Парвиз Иброҳимов, масъули созмони "Фонд Таджика", ки кумаки муҳоҷирони тоҷикро ба паноҳандагони мусалмони қавми Роҳинҷаи Мянмар дар хоки Бангладеш расонд, мегӯяд, садҳо хонавода ҳанӯз ҷои зист надоранд ва аз оби ошомиданиву ғизо танқисӣ мекашанд. Ӯ рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмуъ ба 1400 паноҳандаи қавми Роҳинҷа ёрӣ кардаанд.
Раҳбари Мянмар: Қонуншиканҳо муҷозот хоҳанд шуд
Дақиқ намедонем, ки ба суратҳисоби мо кӣ чанд пул гузарондааст. Онҳо шаҳрвандони оддӣ ҳастанд ё тоҷиру муҳоҷир, намедонем
Ин кумакҳо дар тӯли як моҳ аз тарафи муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоби ӯ дар "Сбербанк"-и Русия рехтанд. Онҳое, ки ин пулро хайр карданд, мехостанд, дар лаҳзаи мушкил ба мардуми Роҳинҷа ёрии худро расонанд.
Парвиз Иброҳимов ду ҳафтаи пеш бо пахши наворе дар Ютуб гуфт, ки омодааст, кумаки ҷамъшударо ба паноҳандагон дар Бангладеш бирасонад. Ӯ мегӯяд, маблағи дақиқи воридшударо эълон карда наметавонад, вале дар маҷмӯъ, ҳаҷми кумак "калон буд". Аз ин маблағ, ба 1400 нафар барои як моҳ маводи ғизоӣ харидорӣ шудааст.
“Дар умум мо аз номи мардуми Тоҷикистон кумак расондем. Дақиқ намедонем, ки ба суратҳисоби мо кӣ чанд пул гузарондааст. Онҳо шаҳрвандони оддӣ ҳастанд ё тоҷиру муҳоҷир, намедонем”, - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло дар урдугоҳе, ки паноҳандагони қавми Роҳинҷа қарор доранд, даҳҳо созмон ба кумаки онҳо машғул аст. Пулиси Бангладеш, ба гуфтаи ин ҷавон, ба афроде, ки ба паноҳандагон ёрӣ мекунанд, муносибати хуб доранд. “Бисёре аз хонаводаҳо дар болои лой зиндагӣ мекунанд. Болои сарашон борон меборад. Лекин созмонҳои зиёд ба кумак рафтаанд ва вазъияташон хубтар шудааст”, - гуфт ӯ.
Нигаронии ҷиддии Э.Раҳмон аз вазъи мусалмонон дар Мянмар
Парвиз Иброҳимов мегӯяд, онҳо ба паноҳандагон дар Бангладеш ҳамчун инсонҳои “сахт эҳтиёҷманд” кумак расонидаанд ва сабабҳои паноҳанда шудани онҳо коре надоранд. Парвиз Иброҳимов мегӯяд, тифлони бемор, занони бесарпаноҳ аз манзарҳоест, ки дар зеҳни ӯ нақш бастааст.
Ӯ гуфт, “вақте инҳоро мебинӣ, баъд ба қадри як ватани обод мерасӣ. Баъдан мегӯӣ, ки мо чӣ қадар мардуми хушбахтем, ки соҳиби ватани обод ҳастем.”
Тайи як моҳи ахир беш аз 400 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зӯроварии низомиёни Мянмар ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кардаанд. Ҳодисаҳои Мянмар вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро барангехт. Амрико аз раҳбарони ин кишвар хост, ки ба хушунатҳо поён диҳанд ва барои паноҳандагон имкони расондани кумакҳои башардӯстона ва бозгашт ба хонаҳояшонро фароҳам кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар аввали моҳи сентябр дар як суҳбати телефонӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, ҳодисаҳои Мянмарро маҳкум карда ва онро натиҷаи исломбадбинӣ номид. Ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам аз мардум хост, ки дар ҳаққи мусалмонҳои Мянмар дуо кунанд.
Аммо ҳукумати Мянмар ҳамеша иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад карда ва гуфтааст, ки фақат шӯришгаронро саркӯб карда буд.