Дар ҳафтае, ки гузашт, Матлубхон Давлатов, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав бо Сергей Наришкин, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия мулоқот кард.
Мулоқот дар ҳоле анҷом гирифт, ки масъалаҳои зиёди ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия миёни мақомоти расмии ин ду кишвар ба баррасӣ ниёз дорад. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Шоҳин Самадов, корманди дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи ҷузъиёти бештари мулоқоти Матлубхон Давлатов ва Сергей Наришкин пурсидам:
Самадов: Матлубхон Давлатов бо даъвати Сергей Наришкини ба шаҳри Маскав сафар дошт ва дар мулоқоти дуҷониба муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ гардиданд.
Суол: Чун аз Тоҷикистон шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ дар Русия фаъолият мекунанд ва маъмулан вақте, ки мақомоти расмии Тоҷикистон ба Русия ташриф мебаранд, масъалаҳои марбут ба зисту фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия баррасӣ мешавад. Оё дар ин мулоқот ҳам ҳамин гуна масъалаҳо матраҳ ва баррасӣ шуданд?
Самадов :Ҳамеша дар чунин мулоқотҳо баррасии ин гуна масъалаҳо ҳастанд ва фикр мекунам, ки дар ин вохӯрӣ низ ин масъаларо дида баромаданд. Баъди ин мулоқот ҷаноби Матлубхон Давлатов ба аёдати Алишер Мӯминов-сокини вилояти Суғд, ки дар инфиҷори фурудгоҳи Домодедовои Маскав ҷароҳат бардошта буд, ба бемористон рафтанд. Аз ҳоли бемор хабар гирифтанд ва бо вай сӯҳбат карданд.
Суол: Саломатии ин шахсе, ки ба аёдаташ рафтанд, чӣ тавр аст? Оё вай метавонад то сиҳати комил дар бемористонҳои Русия муолиҷа гирад?
Самадов: Чуноне, ки табибон гуфтанд, вазъи саломатии ин бемори тоҷикистонӣ хавфе надорад. Мулоқот 14-уми ферал баргузор шуд ва вайро бояд 17-уми феврал ба хонааш ҷавоб медоданд.
Дар миёнаи солҳои 1990-уми қарни гузашта замоне, ки муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия оғоз шуд, ҳама фикр мекарданд, ки ин муҳоҷират шояд ду-се сол ё каме бештар аз он давом мекунад. Касе он вақт бовар надошт, ки ин муҳоҷират ба ду даҳсола мерасад. Ҳоло насли дуввуми муҳоҷирон вориди майдони кори Русия шудаанд. Ба ин тартиб, бо тӯл кашидани муҳоҷират, акнун ин раванд масъалаҳои дигари иҷтимоиро ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Тадриҷан сафи ононе, ки дар муҳоҷират дар сохтмонҳо ё корхонаҳои дигари тавлидотӣ дар ҳодисаҳои нохуш қобилияти кории худро аз даст додаанд, афзоиш меёбад. Ба истилоҳ “ноноварон”и хона худашон ба мӯҳтоҷ табдил меёбанд. Вале онҳо на дар Русия ва на дар кишвари худашон Тоҷикистон аз ҳифзи иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд. Дуруст аст, ки онҳо ба таври худҷӯш дар ҷустуҷӯи кор вориди Русия шудаанд ва ҳадафашон таъмини хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон буд ва ҳаст.
Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, дар шароити феълӣ, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия кӯмак ба чунин муҳоҷирон кори сода нахоҳад буд, гарчӣ ин масъала набояд аз мадди назарҳо дур гузошта шавад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ, Боғшоҳи Лашкарбек-таҳлилгари тоҷик дар умури муҳоҷират дар Маскав ҳамин нуктаро таъйид кард:
Лашкарбек: Муҳоҷирони корие, ки ба шаҳрҳои марказии Русия меоянд, аксаран худҷӯш, бидуни кӯмаки хадамоте, ки дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст, бо ихтиёри худ меоянд ва дар ҷойҳое ҳам кор мекунанд, ки аксараш, ҳудуди 70-80 дасрсадаш, шояд иҷозаи корӣ ҳам надошта бошанд. Бинобар ин дар мавриди кӯмак ба онҳо, дар мавриди дифоъ аз ҳуқуқи онҳо чизе гуфтан хеле мушкил аст. Чунки дар шаҳрҳои марказӣ, масалан дар Маскав квота ҳаст барои хориҷиён, ки ҳудуди 200-250 ҳазор хориҷиён метавонад кор кунанд. Аммо дар Маскав шояд аз якуним то 2 миллион муҳоҷир кор мекунанд. Аксараш берун аз квота аст ва бинобар ин роҷеъ ба дифои ҳуқуқи онҳо ҳам гап задан хеле мушкил аст. Аввалан корфармое, ки вайро ба кор гирифтаааст, вайро сабти ном накардааст ва аз корфармо чизе талаб кардану гирифтан мушкил хоҳад буд. Дуввум, давлати Русия мегӯяд, ки ман шуморо даъват накардаам. Онҳое, ки расман кор мекунанд ва иҷозаи корӣ доранд, ба онҳо дар сурати зарурӣ кӯмак мерасонанд. Ин он чизест, ки ман медонам. Масалан, агар аз ҷое афтод, лат хӯрд ё мариз шуд, ба ҳар ҳол пуле барояшон ҷудо мекунанд.
Суол: Фикр намекунед, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳар ҳолат вуруди муҳоҷирон ба Русияро то андозае қонунӣ кунад, ки ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон барои худи онҳо имконпазир бошад. Яъне вақте, ки қобилияти кории худро гум мекунанд, худашон тавонанд аз худ дифоъ кунанд?
Лашкарбек: Метавонад инро бикунанд, вале дар ин ҷо ман як мушкилро мебинам. Ман баъзе шахсонро мешиносам, ки тавассути баъзе ширкатҳо, ки маълум нест онҳо расмӣ ҳастанд ё нестанд ба ин ҷо ба кор омадаанд. Баъзе аз ин муҳоҷирон баъд аз омадан ба ин ҷо фиреб хӯрдаанд. Ба ҳамин сабаб онҳо худашон барои худ кор меҷӯянд ва соҳибихтиёр мешаванд. Масалан, агар давлат мисли Туркия, ки дар ин ҷо ширкатҳо дорад ё мисли шаҳрвандони Югославияи собиқ , ки дар ин ҷо кор мекунанд, онҳо аз тарафи давлат меоянд ва дар миёни онҳо коргари ғайнриқонунӣ нест. Ҳамаашон қонунианд ва дар ин ҷо ҳам ҳали мушкили онҳо осон аст. Аммо мо тоҷикон дар ин ҷо на як ширкати сохтмонӣ дорем ва на як созмоне, ки муҳоҷирони кориро даъват кунем, бо ҳукумат ё бо ширкатҳо қарордод бандем. Муҳоҷирон бо ихтиёри худ меоянд ва дар ин ҷо ба дасти баъзе ҷаллобон меафтанд. Ҷаллобон метавонанд онҳоро ҳамчун қувваи корӣ бифурӯшанд.