Хуршеди 37-сола, омӯзгоре аз ноҳияи Кушониён бо ҳамсараш 10 сол зиндагии муштарак дорад. Дар ин даҳ сол соҳиби фарзанд нашуданд.
Хулосаи табибон “безурётӣ” онҳоро аввал афсурда кард, вале дар ниҳоят ду сол пеш тасмим гирифтанд, аз ятимхона фарзанд бигиранд. Баъди як соли интизорӣ дар навбат, ниҳоят соҳиби духтар шуданд.
Хуршед мегӯяд, Аниса зиндагии онҳоро комилан дигар кард. Хуршед номи мустаори ин муаллим аст, чун ҳоло намехоҳанд, Аниса аз воқеият огаҳ шавад. Аниса яксолаю думоҳа аст ва ҳар як қадам ва ҳаракати тифл мояи хушбахтии волидон мешавад.
Тоби интизорӣ надоштем
Хуршед мегӯяд, мисли бисёр дигар волидони ноумед, нахуст барои гирифтани писари ятим ба мақомот муроҷиат карданд. Маълум шуд, ки талабгори писар назар ба духтар бештар будааст ва барои ҳамин навбат барои гирифтани писар тӯлонист ва онҳо бояд муддати бештар мунтазир шаванд. Вале баъдан гуфтанд, ки ҳама тифл метавонад фарзанд бошад, чӣ духтар ва ё чӣ писар.
"Мехостам, писар гирем, вале барои писар бояд зиёд мунтазир шуд. Тоқати интизорӣ надоштем ва баъди се моҳ ба мо духтар доданд. Духтари навзодро ду моҳ нигоҳ карданд ва ба мо доданд, ки хело дӯсташ медорам" – гуфт, Хуршед.
Ин ҷуфт мегӯяд, ки фарзандхонӣ кори осоне нест, навбат меистед, додгоҳ вазъи иқтисодии онҳоро назорат мекунад, сипас иҷоза медиҳад. Як масъули додгоҳ дар вилояти Хатлон гуфт, ки тибқи қонун фарзандхонӣ аз тариқи додгоҳ анҷом мегирад ва ҳар нафаре, ки барои фарзандхонӣ ариза медиҳад, баъди ҳукми додгоҳ ба ӯ фарзандро медиҳанд, ба шарте, ки шароити нигоҳубини кӯдакро дошта бошад.
Афзоиши муроҷиат барои фарзандхонӣ
Хуршед ва ҳамсараш дар Хатлон ягона ҷуфте нестанд, ки фарзанд гирифтанд, дар шаш моҳи имсол дар Хатлон 220 волидайн кӯдакони ятимро ба фарзандӣ гирифтаанд.
Зинатбӣ Сафарова, сардори Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта гуфт, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта фарзандхонӣ 19 маврид бештар шудааст.
Баҳриниссо Усмонова, ки худаш дар 10-солагӣ ятим монда ба парастории Усмоновҳо ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафтааст, ҳоло дар мактаби ятимони ноҳия парастор аст.
Зани 50-сола мегӯяд, ки назар ба замони шӯравӣ фарзандхонӣ осон шудааст, вале марҳилааш тӯлонитар аст. Барои ҳамин баъзе аз волидон пинҳонӣ ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ фарзандхон мегиранд, ки оқибаташ бад аст.
"Кӯдакро осон ба касе намедиҳанд, месанҷанду мебинанд, ба хонаи кӣ меравад. Ҳоло дар мактаби мо нафароне, ки фарзандхон мекобанд кам муроҷиат мекунад, солҳои пеш зиёд буд" гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Дар шаҳру навоҳии Хатлон фарзандхонии ғайрирасмӣ вуҷуд дорад ва гоҳо бародаре фарзанди навзодашро ба хоҳари бефарзанд медиҳад ва ё баръакс. Исфандиёри Расул, коршиноси ҷавон мегӯяд, ингуна муомилаҳо оқибати хуб надоранд:
"Ҳолатҳое ҳаст, ки намехоҳанд, кӯдаконеро ба фарзандӣ бигиранд, ки маълум нест аз кӣ ҳасту аз куҷо омадаанд. Бидуни ҳуҷҷатгузорӣ кӯдакони наздикони худ, мисли апаю додарро бузург мекунанд, вале баъзан онҳо ба назди падару модари худашон бар мегарданд” – мегӯяд, ӯ.
Айни замон расмиёти зиёд, тамаъҷӯӣ дар ниҳодҳои давлатӣ аз волидони муштоқи дидори фарзанд, сабаб мешавад, ки ҷуфтҳои ҷавон дигар ба дари идораҳои давлатӣ нараванд ва пинҳонӣ кӯдакеро ба фарзандӣ бигиранд, ки масалан дар шифохона касе гузошта рафтааст.
Чаро фарзандонро раҳо мекунанд?
Тибқи гузоришҳои расмӣ дар Тоҷикистон соли 2017 даҳҳо нафар аз фарзандони худ даст кашида ва онҳоро ба ихтиёри давлат додаанд, то дар ҳаққашон ғамхорӣ кунад.
Соли гузашта дар хонаҳои кӯдакони тобеи вазорат, 51 кӯдакеро қабул карданд, ки “волидайнашон аз онҳо даст кашидаанд.”
Аз нисф бештари ин кӯдакон навзодон ҳастанд, ки модарашон баъди лаҳзаҳои аввалини тавваллуд гуфтаанд, ки ӯро намехоҳанд ва беҳтар аст, фарзандашро “ба дасти каси дигаре бидиҳанд, ки ӯро бузург кунаду ба воя расонад.”
Таваллуди хориҷ аз никоҳ, иснод ба номи оила?
Дар умум дар соли гузашта, модарони ҷавон баъди таваллуд дар шифохонаҳои гуногуни Тоҷикистон аз “парастории 33 навзод даст кашидаанд” ва онҳоро ба ихтиёри давлат додаанд.” Яке аз сабабҳои даст кашидан аз тарбияи кўдак дар оила, мушкилоти иқтисодӣ ва моддии оилаҳо будааст, ҳарчанд мавридҳои таваллуди берун аз никоҳ низ кам набудааст.
Дар Тоҷикистон таваллуди берун аз никоҳ барои духтарон “иснод овардан ба шаъни хонавода” ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ духтарони ҷавон дар аксар ҳолат саъй мекунанд, ҳомиладориашон пинҳон бимонад ва ё дар сурати таваллуд аз кӯдак даст мекашанд.
Дар ҳолатҳои дигар ҳарду волидайн ҳам падару ҳам модар аз навзоде даст кашидаанд, ки бо нуқсҳои ҷисмонӣ ба дунё омадаанд.
Ҳолатҳое ҳам будааст, ки зани ҷавоне бинобар тангдастӣ кӯдаки навзодашро баъди таваллуд ва бо муомилаи пинҳонӣ ва гирифтани миқдоре пул ба оилаи мӯҳтоҷи фарзанд додааст.