Душанбе ба мизбонии се ҷаласаи баландпоя омода мешавад. Нахуствазири Покистон дар ҷараёни дидори дурӯзааш аз Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар масоили тавсеаи равобити дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энерҷӣ, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ мекунад.
Ҳамчунин, мақомоти Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе раванди иҷрои тарҳи энерҷии “CASA-1000”-ро баррасӣ карда ва сарони Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар атрофи масоили амнияти минтақа баҳс хоҳанд кард.
Ташдиди тадобири амниятӣ дар остонаи ҳамоиши Душанбе
Дар арафаи якбора се ҷаласаи баландпоя дар Тоҷикистон, чораҳои амниятӣ дар шаҳри Душанбе шадидтар шудааст. Вебсайти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл сокинонро огоҳ кард, ки рӯзи 6 июл бинобар баргузории “чорабиниҳои лоиҳаи “CASA-1000”аз соати 6 то 18-и рӯзи 6 июн ҳаракат аз маҳаллаи “Варзоб ГЭС” то Такфони ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар масири Душанбе-Хуҷанд маҳдуд хоҳад шуд.
Шабакаи “CASA-1000” 1222 километрро ташкил медиҳад ва аз ин шабака 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол меёбад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ронандагон ва шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ин рӯз аз сафар дар ин масир худдорӣ кунанд. Яъне, серрафтуомадтарин масир, ки манотиқи шимоли Тоҷикистонро ба марказ-Душанбе мепайвандад, муддати 12 соат масдуд хоҳад шуд.
Барои тарҳи “CASA-1000” субот муҳим аст
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 5 июл Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо як дидори расмӣ вориди Душанбе шуда ва рӯзе баъд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Сооронбой Жэнбеков, нахуствазири Қирғизистон низ ба манзури ширкат дар ҳамоиши “Чоргонаи “CASA-1000”, ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Дар ин нишаст мавзӯи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Узбакистон ба Афғонистону Покистон низ матраҳ хоҳад шуд.
Ҳарчанд тибқи маълумоти расмӣ, мавзӯи ҷараёни тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “CASA-1000” дар меҳвари ҳамоиши мақомоти баландпояи Покистон, Афғонистон, Қирғизистону Тоҷикистон қарор дорад, вале коршиносони дохилию хориҷӣ муътақиданд, ки муваффақияти аввалиндараҷа ва ниҳоии он ба вазъи амниятии минтақа, бахусус, Афғонистон иртиботи қавӣ дорад.
Дар назар аст, Навоз Шариф зимни як дидори ҷудогона бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар канори густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин ду кишвар масоили амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ин дуюмин сафари Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон дар ду соли ахир аст. 12 маи соли 2016 дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон маросими расмии оғози кор дар тарҳи CASA-1000 баргузор шуд.
Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон ба Радиои Покистон гуфтааст, дар ҳамоиши Душанбе бо ширкати мақомоти баландпояи Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамоҳангсозии машваратҳои Покистону Афғонистон дар заминаи механизми сулҳу субот дар минтақа матраҳ мешавад.
Аз Сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадафи аслии дидори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз Тоҷикистон ширкат дар ҳамоиши “Чоргонаи “CASA-1000” -- Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар заминаи интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ хоҳад буд. Ҳамзамон ин манбаъ гуфт, ки имкони баррасии масоили амнияти минтақа, бо шумули равобити миёни Афғонистону Покистонро дар чорчӯби ин ҳамоиш баъйид намедонад.
Ниёзи Покистон ва Афғонистон ба барқи Осиёи Миёна
Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси масоили минтақавӣ мегӯяд, ки иҷрои тарҳҳои бузурги байналмилалие чун “CASA-1000” ба масоили амниятӣ бастагӣ дорад ва Афғонистону Покистон ба далели ниёзашон ба нерӯи барқи воридотӣ барои мушкили мамниятӣ талош хоҳанд кард.
"Дар ҳамоиши Душанбе тамаркуз рӯи ҳамкории энергетикӣ буда, аммо масоили амниятӣ ҳатман дар ин ҷо матраҳ хоҳад шуд. Бахусус, равобити Афғонистону Покистон. Зеро тафоҳум миёни ин ду кишвар дар масоили амниятӣ бисёр муҳим аст. Агар дар заминаҳои дигари амниятӣ Афғонистону Покистон ба тавофуқ нарасанд, вале дар масъалаи бунёди хатти барқи “CASA-1000”, ки ин ду кишвар ба он ниёз доранд, ба мувофиқа мерасанд”.
Маросими оғози кор дар тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар моҳи майи соли ҷорӣ бо ширкати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷрои ҳукумати Афғонистон, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сооронбай Жеенбеков, нахуствазири Қирғизистон баргузор шуд.
Дар пайи шурӯи корҳо дар ин тарҳ, Аннет Диксон, муовини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ гуфт, тарҳи мазкур як манбаи доимии даромад барои Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда ва барои рушди иқтисодии Афғонистону Покистон равона мешавад. Арзиши ин тарҳ 1,1 миллиард доллар буда, барои пуштибонии молии он, 7 ниҳоди байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Шабакаи “CASA-1000” 1222 километрро ташкил медиҳад ва аз ин шабака 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол меёбад. 300 мегавати он дар Афғонистон мемонад ва 1000 мегавати дигар ба Покистон меравад.
Нишасти сеҷонибаи Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон
Аз дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти сарони Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор ва дар он масоили ҳамкориҳои дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар назар аст, дар ин ҳамоиш масъалаи мусоидат ба талошҳои Афғонистон дар роҳи дастёбӣ ба сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, муборизаи муштарак алайҳи чолишҳои амниятии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, матраҳ шавад. Дар поёни мулоқоти Душанбе изҳороти муштарак мунташир хоҳад шуд.
Имкон дорад Тоҷикистон дар шароити феълӣ дар ҳалли мушкилоти Покистону Афғонистон ва беҳбуди равобити ин ду кишвар нақши миёнҷиро иҷро кунад? Ба эътиқоди Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, Тоҷикистон барои касби обрӯю эътибори байналмилалӣ дар ин росто талош хоҳад кард, аммо баъйид аст, ки ҷонибҳо дар мулоқоти Душанбе дар рафъи ихтилофот ва беҳбуди равобити тираашон ба пешрафтҳои чашмгире ноил шаванд.
"Ихтилофоти Покистону Афғонистон таърихи 110-сола дорад ва борҳо ин мушкил бо миёнҷигии кишварҳои дигар баррасӣ шуда, аммо дар ҳалли он пешрафте нашудааст. Дар минтақа кишварҳои абарқудрат манфиатҳои худро доранд ва агар онҳо бо ҳамдигар ба мувофиқа расанд, роҳ барои ҳалли мушкили Покистону Афғонистон, дар маҷмӯъ таъмини амнияти минтақа боз хоҳад шуд".
Зимнан, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Остона дар моҳи гузашта Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот карда ва ба гуфтаи мақомоти Покистон, дар пайи он равобит миёни ин ду кишвар то андозае беҳбуд ёфта буд.
Дар остонаи мулоқоти Душанбе Навоз Шариф ва Ашраф Ғанӣ дар кишварҳояшон зери фишори додгоҳу мухолифон қарор доранд. Тибқи гузоришҳои расида аз Покистон, Навоз Шариф бо хонаводааш ба иттиҳоми фасоду пулшӯӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.
Ба Ашраф Ғанӣ бошад мухолифонаш фишор меоранд. Бар асоси гузоришҳо, генерал Рашид Дӯстум, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон, Атомуҳаммад Нур, волии Балх, Салоҳиддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва вазири умури хориҷӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини аввали раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, дар шаҳри Истанбули Туркия алайҳи ҳукумати Кобул эътилофе ташкил кардаанд.