуруъ шуд.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, дар паёме аз мардум хост, ки дасти ёриро ба дармондагон дароз карда, аз низоъву тафриқа ва ихтилофҳо парҳез намоянд.

Як рӯз пеш аз он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз шароити ба гуфтааш “бесуботу буҳронии ҷаҳони муосир” ёд овард, ки “истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст”.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Дар ҳоле ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла камобиву хушксолии пайиҳам ва болоравии нархи маводи ғизоӣ рӯбарӯ гардидааст, мо бояд ба масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятҳои моддиву молиявии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошем.”

Ишораи Раҳмон бештар ба риояи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аст, ки солҳо пеш дар Тоҷикистон қабул шуда, чанд дафъа ба он ислоҳҳо ворид кардаанд.

Мақомот ҳамвора мардумро ба исрофкорӣ дар замони таҷлили ҷашну маросим танқид мекунанд. Баъзе аз сокинон инро дахолат ба зиндагии шахсӣ медонанд ва баръакс аз он норозиянд, ки худи мансабдорон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои расмӣ харҷи зиёд мекунанд.

Аз соли 1991 ба ин тараф ҷашнҳои мазҳабие чун иди Фитр ва иди Қурбон дар Тоҷикистон расман таҷлил мешавад ва бар асоси тақвим рӯзи таътил аст.

Азбаски имсол иди Фитр ба якшанбе рост омад, рӯзи душанбеи 31-уми март дар Тоҷикистон рӯзи ғайрикорист.